Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:58

Баъд аз "шикор"-и муҳоҷирон кӯчаҳои Маскав норӯфта мондааст (ВИДЕО)

23 октябр 2013, 16:11

Ба дунболи фишорҳо болои муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти Русия, ки баъди ҳаводиси минтақаи Бирюлово оғоз шуд, РИА Новости дар гузориши видеоие, аз вазъи кӯчаҳои шаҳри Маскав нақл мекунад, ки тайи чанд рӯзи охир дар пайи тарки кор кардани роҳрубон кӯчаҳо тамиз нашудаанд.

Фишор болои муҳоҷирони корӣ дар Русия баъди он афзуд, ки Егор Шербаков, як шаҳрванди Русия дар минтақаи Бирюлово ба қатл расид. Дар ин куштор Орхан Зайналов, як шаҳрванди Озарбойҷон гумонбар дониста шуд, ки баъдан боздошт ҳам гардид. Куштори Шербаков сабаби нооромиҳо ва эътирозҳои густурда дар пойтахти Русия шуд. Аз ин имкон нажодпарастони рус истифода намуда, ба афроди ғайриславянӣ ҳамла карданд.

Мақомот ҳам ба дунбол амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонниро шуруъ карда, даҳҳо муҳоҷирро аз қаламрави Русия ихроҷ карданд.

Дар гузориши РИА Новости сокинони чанд хиёбони Маскав мегӯянд, тайи чанд рӯзи ахир тамизкорон, ки асосан муҳоҷирони корӣ будаанд, дида намешаванд. Ба гуфтаи онҳо ин тамизкорон кори худро хуб иҷро мекарданд ва кӯчаҳо ҳамеша тамиз буд, аммо баъди рафтани онҳо вазъият тағир кардааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чамики Восегй

  • 23 октябр 2013 16:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оли камакаки дигар истед! Москав буй мегирад. Алкашои рус хеч гох кореро ки Точикхо (Мухочиро) мекунанд, карда наметавонанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамин гастерхои мо номус дошта бошанд дигар намекунанд хамон кучарубии росияро омада нону об мехуранду сархами русо намешаванд монед виза кунанд безор карданд ин русхо ба ин масхараи точикон фиребашонро намеги ба даст овард хочаташро хама фаромуш
Посух додан
  • мо метавонем..

  • 23 октябр 2013 22:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости гап бас будагис масквара тоза кни биёен акъ хукумати точикистона тоза кнен..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман суханони ин бародарро нафахмидам чи хел омада хукумати Точикистонро тоза мекарда бошад?????????????????????????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз кучахои москав ,кучахои точикистона тоза кунем намешавад то кай халки точик сарашонро дар пеши нокасон хам мезананд

Курбоналиев Фарход,
шароити зиндагира хубшава ки рафта дар ватани худамон кор кунем на корай на бор хама бе саводхо кор кардестиян точикистон пеш нарафтестай халк дар азоб чи кор кунан хамара сур кардестиян агар призиден ягон чорара набина халк бар алайхи хукумат мехеза дузду горатгари ,одамкуши зиед мегарда бародар мо аз точикистон минадор нестем мо аз руссия минадорем ки як лума нонро ёфта ба падару модаронамон равон карда истодаем

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!