Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:35

Тоҷикистон боз 554 миллион $ қарз мегирад

23 октябр 2013, 14:38

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми октябр барномаи давлатии қарзгирии берунаро барои солҳои 2014-2016 ба тасвиб расонд, ки дар доираи он 554 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ аз хориҷ қарз гирифта хоҳад шуд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, барномаи давлатии қарзгирии беруна дар ду соли оянда 50 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 созишномаи қарзиро дар бар гирифта, барои таъмини амнияти озуқа, энергетика ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум равона хоҳад шуд.

Айни ҳол қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон мояи нигаронӣ аст, вале масъулини Вазорати молия ин нишондодро дар доираи эътидол медонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • депутат

  • 23 октябр 2013 14:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Карз гиреду барои худ ошёнаи баланд созеду чип харед ....... кани бинем обруятон баланд мешавад ё ба сар мафтад........
Посух додан
  • No Name

  • 29 октябр 2013 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"барои таъмини амнияти озуқа, энергетика ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум равона хоҳад шуд" Ин факат барои хаму оилахои шахсиятхои воломаком дахл дорад! Агар не фахмонед номбар кунед ки камбуди дар кучост ва баъди чанд сол ончо бехбудиро мебинад. Чи хеле ба хамагом маълум аст. Карзро барои танхо се калима намедиханд. ба монанде инчо дар макола иниъкос шудаст. Ба мо хамон копияе хуччаке барои карзгири равона кардаед нишон дихед. То ки мо донем маблаг ба кадом сохахо харочот мешаванд. Бо Факту далел кор кунед. Инро мардум бояд донад. Шумо сири хонаи худро нагуед аммо давлат бояд шаффоф одилона барои халк маълумот дихад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!