Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:16

HRW аз Раҳмон хост, ба ваъдаи додааш дар Брюссел вафо кунад

22 октябр 2013, 09:27

Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи 22 октябр бо пахши як иттилоия аз нақзи қонун ва меъёрҳои байналмилалӣ дар фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Ин созмон мегӯяд, Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи мухолифин дар пайи фишору монеасозиҳои ҳукумат аз маъракаи интихоботӣ берун шуд. Ҳю Уилямсон, мудири ин созмон дар Аврупою Осиёи Марказӣ, гуфтааст, “ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои он ки шароитро барои шунидани ҳамаи тарафҳо фароҳам кунад, аз саркӯб намудани намояндагони мухолифин кор гирифтааст.”

Human Rights Watch дар иттилоияи худ навиштааст, ба ҳолати 21 октябр, шаш номзад ба мақоми президентӣ боқӣ мондаанд, ки якеашон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон мебошад. Дидбони ҳуқуқи башар таъкид мекунад, ки ҳамаи рақибони Раҳмон дар интихобот ҳимоятгари сиёсати ӯ ва ҳукумат ҳастанд.

Ин созмон меафзояд, фишор болои мухолифини ҳукумати феълӣ, аз ҷумла боздошту тарс додани роҳбарони мухолифин дар дохилу хориҷ, махсусан давоми як соли охир рӯ ба афзоиш аст. Дидбони ҳуқуқи башар дар муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи дар Брюссел додаашро, ки гуфт, кафолат медиҳам, интихоботи президентӣ шаффофу демократӣ мегузаранд, хотиррасон карда, даъват намудааст, ба ваъдаяш вафо кунад.

Human Rights Watch боздошти Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро дар Дубай, Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ нахуствазири Тоҷикистонро дар Украина, нопадид шудани Салимбой Шамсиддинов, раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлон, боздошту ифтитоҳи парвандаҳо алайҳи Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, латту кӯби Маҳмадалӣ Ҳайит, ноиби раиси ҲНИТ ва дигар ҳолатҳоро зикр карда, ҳамаи онро талоши ҳукумати феълӣ барои маҳдуд кардани озодиҳо дар арафаи интихобот ва фишор ба мухолифин унвон кардааст. Ин созмон аз ҳукумат даъват намудааст, таъқиби мухолифонро қатъ намояд. Дидбони ҳуқуқи башар таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон тақрибан телевизиони мустақил нест ва дар шабакаҳои давлатӣ танҳо таърифи ҳукумати феълӣ роҳ ёфта, ба назарҳои интиқодӣ ҷой дода намешавад.

Human Rights Watch аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон даъват намудааст, иқдоми ҳукумати феълии кишварро маҳкум кунанд ва таъкид намоянд, ки сатҳи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз он вобаста хоҳад буд, ки ҳукумат то куҷо ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишварро таъмин мекунад: “Вашингтон, Брюссел ва шарикони дигари калидӣ бояд ба Душанбе паёми рӯшан фиристанд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар арафаи интихоботро таъмин кунад. Бигзор ҳукумати Тоҷикистон донад, ки ҷаҳон ҳамаи корҳояшро дида истодааст.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • А

  • 22 октябр 2013 09:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост аст.точикистон ватани хамаи шахрвандонаш аст наинки 10 фоизи он.
Посух додан
  • Durud

  • 22 октябр 2013 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Human Rights Watch набояд бо изхорот махдуд шавад, бояд мунтазам ба кишвархои чахон ин андешаро дар зехн чой бидихад, ки вакте хукумати Точикистон аз хисоби грантхои Амрикову Аврупо пойдор аст, бояд ба арзишхои инсони низ эхтиром коил бошад, яъне авлавиятхои ин кишвархоро дар ин самт ба инобат гирад, мухимтар аз хама шахрвандони худро аз зулм эмин нигах дорад.
Посух додан
  • Хонанда

  • 22 октябр 2013 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хобатонро ба об гуед хукумати мо зур аст натанхо Вашингтону Брюссел балки чахонро хам фиреб медихад инро тамоми чахон медонад.
Посух додан
  • Xurshed

  • 22 октябр 2013 10:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
E odamo bovar nakunen i organizatsiyada, ino sentrshon Washingtonay, ku yabor yagon namoyandai hamin organizatsiyara pursren ki vaxti intixobotshonda yagon kasa ham4un namoyanda da'vat mekunan? ma medonm inora ,, ino daje rah nametan intixobotshonda yagon namoyandai xorijira oli da'vat usu besta ,,,ILTIMOS BOVAR NAKNEN INODA << With Love From WashingtonА,
Посух додан
  • Мухтор

  • 22 октябр 2013 12:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин изхорот. Сад дар сад рост гуфтаанд, дар Точикистон хеч вакт интихоботи шаффофу демократи баргузор нашудааст.
Ин хизбхое,ки ба интихобот рох ёфтаанд,хамааш кисаги мебошанд ва онхо барои ХХДТ хеч вакт монеъа ичро карда наметавонанд ва мардум аз ин хизбхо тарафдори намекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаро байкот эълон намекунанд ?
Посух додан
  • Dangara

  • 22 октябр 2013 13:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин "БАЙКОТ" чи маъне дорад.?
Посух додан
  • мухлиси шумо

  • 22 октябр 2013 18:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Созмондихандагони Торномаи озодагон
Чаноби Дидбони ҳуқуқи башар фолбин аст, кт ҳамаи рақибони Раҳмон дар интихоботро ҳимоятгари сиёсати ӯ ва ҳукумат мехисобад.
Шумо дидед, ки Бобоназароваро аъзоёни ХНИТ нахостанд. Вагарна номзади онхо якум марафони аввалро мегузашт.
Дигар бузбози чи лозим аз номи Дабиру Кабир.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!