Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

Сафари Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ва хатнасури 120 кудак

28 октябр 2013, 10:19

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи як сафари расмии худ ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар тӯйи арусии 20 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 120 писарбача аз хонаводаҳои ниёзманд иштирок кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ба 86 кӯдаку навраси аз падар ва ҳам модар ятиммондаи ин ноҳия низ кумаки яквақтаи моддӣ намуда, туҳфаҳои хотиравӣ додааст.

Инчунин субҳи имрӯз 28 октябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи хусусии коркарди намаки “Хоҷа Муъмин” дар ҳудуди ин ноҳия низ фаъолиятро шуруъ кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ин корхона, ки аз тарафи Маҳмуд Ҳусейнов, соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, ҳудуди 50 нафарро бо ҷои кори доимӣ ва тақрибан 30 нафари дигарро бо ҷои кори мавсимӣ ҳам таъмин менамояд, дар як шабонарӯз то 120 тонна намакро коркард хоҳад кард. Фаъолияти корхонаи мазкур бо технологияи муосири стандарти ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташ барои содирот ба бозорҳои хориҷи кишвар ҳам нигаронда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!