Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:56

Даъвати Қувватов барои бойкоти интихоботи президентӣ

22 октябр 2013, 14:55

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки ахиран аз боздоштгоҳе дар Дубай раҳо гардид, бо нашри як изҳорот аз гуруҳҳои мухолифи Тоҷикистон даъват кардааст, то ба ҳам оянду интихоботи президентии 6 ноябрро таҳрим ё худ бойкот кунанд. Қувватов дар изҳороте, ки 22 октябр пахш кард, гуфтааст, “имрӯз замоне расида, то ҳамаи мо ба ҳарзагӯиҳои пешзаинтихоботии бархеҳо гӯш надода, тақдири хешро ба даст гирем”.

Раҳбари “Гурӯҳи 24” аз он ибрози таассуф намудааст, ки имрӯз сиёсат барои аксари сиёсатмадорони тоҷик тиҷорат гардида, бештари онҳо вуҷуди худро ба “баракат”-и Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, медонанд. Ба андешаи Қувватов, ин хомӯшӣ ва бетафовутии мардуми тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон имкон додааст, ки ба худ масуният касб кунад.

Қувватов мегӯяд, “ҳукумати феълӣ вонамуд мекунад, ки ғамхори миллат аст. Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз як сол пеш қарордод оид ба ворид шудани маҳсулоти нафтии Русия дар як сол то ҳазор тоннаро бе боҷи гумрукӣ имзо карда буд. Аммо сабаб чист, ки мо ҳоло ҳам татбиқи онро дар амал намебинем? Албатта, посух ба ин суол бисёр оддист: қабилагароӣ ва авлавияти манофеи шахсӣ.”

Дар охир раҳбари "Гурӯҳи 24” аз тамоми мардуми тоҷик барои дастгирияшон дар замони дар боздоштгоҳи Дубай ҳузур доштанаш миннатдорӣ карда, раҳоии худро боз як пирӯзии мардуми тоҷик хондааст: “Аз ҳамаи мардуми тоҷик сипосгузорам, ки ба ман эътимод карда, дар сахттарин лаҳзаҳо ман ва хоанаводаамро танҳо нагузоштанд.” Умаралӣ Қувватов тобистони соли 2012 дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро - бар ӯҳда дошт.

Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, аз боздошт раҳо гардид. Вале мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, қазияи Умаралӣ Қувватов ниҳоӣ нашуда, додгоҳи Дубай низ дар ин бора ба онҳо чизе нагуфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • сахи

  • 22 октябр 2013 17:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамватанони азиз
Имруз ахзоби сиёсии Точикистон маданияти баланди сиёсии худро нишон дода, муборизаи сиёсиро хуб дарк кардаанд. Тайи чанд муддат пешниход ва норозигии хизбхои сиёси ва баъзе пешниходхояшон вокеияти демократи доштани фаъолияти онхоро нишон дод.
Вале дар ин мархала Куватоли барин ашхоси бе ватани Додочон Атовулоев-2, ки ягон хукуки маънавии даъватхои бемантику беасос карданро надорад, чори бехуда мезанад.
Ман уро нагз мешиносам ва медонам, ки аз у танхо хиёнаткори ин миллат буд ва мемонад. Ин одам барои миллати точик хеч гох некиро намехохад. Танхо бастахои долари карзи беруни ва доим дар таъкиб буданро дуст медорад. Кувватали ту ва магзи мургии ту тира шудаааст, окубат саратро мехурад. Ту муносиби чунин рекламахо нести. Аз бачаги неудачник буди-ку. Инро хуб медони. Агар тозаву поки танхо бигуй ки бо кадом рох ва пулхо аз Дубай халос шуди. Спонсорхоро кушо сираша
Посух додан
  • Намуна

  • 22 октябр 2013 22:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сахи,
ту худ боз ки хасти ягон хизматгори сиёсатмадоре ки айни хол дар сояи демократо ... сохиби вазифа хастанд...ба тухам 5-10- дирам дода фиребат мекунанд Додочону Куватали харчанд дар ватан набошанд хам шояд корхои ношоям ба мисли фармонеро ба мачбури ичро кардаанд.. амо инхо ду нафар хело чизхое махфиро ба мардум расониданд ва чизе ки гуфтаанд 90 % рост гуфтаанд. winked
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ва раҳматуллоҳ! Умаралӣ ду номи саҳобаро дорӣ ва зоҳиран мусалмонӣ, ақидаи хавориҷи дорӣ! аз Худо битарс ва мардумро ба фитна ва ошуб даъват накун. Аз зиндон раҳо шуди шукри Худо намо ва ба тиҷорати худ машғул шав, ҳангоми тиҷорат дар Тоҷикистон он қадар ғамхори миллат набудӣ, ки имрӯз аз берун ғамхори менамои, мисли Атовуло Додоҷони хавориҷи- дунявӣ фитна наандоз.Умедворам, ки суханони маро мехонӣ.
Посух додан
  • пример

  • 23 октябр 2013 12:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба маймуна
Ман хеч гох ба ягон кас хизмат накардаам ва намекунам. Ва медонам, ки аз кадом кабинету сайт ту чунин фарсхоро менависи. Бидон ё мард бош ё зан ки чунин одамон бидъату ношукранд Ва обруро анахамин хел бо рекламахои 4 сума мехаранд. Хамин дастгирии туро дар як сум нарх намегиранд. Хайфт бо ту баринхо чавоб навиштан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагони гироми! Хамин бародар Кувваттов ба чузъ аз насабаш (кувват) дигар ягон имконоте надорад, ки мазмуни тавоноиро дошта бошад. У бояд аз ин изхори назари мою дигарон хафа нашавад.
Хатто хамин сатре, ки дар матн ба сифати нутки айннан наклшудаи у оварда шудааст: "хукумати феъли.......хавлавияти манофеъи шахси", харгиз махсули эчоди афкор ва ё зикри у нест. Ин ва чунин андешахо (аслан нокис ва аккалан аз нигохи шакли зохири мураттаб) хеч гох дар косаи тафакури у намегунчанд. Сиёсат бо вучуди хама гуна гализии хеш, фронти муковимати ашхоси бо донишу фахм ва тачрибаю иродаи матин мусаллах, мебошад. Мо хамагон бояд аз гуногунандешии сиёси, озодии баён, тахамулпазири, маърифат ва фитрати сиёси чонибдору бахравар бошем. Барои миллати точик тухми андешаю шахсият накандааст, ки харкию харчиро хоху нохох манзур дошта бошем.
Посух додан
  • Чамики Восеги

  • 23 октябр 2013 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умар Али Саткаи номи сахобахо шави. Вакти дар Точикистон буданат чаро хомушакак буди акнун ки бе пул шуди нав дар фикр зади ки чи хел кунам боз сохиби пул шавам. Ту дар Точикистон буданат бо мошинхои киматбахо катаги карда мегашти акнун ки бе пул монди худро гамхори халк мегири. Мардуми точик хамаашро нагз медонад. Хамсояаат аз гуруснаги мемурд ту парво надошти. Чи хеле ки мегуян ХУДАМ СЕРАМ ГУРУСНА БА ..... Акнун нав худатро гамхори халк мегири.
Посух додан
  • tojik

  • 27 октябр 2013 11:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
mo tojikon bezorem az in jangxohon.
Посух додан
  • tojik

  • 28 октябр 2013 10:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ami umark devonahai dar hakikat?chiba dar videoi afgoniston utari raks mena.

in devona neyuuu jinicha ast.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!