Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:58

Бозпурсии Амонулло Ҳукумов барои садамаи писари ноболиғаш

26 октябр 2013, 17:49

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро вобаста ба садамаи шаби 9-уми октябр, ки бо иштироки писари 16-солааш Расули Амонулло сар задааст, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Ин ниҳод бо пахши иттилоия таъкид мекунад, ки баробари худи Расули Амонулло ва падараш инчунин модари Расул низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Вазорати умури дохилӣ аз ифшои ҷузъиёти ин бозпурсиҳо худдорӣ карда, таъкид мекунад, садамаи шаби 9-уми октябр чун дигар садамаҳои нақлиётӣ мавриди таҳқиқот қарор гирифтааст: “Айни замон барои дақиқ муайян намудани ҳолатҳои ҳодисаи мазкур як қатор экспертизаҳо таъин карда шудаанд. Аз ҷумла, экспертизаи автотехникӣ-трассологӣ, суддӣ-тиббӣ, автотехникӣ ва наворшиносӣ, автотехникӣ ва аксшиносӣ, автотехникӣ таъин карда шуда аст, ки пас аз гирифтани хулосаҳо, мақомоти тафтишотӣ нисбат ба парвандаи ҷиноятӣ қарори қонунӣ қабул менамояд.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури дохилӣ эълон карда буд, ки “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.” Ҳарчанд, баъдан вазири умури дохилӣ гуфт, гунаҳкори аслии ин қазия маълум нест. Бо ин ҳол, дар пайи ин садама дар маркази шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 Аловуддин Саидови 22-сола, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") ҷон бохтаанд.

Мусофирони дигар Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Шокир Маҳкамов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Тавре ба “Озодагон” аз беморхонаи Қаряи боло хабар доданд, айни ҳол Мадина Аҳмедова мураххас шуда, вазъи беморони дигар муътадил мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Соли гузашта дар яке аз ҳафтаномаҳои Тоҷикистон хабареро дар он хусус хонда будам, ки чӣ гуна як бевазанро суди шаҳри Хуҷанд ба маҳкама кашидааст. Гуфта мешуд, ки он зан аз бепуливу тангдастӣ ба фарзандонаш китоб, дафтар ва попӯшу либоси мактаб харида наметавонистааст ва аз ин хотир аз фиристодани онҳо ба мактаб даст кашидааст. Бо вуҷуди ин ҳама далели айён, "болои сӯхта намакоб" гӯён, суд бевазанро қариб ба 4-5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Дар асоси "қонун дар бораи масъулияти падару модар...". Ман инҷо, шояд, дар ҷузъиёташ хато кунам, вале дар маҷмӯъ, мавзӯъ ҳамин тавр буд.

Акнун, биёед, мавзӯи ҷарима шудани бевазанро бо ҳодисаи даҳшатноки Ҳукумов муқоиса кунем? Тавре мегӯянд, барои шарҳ умуман ҷой намемонад.......Он чизе, ки ҳаст айён, нест ҳоҷати баён.....! Зиҳи, ба қавли устод С. Айнӣ, закончӣ ва законҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Посух додан
  • Нодон

  • 27 октябр 2013 12:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Расул аз кадом зани Хукумов бошад! Мисли Зайд статяи бисёрзаниро хамрох кардан лозим...
Посух додан
  • чоник

  • 28 октябр 2013 07:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруг гап назанен ура хечкас бозпурси намекна. Оли як дехкон мебуд ай задара мекуштанш
Посух додан
  • Федя

  • 28 октябр 2013 07:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хамаи хонандагони озодагон табъи хушу болида хохонам
Посух додан
  • Точик

  • 28 октябр 2013 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инро бозпурси нею, маслихат ноед. Аз кай боз калонхоро бозпурси мекунед шумо. Ин як маслихат барои пухтани гап тамом!
Посух додан
  • Сафар

  • 28 октябр 2013 12:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин бозпурсии Хукумов хамон латифаи "мебахшед кунам дар пот зад"-ро дар автобус мемонад. "Озодагон" бучопуш!
Посух додан
  • tojik

  • 31 октябр 2013 11:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
pisari kabiri ham odam kushta bud zud ozod shud.
Посух додан
  • но нейм

  • 20 феврал 2014 19:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наконец-то кудота шармаш омаду туя даф кад. .

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!