Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:34

Асадуллоев: Расули Амонулло дар беморхона бозпурсӣ мешавад

22 октябр 2013, 15:03

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 22 октябр бо нашри чанд акси Расули Амонулло -- писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, ӯ аз Олмон ба Душанбе оварда шуда, айни ҳол дар бемористон табобат мегирад. Расули Амонулло яке аз гумонбарони аслӣ дар садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбест, ки се кушта бар ҷой гузошт.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, Расули Амонулло ҳоло дар беморхона ба пурсиши муфаттишон дар бораи садамаи 9 октябр посух мегӯяд.

Дар пайи ин садамаи Расули Амонулло, ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 Аловуддин Саидови 22-сола, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон ҷон бохтаанд. Мусофирони дигар Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Маҳкам Шокиров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло ҳам дар беморхона бистарӣ мебошанд.

ВКД мегӯяд, айни ҳол вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садама Умар Шарифов чораҳои мушаххас андешида мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • А

  • 22 октябр 2013 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вкд мегуяд,хеч кас бовар надорад.ходисахоеки чанд мохи охир рух доданд аз кабили куштори оила дар дехаи чоркух дар бобочон гафуров,раиси кони ангишт вагaйра хабаре нест.боз ин ходисаки ба хама маьлум аст мегуянд тафтишот идомааа дораааад,!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Диван ва подушка худаш мегуяд, ки инчо шифохона нест. Хахахаха
Посух додан
  • парвина

  • 22 октябр 2013 15:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ачоиб ин дар кадом беморхона бошад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
неееееееееееееее беморхона лекин дар Точикистон не ин беморхона муфатишон бо ин Расул онлайн (ха ха ха) пурсишхо гузаронидан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кадар бадбини да вучуди ин мардум аз кучо пайдо шуда бошад охир Хукумов ба Шумо чи бади кардаст хама медонем ки ходисаи мазкур баркасдона набуда ягонаи мо аз садамахои наклиёти эмин нестем. Дар Точикистон магар дигар мушкилот вучуд надорад хамаи мо бояд вокебинона нависем Иншоооллох шахси гунахкор дар назди конун чавоб мегуяду хак ба хакдор мерасад. Рузноманирон бояд низ вокебинома мушкилоти мардумро нишон дихан на бо як мансабдору писараш тамоми сахифахои худро пур кардан.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Далер ин мардум маст шудагии аз Худо тарсидан дар кор товба кардан даркор тахкидне и мардуми мо бегарзи гапи бад дигар ягон гапи хуб надоран(хайчи баччаи Хукумов авари кард тамом Худо дод).
Посух додан
  • Точикбача

  • 22 октябр 2013 19:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Далер ва Восит гуфтаниам, ки агар ин ходиса (Худо нишон надихад) ба сари падари Шумо ё писари Шумо меомад, чи кор мекардед? Чаро дар назди қонун бояд танхо камбағалон чавоб диханд? Бигзор мансабдорон низ азоби фарзандро бикашанду баъд азоби он модарону падаронро, ки солхо боз дар кишвархои хорича мухочиранду модарону падарөнашонро надидаанд бифахманд.
Посух додан
  • Мардум

  • 22 октябр 2013 21:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аксарияти мардуми ТОЧИКИСТОН камбагаланд ва 'намояндагони интихобкардаашон'-у мансабдорон ба додашон дар ягон масъала намерасанд ба болои ин аз мастии маишату мансаб фарзандони окимардумашон чиноятхо содир мекунанд.Магар он се чавони халокшуда аз зиндагй бахраманд шудан намехостанд, ба мисли Хукумову Далеру Восит. Аз додгох мегурезонедаш то замоне, дар пусти худ чунин ходисаро насанчед!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Восит аа Далер! Агар мардум дар ин холат хомуш меистод, ин чавон боз сайру гашти худро дар кучахои шахр, бо шиками серу лаби хандон давом медод - бебахс! Хол он ки, ягон шахрванди одди мебуд кайхо дар даруни панчара менишаст. Ин яке аз далелхои суханони болозикршудаи ман мебошад... хангоме, ки макомот хомуш меистаду чашмро нисбати конуншиканихо мепушад, мардум албатта бо овози баланд садо мебарорад! Зеро, конун барои хама навишта шуддааст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар куча букагиша мебини ... дар инча ранги бечорахакай
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо ин рузро ба сари касе набиёрад касе ки чунинрузро ба каси дигар орзу мекунад у мусалмон нест. Дар инчо тамоми камбуди дар он аст ки хар кас мехохад гаразхои шахсии худро пиёда кунад хатто шахси вафотнакардародар сайти озоди навиштанд, ки вафот кардааст агар фарзанди хамин рузноманигоро нависанд у чи мегуяд ВКД низ бояд бемасъулият набошад камерахои насбкарда шахри бехатар хамаро сабт карданд бигзор камераро ба хама нишон диханд то хама донанд ки гунахкор кист максади ман Химояи Хумову писараш ё дигар мансабдори дигар нест аммо ВАО бояд мушкилоти мардумро гуяд бо далел гап зандад ай кафои Хукумову писараш чи пойда мегрданд танхо аз ВКД камерахоиро талаб кунанд хамаш маълум мешавад. Шумо хаёде кардед, ки хамаи журналистон бегаразанд пас барои чи камбудии дигар мансабдоронро наменависанд менависанд ба шарте ки ракиби у агар ба онхо пачкахои долларо дихад
Посух додан
  • Шахноза

  • 20 феврал 2014 19:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Люкс беморхонаи рохи охан. Сари вазифаи падарша хурд

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!