Бахшҳо

Тарки мактаб дар Хатлон ҷилавгирӣ мешавад?

Ҷеффри Лерер, сарвари  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон ва Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи  Тоҷикистон мактуби ҳамкориро ба имзо расониданд, ки он баёнгари нияти ҳамкории онҳо оид ба татбиқи Барномаи сесолаи озмоишии пешгирии тарки мактаб (БОПТМ) мебошад. 

Дар ин бора ба «Озодагон» аз сафорати Амрико дар Душанбе хабар доданд. Сарчашмаи иттилоъ афзуд,  мақсади Барнома пешгирии тарки мактаб аз тарафи хонандагон буда, дар вилояти Хатлон тибқи Стратегияи  миллии таълим амалӣ гардонида мешавад.  Барнома фаъолиятҳои ҷории USAID-ро бо  мақсади дастгирии вазорати маориф  барои тавсеаи дастрасӣ ба таълими ибтидоӣ ва миёнаи босифат дар Тоҷикистон  пурра мегардонад. Давлатҳои Камбоҷа,  Ҳиндустон ва Тимори Шарқӣ низ дар ин барнома ширкат меварзанд.

Дар ҷараёни маросими имзокунӣ ҷаноби Леҳрер иброз дошт: «USAID ва вазорати маориф ба мувофиқае расиданд, ки мо бояд тарки таҳсилро аз ҷониби мактаббачагон дар Тоҷикистон пешгирӣ намоем.  Нисфи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то синни 19-сола ташкил мекунанд.  Онҳо бояд таълими хуб гирифта шаҳрванди фаъол бошанд ва дар рушди иқтисодии кишварашон саҳми хешро гузоранд». Низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маорифи Тоҷикистон  дараҷаи баландтарини тарки мактабро дар синфҳои нӯҳ ва даҳ нишон медиҳад.  Тарки мактаб аз ҷониби шогирдон бо сабабҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рух дода ба зиёд шудани шумораи ҷавонони камсавод ва ғайри қобилияти корӣ оварда мерасонад.  Барнома он кӯдаконеро, ки зимни хавфи бештари тарки таҳсил қарор доранд муайян намуда, бо маъмурияти мактабҳо, муаллимон, шогирдон, падару модарон ва ҷомеа ҳамкорӣ мекунад, то ки тадбирҳои дар мактаб нигоҳ доштани кӯдаконро муайян карда, амалӣ ва арзёбӣ намояд.

Ёдрас менамоем, аз соли 1992 инҷониб, Амрико барои барномаҳое, ки муассисаҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиро кӯмак мекунанд, тақрибан 900 миллион доллари амрикоӣ масраф кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)