Бахшҳо
30 июл 2011 07:09Дидгоҳи хос

НАВБАТ

Ба назар мерасад ҳама навбат мепоянд.

Аммо на ҳамеша навбат поиданҳо боиси ба мақсад расидан мешавад. Гузашта аз ин бархе навбат поиданҳо боиси ноумедӣ ва ҳатто таҳқири инсон мегардад.

Шояд дар ҳама ҷои дунё чунин бошад. Ахиран нависандаи ин сатрҳо шоҳиди навбат поиданҳои даҳҳо ҳазор инсон, ки аз гӯшаву канори мухталифи дунё омада буданд, назди дарвозаи бинои ибодатгоҳи "Модар-София" ва осорхонаи Усмониҳо дар Истанбул буд. Вале ба назар мерасад дар Тоҷикистон навбат поидан дар ҳоли табдил шудан ба як ҳолати рӯзмарра қарор дорад. Беш аз ин метавонад ифодагари вазъи ҷомеа бошад.

Соле чанд муқаддам барои нон навбат истоданҳоро хеле аз ҳамватанони мо шоҳид буданд ва шояд худ низ дар сафи ин навбат будаҳо ҷой доштанд. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки нон ҳамеша рамзӣ шикамсерӣ аст, мешавад чунин натиҷа гирифт, ки он навбат поиданҳо барои пур кардани шикам буд. Нафароне, ки ба ҷаҳон аз дидгоҳи маънавӣ менигаранд, кам пеш меояд, ки навбат поидан барои шикамро ҷонибдор бошанд ва берун рафтан аз онро дастовард биҳисобанд. Агар чунин набуд, Мавлои Балх намегуфт: "Ман нур хӯрам, ки қути ҷон аст". Яъне нур ба олами маънавӣ, ба фариштаҳо, ба Худо пайванд дорад ва ҷон низ амонати Худост дар тани инсон. Пас, ин дуро фақат бо пайванд додан бо ҳам метавон қонеъ ва тавҷеҳ кард.

Дар ин миён навбат поидани насли ҷавон барои ба дӯши худ гирифтани бори масъулият ва адои рисолати худ дар назди миллат гоҳо нодида гирифта мешавад ва гоҳ ҳам монеъаҳои зиёде дар ин роҳ ба вуҷуд меоваранд. Банда, ки худ хоставу нахоста таи муддати наздик ба си сол шоҳиди зиндагии сиёсиву сиёсатмадорон ҳастам, то ҳол ҳеч вазиреро надидам, ки барои худ ҷойгузин тарбият карда бошад. Баръакс даҳҳо мисол медонам, ки ҷавонони соҳибистеъдодро бо сад баҳона аз кор барканор кардаанд, то мабодо чанд гоҳе баъд ҷои вазирро нагирад. Агар содатар бигӯям расми навбат дар ин ҷо риоят намешавад, балки соҳибмансабҳои мо намехоҳанд онро риоят кунанд. Онҳо худро беназир медонанд ва ба ҳеч ваҷҳ розӣ нестанд каси дигаре ҷойгузинашон шавад. Аз сӯи дигар чун мансабро манбаъи таъмини зиндагӣ ва рифоҳ барои худу хонаводаву хешу табори худ медонанд, ҳатто тасавури касеро дар ҷои худ дидан барояшон баробар бо фоҷеа мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки таи чанд соли ахир ҳеч вазире мансабдори радаи боло низоми идора ба вуҷуд наоварда ва беш аз ин вуҷуди худаш ниҳоди таҳти роҳбарияш сахт вобаста аз руҳия ва тасмими шахси аввал аст. Бадеҳист, агар низоми идора месохт, аз як тараф нишони арзандаи ин вазифа будани он шахс бошад, аз сӯи дигар тазмини идомаи барномаҳояш хоҳад буд. Вале оё инҳо барномае доштанду доранд? Оё ҳеч ташаббусе мардумӣ ва фарогир шуда, ки пешниҳоди ин вазирону мансабдорони радаи боло бошад? Дар ин росто мушоҳида мешавад, ки ҳама навбатро ба шахси аввал вогузор кардаанд. Албатта ин ҷо сӯҳбат сари мусбат ё манфӣ будани ин падида ё ҳолат нест, балки фақат як ишора буд ба воқеияти рӯзгор. Бо ин вуҷуд таъкиди ин нукта ҷоиз аст, ки бояд мисли ҳама бахши зиндагӣ дар майдони сиёсат низ қонуни нонавиштаи навбат риоят шавад. Ҳеч кас нотакрор ва бемисл нест. Ҳамаи шахсиятҳои бузург ҳам як рисолат доранд ва бо анҷом шудани рисолаташон бояд ҷойро барои дигарон, ки дар навбат истодаанд, то рисолати худро назди мардуму ватанашон адо намоянд, холӣ кунанд. Навбат поиданҳои тӯлонӣ метавонад заминасози норизоӣ ва аз вазъи рӯз қонеъ набуданҳо гардад…

Ба ростӣ навбат поиданҳо дорад як падидаи вижа барои кишвари мо мегардад. Вале дар ин миён ду гуна навбат поидан сахт нороҳаткунанда ва ҳатто таҳқиромез ба назар мерасад. Яке фурсат ва навбат поиданҳои садҳо ҳазор ҳамватанони мо дар хориҷ аз кишвар барои бозгаштан ба ватан аст. Аммо ин ҷо, дар Тоҷикистон, барномаи роҳбурдии фароҳам овардани ҷойҳои корӣ бо музди моҳонае, ки барои зиндагӣ басанда бошад, ё вуҷуд надорад ё дар навбат аст…
Аммо навбат поидани дуввум. Рӯзи якшанбе аз Суғд бармегаштем. Пул ситонданҳои ширкати пулчинаки  IRS як омили мағшуш шудани хотираҳои сафар буд, зеро ҳеч коре анҷом надода маблағ ситонданашро шоҳид будем. Аммо таҳқиромез буд, ки барои пул додан ба ин ширкате, ки ҳувияташ ношинохта ва бегона аст, навбат поидем. Вақте ба дарвозаи пулчинаки Варзоб расидем шомгоҳ буду садҳо мошин навбат мепоиданд, то пул пардозанд ва албатта муҳимтар аз ин намедонистанд ин маблағ ба кисаи чӣ касе ё чӣ касоне меравад...
Зафари СӯФӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)