Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:49

Бозии ҷавобии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баргузор мегардад

23 октябр 2013, 17:31

Бозии ҷавобии тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баргузор мешавад. Ба иттилои сомонаи расмии футболи Қирғизистон Мунтахаби миллии футболи ин кишвар бозии дӯстонаеро бо тими миллии футболи Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.

Манбаъ, навиштааст ин бозӣ рӯзи 19-уми ноябр дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дастаи миллии Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол 10 бозӣ ба анҷом расонидаанд, ки 7 дидор ба манфиати мунтахаби тоҷик анҷом ёфта, як мусовӣ ва дар ду бозӣ мағлуб шудааст. Мунтахаби миллии кишвар дар бозиҳои қаблӣ 16-гол ва мунтахаби Қирғизистон 8-гол задааст.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби миллии футоли Тоҷикистону Қирғизистон бори охир 15-уми октябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Долона Омурзаков”-и шаҳри Бишкек дар як бозии дӯстона бо ҳам рақобат карданд, ки Мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 1:4 пирӯз шуда буд.

Федератсия футболи Қиғизистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми АФК-2014--Конфедератсияи футболи Осиё ба ҷуз Мунтахаби миллии Тоҷикистон бо дастаҳои миллии футболи Индонезия, Озорбойҷон ва Қувайт бозиҳои дӯстона анҷом диҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хаким

  • 23 октябр 2013 21:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касди маглубиятшона гирифтаниан. Дастаи мунтахаб аз галабаи 4-1 кардаашон форигбол нагашта бояд НАГЗАКАК таёри бинад, то ин ки ин карат хам Киргизистона "дар чояш" шинонад!!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!