Бахшҳо
23 окт 2013 17:20Тоҷикистон / Сиёсат

Путин дини Исломро ҷузъи муҳими фарҳанги Русия номид

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дини Исломро яке аз унсурҳои муҳим ва чашмгири сохтори фарҳанги кишвараш хондааст.

Путин, ки рӯзи 22 окятбр дар ҷашни 225-умин солгарди Идораи муфтиёти мусулмонони Русия дар шаҳри Уфа дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, Ислом нуқтаи дурахшони фарҳанги Русия ба шумор рафта, дар таърихи ин кишвар сиёсатмадорон, донишмандон ва тоҷирони мусулмон зиёд ҳастанд, ки нақши чашмгир доранд. Раисиҷумҳури Русия мегӯяд, имрӯз мазоҳиби саросари ҷаҳон, аз ҷумла исломӣ ба самти сиёсӣ шудан равона мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина чолишҳое вориди Русия ва ҷомеаи мусулмонони он шудааст: “Аз ин рӯ, бояд ҳукумат ва миллат тариқи ҳамкорӣ бо якдигар барои пирӯз шудан ба ин чолишҳо талош кунанд.”

Путин афзудааст, ҳоло танишҳо миёни Ғарб ва ҷаҳони Ислом рӯ ба афзоиш оварда, бархеҳо мехоҳанд ин мавзуъро ба бозӣ гиранд. Вале мо ба ин оташбозӣ алоқамандие надорем. Инчунин Владимир Путин дар ин дидори худ бо рӯҳониёни кишвараш хостори таъсиси дубораи мадрасаи динии исломӣ дар Русия шуд. Ӯ изҳор доштааст, ки бояд дар кишвараш мактаби миллии омӯзиши дини Ислом дубора таъсис дода шавад, то ҳокимияти фазои мазҳабии Русияро таъмин кунад.

Раисиҷумҳури Русия ба рӯҳониёни исломии кишвараш таъкид кардааст, ки бояд садои рӯҳониёни исломии рус дар арсаи ҷаҳони Ислом нисбат ба дигарон баланд шунида шавад. Ӯ ҳамзамон қайд кардааст, ки ҳоло дар Шарқи наздик ва ҷаҳони Ислом “эҳтиёҷ” ба ҳузури Русия рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд фаъолтар бошему он лоиҳаҳое, ки боиси марги инсоният, кишварҳову мардумро ба қаллобӣ мебарад ва маълумоте ки бо афкори ҷомеа таъсир мерасонад, нобуд созем.

Дини Ислом аз нигоҳи шумораи пайравонаш баъд аз масеҳият дар Русия мақоми дувумро касб мекунад. Бар асоси манобеи интернетӣ, ҳоло дар ин кишвар 14,5 миллион мусулмон ба сар мебаранд, ки асосан дар Чеченистон, Тотористон, Доғистон, Бошқирдистон, Қабардино-Балкар ва Карачаево-Черкесия ҷой гирифтаанд.
Мӯҳр
саттор
е зинда бошед чаноби Путин! Шумо якбори дигар исбот кардед ки аз чаноби Рахмон 100 карат зиёд мусулмонед!офарин....

Ман
Ахсан чазакаллоху хайран! Ин мардак аз огои рахмон милиард маротиба бехтараст. Ин рахмон недавно дар хатлон 3 мадрасаро баст шармандаи кади рох.

ала бгем путин мслмун шидаст мешава барой ки имонаш ба Худо аз рахмонуф да боло бдаст.

zabon digar astu dilashon digar.mo az hamin rahmon namonem.

Ин шери нар аст дасташ як тараф истад бояшро буса кардан лозим меояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)