Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

Муфтии Сурия: Алайҳи ҳукумати Асад 190 тоҷик меҷанганд

28 октябр 2013, 10:21

Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ намудааст.

Муфтии аъзами Сурия гуфтааст, дар маҷмуъ алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Сурия 100 ҳазор ҷангҷӯи кироя аз 83 кишвар меҷанганд.

Аҳмад Бадриддин Ҳассун зимни сафараш дар Маскав гуфтааст, алайҳи ҳукумат дар Сурия то 8 ҳазор шаҳрванди Арабистони Саудӣ, 1700 шаҳрванд аз Чеченистон, 350 шаҳрванд аз Украина, 360 шаҳрванд аз Туркманистон, 250 нафар аз Қазоқистон, 100 шаҳрванд аз Озарбойҷон, 80 нафар аз Гурҷистон, 3 ҳазор аз Ироқ ва 290 шаҳрванди Амрико меҷанганд.

Муфтии аъзами Сурия дар мавриди ҷангиёни кироя аз Аврупо гуфтааст, 90 нафар аз Испания, 150 аз Босния, 200 аз Австрия, 60 нафар аз Дания, 86 нафар аз Малта, 40 шаҳрванд аз Финляндия, 110 нафар аз Олмон, 120 нафар аз Фаронса ва 80 нафар шаҳрванди Англия мебошанд. Инчунин ба иттилои манбаъ айни ҳол 200 шаҳрванди Чин низ барои ҷанг алайҳи ҳукумати Сурия дар Туркия тамрин доранд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфт, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад.

Кумитаи дини Тоҷикистон низ дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи соли равон гуфт, дар давоми солҳои ахир дар ҷангҳои Афғонистону Покистон ҳудуди 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва сеи дигар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муовини раиси ин ниҳод, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд, шояд аз ин ҳам зиёд бошад: “Ин 14 нафар танҳо онҳое мебошанд, ки ному насаб ва ҳуввияти миллиашон муайян карда шудааст.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • низоми

  • 28 октябр 2013 12:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муфтии Сурия: ´´Алайҳи ҳукумати Асад 190 тоҷик меҷанганд´´. Муфти ин рақамҳои дақиқро аз куҷо дастрас карда бошад ? Агар ин рақамҳои дақиқ бошанд чаро аз даҳҳо ҳазор ҷангҷуёни вобаста ба Ҳизбуллоҳи Лубнони,Абулфазли Аббоси Ироқи(шомилaнд, ҷангҷуёни Ҳусиҳои Ямани ва ҳазораҳои Афғони) ва мушовирину партизанҳои Ирони чизе нагуфтааст? Ё онҳо барои саёҳату зиёрат ба Сурия рафтаанд ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
низоми,
Агар дар хакикат дар чанги Сурия точик бошад новобаста аз ададашон хох як кас хох хазор кас ва бар зидди хукумати Сурия чанганд, лаънати Худованд бар онхо бод, ки бар зидди мусулмонон мечанганд ва онхо мумкин хамон донишчуёнанд.
Ман аз хукумати Точикистон хохиш мекунам, ки агар дар чанги шахрвандии Сурия миллати точик бошад хамаашонро аз шахрвандии Точикистон махрум кунад.....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!