Бахшҳо
30 июл 2011 07:43Иқтисодӣ

МИНТАҚАҲОИ «СУПОРИШӢ»

Чаро минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон чизеро тағйир намедиҳанд?


ДАР қаламрави Тоҷикистон
4 минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) ташкил шудааст. Ҳафтаи сипаришуда дар ин робита ҳамоише дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд, ки масъалаи бартараф кардани монеаҳо ва рушди минтақаи озоди иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре мутахассиси пешбари Раёсати маъмуригардонӣ ва рушди МОИ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшоди Намоз ба мо иттилоъ дод, ҳоло ду МОИ дар вилояти Хатлон, 1 минтатақа дар Суғд ва 1 тои дигар дар Бадахшон ташкил шудааст. Дар маҷмӯъ 18 корхона дар ин минтақаҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 14 субъект дар МОИ мавзеи саноатии ҷанубу ғарби шаҳри Хуҷанд ва 4 субъект дар МОИ Данғара ва Панҷ ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи Дилшоди Намоз заминаи меъёриву ҳуқуқии МОИ аз соли 2004 омода шуда, ба ташкили минтақаи мазкур аз соли 2005 асос гузошта шудааст.

Ҳоло суоле ба миён меояд, ки вақте ташкили МОИ аз соли 2005 оғоз шудааст, чӣ пешравиҳое дар ин самт дида мешавад? Чӣ қадар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудаааст ва чӣ корҳо анҷом ёфтааст. Мушкилоти онҳо дар чӣ ифода меёбад ва оё ин минтақаҳо аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва роҳу коммуникатсия ба талаботи минтақаи озоди иқтисодӣ ҷавобгӯ буда метавонад? Ин ва дигар суолҳое ҳастанд, ки аз дидгоҳи коршиносӣ бояд баррасиву таҳлил гарданд.

"Фикри хуб, дар шароити номувофиқ"
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ минтақаи махсусест, ки дар онҳо шароити имтиёзноки иқтисодӣ барои соҳибкорӣ муҳайё карда шудааст. Онҳо ба шакл ва номҳои гуногун ба монанди минтақаи махсуси иқтисодӣ, минтақаи муштараки соҳибкорӣ, минтақаи озоди тиҷратӣ, бандарҳои озод, минтақаҳои комплексӣ ва ғайра номгузорӣ  мешаванд. Қаламрави ин минтақаҳо аз ҷиҳати масоҳат нисбатан маҳдуд ва муайян буда, дар онҳо соҳибкорон, бизнесменҳо ва дигар намояндагони истеҳсолӣ ва тиҷоратии дохиливу хориҷӣ озодона, вале дар асоси қонуну тартиботи ҳуқуқии кафолатдор фаъолият мебаранд, ки ба шароити иқтисоди бозор комилан мувофиқат кунад. Хусусияти фарқкунандаи ин минтақаҳо дар он ифода меёбад, ки дар он ҷо шароити имтиёзноки иқтисодӣ барои минбаъд вусъат додани фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун роҳи судманди пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ин минтақа муҳайё карда шудааст. Аз рӯи маълумоти масъулини Вазорати иқтисод корхонаҳои дар МОИ Тоҷикистон ба қайд гирифташуда ба ғайр аз ду намуди андоз, андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз дигар намуди андозҳо озоданд.

Бо ин ҳама имкониятҳо коршиносони масоили иқтисодӣ бар ин боваранд, ки шароити Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ барои ташкили МОИ мувофиқ нест. Иқтисодшинос Зафар Абдуллоев чунин мешуморад, ки худи идеяи ташкили МОИ фикри хуб аст, аммо шароите, ки Тоҷикистон дорад ба он мувофиқат намекунад. Ҳам дар мавзеи сарбаста ҷойгир шудааст, ҳам дар блокадаи коммуникатсионӣ ва иқтисодӣ қарор дорад ва илова бар ин имконияти минтақаи Осиёи Марказӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ зиёд нест. Нооромиҳо ва эҳтимоли хатарҳо боиси наомадани сармоягузорон мешавад.

Аз таҷрибаи кишварҳои дунё чунин бармеояд, ки МОИ бояд дар мавзее ташкил карда шавад, ки ҳам аз лиҳози ҷалби сармояи хориҷӣ бехатар бошад ва ҳам дорои роҳҳои обӣ, ҳавоӣ, оҳан ва автомобилгард бошад. Дар охири солҳои 80 дар саросари дунё шумораи ин минтақаҳо ба 600 адад расида, ҳиссаи онҳо дар гардиши моли тиҷорати байналмилалӣ 8 дар садро ташкил додааст. Дар қаламрави Мексика ҳазору 100 ширкату корхона фаъолият мекарданд ва аз шароити он минтақа бархӯрдор буданд. Дар Чин соли 80 панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, 14 шаҳри озоди соҳили баҳр ва 3 МОИ соҳилӣ мавҷуд буд, ки дар он ҳудуди сад миллион аҳолӣ сукунат доштанд. Дар ин минтақа 87 дар сади сармоягузории хориҷӣ амалӣ шуда, зиёда аз 20 навъи маҳсулоти саноатӣ тавлид мегашт, ки ҳоло даҳҳо маротиба зиёд аст.

"Бо харҷи камтар, фоидаи зиёд"
Бархе аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки МОИ дар Осиёи Марказӣ чандон ояндаи хуб надоранд ва ин масъаларо аз ҷиҳати назариявӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор додан даркор аст. Коршиноси масоили иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон рақобатпазир нестанд. Агар онҳоро бо МОИ Нурато, ҷазираи Кеш дар Эрон ва бо якчанд МОИ Латвия, Литва ва Эстония, ки дар назди баҳри Балтика(Сиёҳ) муқоиса кунем, тамоман рақобатпазир нестанд. Вай аз ҷумла, чунин гуфт:

-Рақобатнопазирии МОИ Тоҷикистон аз он иборат мебошад, ки давлат барои сохтани инфрасохтори онҳо эътибор намедиҳад. Дар Ҳиндустон, Индонезия, Малайзия ва дигар давлатҳо тамоми хароҷотҳои инфрасохторӣ ба дӯши давлат бор карда мешавад ва ин боис ба он мегардад, ки сармоягузорони хориҷӣ бо як маблағи камтар метавонанд фоидаи зиёдтар ба даст оранд. Ин фоидаҳоро онҳо метавонанд дар ҷазираҳо ба даст оранд.

Ба иттилои масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз 18 ширкате, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд, 3 ададаш корхонаи хориҷӣ ва муштарак мебошад. Ин ширкатҳои муштараки Туркияву Тоҷикистон, Полшаву Тоҷикистон ва ширкати амрикоӣ мебошанд. Дар ҳоли ҳозир мушкилоте, ки вуҷуд дорад, ин ҷалб намудани ширкатҳои хориҷӣ, сармоя ва инфрасохтори МОИ ном бурда мешавад. Ин дар ҳолест, ки Анвар Яъқубов, раҳбари минтақаи озоди иқтисодии Хуҷанд ҳанӯз соли гузашта гуфта буд, ки 50 ширкату муассисот аз кишварҳои Эрон, Қазоқистон, Чин, Малайзия, Сингапур, Туркия, Русия ва мамлакатҳои Аврупо омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ эълом кардаанд. Вале бо сипарӣ шудани чанд муддат ҳанӯз танҳо 3 ширкати хориҷӣ фаъолият доранду бас.

Ба андешаи иддае аз коршиносон дар шароити Тоҷикистон МОИ-ро дар ягон шакли дигар бояд ташкил дод. Ҳоҷимуҳаммад Умаров чунин ақида дорад, ки бояд Консепсияи тамоман дигари минтақаи озоди иқтисодӣ омода шавад, ки аз консепсияи имрӯза ҷиддан фарқ кунад.

Дар ин маврид Зафар Абдуллоев пешниҳодҳое ҳам дорад. Вай мегӯяд, ки азбас дар ин минтақаҳо асосан корхонаҳои дохилӣ фаъолият карда истодаанд, ки ё ба таври супоришӣ рафтаанд ё худро намоиш медиҳанд ва сармоягузори воқеӣ нестанд, дар ин ҷо ба ҷои минтақаи озод маркази савдои озодро роҳандозӣ кунанд беҳтар аст. Зеро ин минтақаҳо барои сармоягузорӣ муҳити хуб нест, сармоягузорон бовар намекунанд, вале барои савдо, азбаски Ишкошим бо Хитой наздик аст ва Панҷ бо Афғонистон, мавзеи мувофиқтар аст. Вай иброз медорад, ки аз ҳама хубаш як долони (каридор)озод ташкил диҳанд, ки аз Афғонистон рост ба Суғд ё аз ягон кишвар ба ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ молу маҳсулот оварда шавад ва ягон монеае дар роҳ набошад. Ҳар сол аз воридкунандагон барои интиқоли мол 100-200 доллар гиранд, кифоя аст.   

Иқтисодшиносон чунин мешуморанд, ки яке аз шартҳои асосии мавҷудияти МОИ муҳити ҷуғрофии ин минтақа, ризоияти аҳолии он ва замонати таъмини осудагии ҳамешагӣ барои онҳост. Боз чандин шарту шароитҳо вуҷуд дорад, ки ҳамсарҳад будан бо давлату кишварҳои зиёд, мавҷуд будани бандар ва рохҳои нақлиёти гуногун, ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ аз ҷумлаи онҳост. Вазъи воқеӣ ва шарту шароити дар оянда тараққӣ додани инфрасохтор ва бозор низ нақши муҳим мебозад. Вале дар МОИ Тоҷикистон мушкилоти зербиноӣ, шабакаҳои иртибототӣ ва камбуди барқ аз монеаҳои аслӣ дар роҳи рушди МОИ дар кишвар унвон мешавад. Ҳамчунин, дар ин манотиқ лӯлаҳои обрасонӣ, гази табиӣ насбу бунёд нашудаанд, ки ин то андозае боиси дилсардии сармоягузорони хориҷӣ барои ширкат дар тарҳҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мегардад.
Исфандиёр Халилӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)