Бахшҳо
22 окт 2013 17:27Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Манбаъ: “Расули Амонулло дар беморхона нест”

“Озодагон” рӯзи 22 октябр муайян намуд, ки Расули Амонулло, муттаҳам ба садамаи маргбор дар шаби 9 октябр, ки се куштаю се маҷруҳ барҷой гузошт, дар беморхона қарор надорад.

Тавре ба мо маълум шуд, воқеан, Расули Амонулло пеш аз зуҳри 22 октябр бо ҳамроҳии модараш ва як масъули Вазорати умури дохилӣ ба беморхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” оварда шуда, дасташ аз ҷониби духтури беморхона докабандӣ гардидааст. Манбаи “Озодагон” мегӯяд, Расули Амонулло баъд аз докабандӣ дар ин беморхона аксбардорӣ намуда, боз бо ҳамроҳии модараш беморхонаро тарк кардааст.

Расул дар беморхона бозпурсӣ мешавад

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъди зуҳри 22 октябр бо пахши аксҳо ва як хабари расмӣ гуфт, Расули Амонулло (соли таваллудаш 1997), сокини кӯчаи Карамова айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад. Ба гуфтаи ин ниҳод, Расули Амонулло гӯиё аз Олмон ба Душанбе оварда шуда, мавриди пурсиши мақомоти тафтишотӣ қарор дорад.

Расули Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, яке аз гумонбарони аслӣ дар садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбест, ки се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошт. ВКД мегӯяд, айни ҳол вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садама Умар Шарифов чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Номи Умар Шарифов дар ин қазия барои аввалин бор ба расонаҳо роҳ меёбад. Дар оғоз мақомот Асрор Ҳукумови 21-соларо дар садамаи маргбори шаби 9 октябр муттаҳам карда буданд.
Мӯҳр
Э комедиантҳое!!! Е артистҳое!!! Страна кривых зеркал...Инҳо илми дуруғу фиребро дар куҷо омухта бошанд?? Шарм дар гушаи чашмашон нест! Да покорает вас Аллаҳ!!!

чароги зулми золим то сахар намесузад, шабе сузад,шаби дигар намесузад!

Дар кишварҳои худкома ва салтанати яккатоз ҚОНУНҲО БАРОИ КАМБАҒАЛОН НАВИШТА МЕШАВАНД. Барои ҳамин мо бояд барои демократияи ҳақиқӣ мубориза барем, ки аз тарси ҷавоб дар назди мардум, ягон курсинишин ҳаракати беҷо накунад. Афсона аст? Не, афсона нест! Дар мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ (Англия, Германия Шветсия ва ғайра) кайҳо ҳамин хел як давлат сохтаанд. Ин имконпазир аст!!!!!!!!!!!!! Савод омӯзеду мубориза баред (вале, сулҳомез)!!!!!! Ҷангу ҷанҷол ончи буд, нобуд месозад.

ин хамаш айби Президент хаст ки аз су истифодаи мансабии мансабдорону хешу табораш чашм мепушад ва хеч ахмияте намедихад..дар дигар давлати аврупои ё ки руссия мешуд кайхо аз вазифа хорич шудаги буд падараш ва делаи чинои боз шудабуд . аз баски чони дигар шахрвандон кадре надорад ба чуз хешу таборони худашон ингуна хунук назарона рафтор мекунанд...!!! хамаи кохояшон калбаки хаст худ нишондихи хаст ва хок задан дар чашми мардум..як бародари моро барои як шалок 3 сол зиндони карданд а ин марди бузург 3 касро куштааст ва гаштаст бе парво!

Зарнисор
Э нав ёфтанд аку агар и Умар Шарифов тага надошта бошад гапаш дуд кард ира гухахкор мекнан

арусак
вах чи хел беморхонаи зебо.................... ман дар арусиям чунин таксариву простин надоштам, ки беморхонахои точикистон доранд.

дуги Хукумов чунон бомаззаай ки як чакраи туруши надорад. winked winked

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)