Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:16

Кумисюни марказии интихобот гузориши HRW-ро беасос хонд

23 октябр 2013, 10:25

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) интиқоди Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch-ро аз фазои пешазинитихоботӣ дар Тоҷикистон беасос хонд.

Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР, рӯзи 23 октябр дар шарҳи гузориши ахири Дидбони ҳуқуқи башар ба “Озодагон” гуфт, “он бе ягон далел таҳия шудааст. Мо ҳатто хабар надорем, ки онҳо вориди Тоҷикистон шуданд, ё не. Аз куҷо маълумотро гирифтаанд, рӯшан нест. Ин гузориши онҳо назари Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч мебошад ва ба ягон чорчӯбаи қонун ворид намешавад, чунки бе далелу бе асос аст.”

Додоев таъкид намуд, дар Тоҷикистон маъракаи интихоботӣ шаффофу озод, бар асоси талаботи демократӣ ва Қонуни асосии кишвар идома дорад.

Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи 22 октябр бо пахши як иттилоия аз нақзи қонун ва меъёрҳои байналмилалӣ дар фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда буд. Дар изҳороти ин созмон гуфта шуда буд, Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи мухолифин дар пайи фишору монеасозиҳои ҳукумат аз маъракаи интихоботӣ берун шуд.

Ҳю Уилямсон, мудири ин созмон дар Аврупою Осиёи Марказӣ, гуфтааст, “ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои он ки шароитро барои шунидани ҳамаи тарафҳо фароҳам кунад, аз саркӯб намудани намояндагони мухолифон кор гирифтааст.” Human Rights Watch дар иттилоияи худ навиштааст, ба ҳолати 21 октябр, шаш номзад ба мақоми президентӣ боқӣ мондаанд, ки якеашон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон мебошад. Дидбони ҳуқуқи башар таъкид мекунад, ки ҳамаи рақибони Раҳмон дар интихобот ҳимоятгари сиёсати ӯ ва ҳукумат ҳастанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Darwesh

  • 23 октябр 2013 10:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Bovar kunem aku janobi Dodoev
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И Хюман райтс воч ай Америка истода дар бораи Точикистон гап мезана!!!??? Ай кучо медона дар Точикистон чи гапай? Хами ду-се нафари Ватанфуруш гранто мегира, чизе ки ба заказчик лозим богша, хамура менависа. ВСЕ!!!!
Посух додан
  • А.

  • 23 октябр 2013 11:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар 22соли истиклолият ягонбор интихобот шафоф набуд. Шармандахо.
Посух додан
  • Daler

  • 23 октябр 2013 11:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Dodoev, haifi 22 soli idora! ba presidenti navi Kirgiziston nigaroni kuned - khodimi kholisi mardum, na podshohi zolim osioi markazi!!!!!![b]
Посух додан
  • max12

  • 23 октябр 2013 11:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сад лар сад рост мегуяд Хюман .. хамаи ин кандидатхо кисагиян ..худатон хулоса бароред дар утоки кории раиси хизби мухолиф расми Э рахмон ..пас кучои инхо хизбхои мустакилу мухолифанд ?
Посух додан
  • tojik

  • 23 октябр 2013 11:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hak nadorand.mo sohib istiklolem.intixobot konuni raftesai.in begonahoro roh natied jang mexohand.
Посух додан
  • Давлат

  • 23 октябр 2013 13:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДАР ТОЧИКИСТОН 20СОЛ МЕШАВАД,КИ ИНТИХОБОТХО ПУРРА НОШАФФОФ, ГАЙРИДЕМОКРАТИ ВА НОАЛТЕРНАТИВИ МЕГУЗАРАНД. ЧИЗЕ,КИ АЁН ХАСТ,ХОЧАТИ БАЁН НЕСТ.
ГУФТАХОИ ДИДБОНИ ХУКУКИ БАШАР САД ДАР САД ДУРУСТ МЕБОШАНД.

ГУЗОРИШИ HRW 100 ФОИЗ ДУРУСТ МЕБОШАД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шармандахо боз шарм накарда мегуянд ки гапхои онхо бе далел аст.дар ЧТ ягон интихобот озодона нагузаштааст.
Посух додан
  • ДЩД

  • 26 октябр 2013 15:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин посухи Додоев ба мисли лахзахои гуворо аст, ки буд: бачам, наход хамин духтур чени ту надона-а?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!