Бахшҳо

Сайидумар Ҳусайнӣ ва баҳси 1 млрд. $-и “беному нишон"

Як миллиард доллар фарқ миёни маълумоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар бораи ҳаҷми додугирифти мол миёни ин ду кишвар баҳси доғеро дар Маҷлиси Намояндагон ба по кард.

Ин масъала рӯзи 23 октябр аз тарафи Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Намояндагон матраҳ шуд. Оқои Ҳусайнӣ гуфт, бояд мақомот ба ин масъала рӯшанӣ андохта, ҷоеро барои шакку шубҳа боқӣ нагузоранд.

Вай гуфт, чӣ гуна мешавад, ки Тоҷикистон гардиши молу колу миёни Душанбеву Пекинро каме бештар аз 600 милион доллар ва Чин ин рақамро болиғ аз 1 миллиарду 700 миллион доллар медонад. Нуриддин Маҳмадов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласаи парлумон ҳузур дошт, дар посух ба ин саволи оқои Ҳусайнӣ гуфт, онҳо ҷавоби худро омода ва ба зудӣ нашр хоханд кард. Ҳарчанд муовини раиси Хадамоти гумрук нисбатан ҷой доштани қочоқро тасдиқ намуд, аммо духӯрагии омори додугирифт миёни Тоҷикистону Чинро на таъид кард ва на такзиб. Ва ҳам нагуфт, ки онҳо кай ин маъсаларо расман шарҳ хоҳанд дод.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, ҳам ба ин масъала ҳамроҳ шуда ва аз масъулони Хадамоти гумрук тақозо кард, ҳарчи зудтар ин масаъаларо ошкор намоянд. “То баъзе иттилоъ ба вуҷуд наояд, ки гӯиё аз Чин ба маблағи зиёд ба Тоҷикистон мол ворид шуда, аммо он сабт намешавад”,-афзуд раиси Маҷлиси Намояндагон.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳаҷми додугирифти мол бо Чин дар соли 2012, 670 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар ҳоле, ки тибқи омори гумруки Чин гардиши мол миёни ин кишвар бо Тоҷикистон дар соли 2012 1 миллиарду 700 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, суоле матраҳ аст, ки 1 миллиарду 30 миллион доллар ё худ 5 миллиард сомонии дигар куҷо шуданд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон онро сабт накардааст? Суоле, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон ҷавоби онро надодаанд.
Мӯҳр
1 милиарду 30 милён сомони касру кушкхои гумрукчиёнро ба хисоб гиред да. Моишинахои рангобарангионхо ва фарзандонашонр хисоб кунед. Мешавад 1 миларду 700 милиён

низоми
Агар ҳамон 1 миллиарду 30 миллион долларро ошкор кунанд,дигар ҳоҷат ба қарзи 554 миллионa намемонад.

Savol: "...Дар ҳамин ҳол, суоле матраҳ аст, ки 1 миллиарду 30 миллион доллар ё худ 5 миллиард сомонии дигар куҷо шуданд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон онро сабт накардааст?..."
Javob: Raved bined xonaho, moshinhoi va shethoi bankii kormandoni gumruk, mumkin 50% meyobed, Va 50 % bokimondaro az pisari JO pursed,

Shams,

Тарафдори хакикат
Шахсан ман аз чунин ибрози назари огои Хусайни хеле хушхол хастам. Худо химмати Исломиатро боз хам зиёд кумад.

Ана барой чи ХНИТ ро намегузоранд дар интихобот иштирок кунад токи дуздихой хукумат ро ошкор накунад ахсант Хусайни так держат воров и жуликов за рога !

Сустшон намонен Бародарони Нахзати хукуматдорон ро мо бо шумоем !

Анвар
Озодагон!Чавоб ефтан ба ин савол ки ин кадар маблаг кучо шудааст бисер осон аст.Шумо бо ширкатхое ки ба овардани мол аз Хитой машгуланд сухбат "бо шарти ифшо накардани ном"гузаронед ба шумо хамаашро гуфта медиханд ки аз сари хар мошин ба чанд корманди гумрук чандсаддолари доля медиханд ва чанд сомони дигар мемонад ки ба давлат месупоранд.

устувор
мана пул дар кучо ..канд занед гумрукчтён э вой аз ин хел давлату давлатдори

bevatan,
Бародар аз саволат дида чавобат ба ман маъкул шуд рахмат .

Ин саволро макомот не президенти Точикистон чавоб дода наметавонад....

Точики гамдор
Салом алайкум!

Бародарони азизи ман бинед ин як фоидаи равшани мухолифони давлатро ки бояд давлат нерухои мухолиф дошта бошанд агар хамин бародар
Сайидумар Ҳусайнӣ аз хизби мухолиф намешуд дигар хама хизбхо сифла яъне хокзанхои худашон буд дигар на аз миллиард хабар буд на аз миллион барои Шукурҷон Зуҳуров хам сабаби ташвиш намешуд охир медонад хаммаи дигар намояндагон ки маблаг кучо рафт ва чи шуд лекин хизби мухолиф мехохад ки донад ин маблаги калон чи гуна бехисобу китоб монд.Барои хамин харгиз бо беобуру кардани хизби мухолиф набояд мо фикрхоро дигар кунем факат факат давлатро мухолифат боиси пешрави мекунад.Азизони ман факат аз руи адолат фикр кунед оё хато хаст хамин суханхо охир мо чи ками дорем ки вазиру амир шуда наметавонем ба Валлох касам аз 95% мансабдорон одилтарам агар таъриф нашавад лекин хамина фахмидам бояд харом боши на одил барои "пешрафт"-и ватани азизам. Ман ту хастам ту ман эй ватан эй ватан! як кадам ба пеш ду кадам ба кафо бо хукуматдорон! ура ура ура ура ура

Нуъмон
фасод дар хама кишвархо чой дорад, аммо то 5 дар сади буча ё дигар маблагу хисоботхоро тасарруф шаванд чашмрас нест. Аммо ин омор агар вокеият дошта бошад,ки 60 дар сади гардиши молу коло пинхон карда мешавад, пас ин баландтарин фасод дар чахон аст. мисли дигар баландихоямон

ИН КИ МАЪЛУМ АСТ, КИ ДАР КУҶО АСТ! ДАР КИСТАИ ОНҲОЕ КИ ДАР МАҚОМОТ ВА ДАСТГОҲҲО МАРБУТА САРУ КОР ДОРАНД ВА ҲАМАКАСА ДАСТАШОН ДАР ЯК КОСА АСТ. САЙДУМАРИ ҶОН ХУДАТОНА ҒАМ НАДИҲЕД ИНҲОРО НАМЕТОНЕД ШУМО ДАСГИР КАРДА! ЧУН ИНҲО РОҲАША МЕДОНАНДЯ. АЗ КИШВАРИ ДИГАР БА МАРДУМ ВА ШУМО НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИС ОМОРИ ДОДУ ГИРИФТИ КИШВАРАТРО ДАР ГУМРУК ХАБАР МЕРАСАД НА АЗ ЗАБОНИ МАСЪУЛИНИ КОРШИНОС ВА МАРДУМСОЛОР ВА МАРДУМШИНОС! ПАС ШУМОҲО ДАР ОНҶО ЧӢК КОР МЕКУНЕД ШУМО НАМОЯНДАИ ҲУҚУҚИ МАРДУМ ҲАСТЕД? МАЪЛУМ МЕШАВАД КИ ҲАМА БАРОИ ХУДАШ ЧАНГ ЗАДА БЕҲТАРИН ШАРОИТРО ДУРУСТ МЕКУНАД БА ФИКРИ ОН ДАСТА КАМБИЗОАТ ВА БЕЧОРА КАСЕ НЕСТ ИНРО ҚАБУЛ КУНЕД!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)