Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:39

Шабакаҳои телевизионии духтари президентро бастанд

22 октябр 2013, 16:58

Дар Узбакистон намоиши барномаҳои се шабакаи телевизионии марбут ба Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури ин кишвар қатъ шудааст.

Расонаи “Uznews.net” хабар медиҳад, ки шуруъ аз рӯзи 21-уми октябр намоиши барномаи шабакаҳои телевизионии “Форум ТВ”, “Марказ ТВ” ва “NTT” дар қаламрави Узбакистон қатъ гардид. Ба иттилои манбаъ, ба ҷои ин се шабакаи узбакӣ, барномаҳои шабакаи телевизиони русии “Спорт-1”, “Евроспорт” ва “Энимал планет” ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳар чанд барои гирифтани таъйиди расмии ин хабар аз сӯи рӯзноманигорон талош шудааст. Вале ба зангҳои телефонӣ посбонҳо ҷавоб дода, дар ин бора ибрози беиттилоӣ карданд.

Танҳо яке аз посбонҳои шабакаи телевизионии “Марказ-ТВ” гуфтааст, ки барои гузаронидани корҳои профилактикӣ дар ин шабака аз “боло” дастур шудааст. Вале ба суоли хабарнигор, ки чаро якуякбора се шабакаи телевизионии марбут ба хонум Каримова аз фаъолият боз монд, посбон гуфтааст, дар ин бора чизе гуфта наметавонад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳукумати Узбакистон масъунияти дипломатии духтари раисҷумҳури ин кишварро бекор кард. Оҷонсии Риа-новости хабар дода буд, ҳукумати Узбакистон дар пайи ҳодисаи кофтукови чанд иншоот дар Фаронса, ки ба Гулнора Каримов таалуқ доштааст, қарори мазкурро қабул кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!