Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Кашфи ду фоҳишахона дар Душанбе

22 октябр 2013, 11:36

Дар шаҳри Душанбе ду хонае ошкор шудаанд, ки дар яке истеъмоли маводи мухаддир ва дар дигаре танфурӯшӣ роҳандозӣ шудааст.

Тавре аз Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар доданд, соҳиби хонаи марбут ба истеъмоли нашъа, сокини 37 солаи пойтахт буда, қаблан барои маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар хонаи дуюм, соҳиби бекори он, хонаашро барои даюсӣ ба иҷора дода буд: “Дар лаҳзаи санҷиш дар хона се зани аз 17 то 46-сола, ки аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба пойтахт омада буданд ва инчунин се мард қарор доштанд.”

Оҷонсии назорати маводи нашъадор мегӯяд, феълан нисбати соҳибхонаҳо парвандаи ҷиноятӣ барои ташкил ва нигоҳдории фасодхона оғоз шуда, барои тарк накардани ҷои истиқомат аз онҳо забонхат гирифта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 1

  • 22 октябр 2013 13:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо чарима иктифо накарда, барои ташкили чунин фасодхонахо мизочон, сохибхонахо ва хам хизматкунандахоро ба махбас равона кунед. 17 сола ноболиг аст холо, лекин фохишаги мекунад. Ба кучо равонем, хой мардум?
Посух додан
  • кулоби

  • 22 октябр 2013 13:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
1,
Чи хеле ки мегуяд шукронаи давлат кунед шукронаи тенчи кунед ки чунин давлат дорем. 17 сола е 46сола аст коратон набошад шукрона кунед тамом.Ин фиркхои ман нестан ин натичаи хулосахои ман аз сиесати хукумати Точикистон аст.
Посух додан
  • Дилёб

  • 22 октябр 2013 14:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ҳайрон мешавам, ки пас аз дастгир ва маҳкам кардани ингуна фоҳишахонаҳо ин кормандони органи мо худашон маъшуқаҳояшонро ба куҷо мебурда бошанд? Охир мо медонем ку аз ҳама бештар ҳамин кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиноро дуст медоранд. Боз ҳам медонем, ки чигуна фоҳишаҳо бо онҳо ҳамкори мекунанд.
Посух додан
  • комил

  • 22 октябр 2013 14:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале! Шукрона кунед,ки дар давлати сохибистиклоли дунявии ташкилкардаи Рахмон зиндаги дорем.Агар Рахмон намешуд ин хел ходисахову корнамоихои кахрамононаро таърих ед намедод.як авгони пойлуч дар ватани худ кадр надошта дар тоикистони мо омада даст ба фасоди духтари покдомани бокираи точик мезанад.точики мо бошад сарсону саргардон дар паи як бурда нон берун аз ватан.ана давлату давлатдори.
Посух додан
  • ман

  • 22 октябр 2013 16:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
баъзе мардхои афгон, махсусан ба хамин ният Точикистон миян. Ин як шармандаги. Танфуруши ватанфуруши!
Посух додан
  • Ozod

  • 27 октябр 2013 08:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
IN HAMA MASULINI KALONI MO DAR JOI KORASHON VA USTODONI MO DAR DONISHGOHHO VA JAVONON DAR DISKATEKAHO OZODONA IN KORHO RO MEKUNANAD!! HICHI GAP NAMESHAVAD?? YO DAR VARZOB?!!
YO KHUDI MASULIN MAVODI MUKHADDIR RO VORIDI TJK MEKUNANAD VA BA JAVONON PAKHSH MEKUNANAD!!! KUJOST OJONSI NAZORATI MAVODI NASHADOR???!!!

VAQTI KI BA JAVON IJOZAI MASJIDRAVI NAMEDIHAND JAVON HATMAN BA IN ROH KASHIDA MESHAVAD!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!