Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

Меҳмоншоҳ Шарифзода: “Ҳеч кас намедонад, мо дар кадом ҳолатем”

28 октябр 2013, 11:44

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА,
докторанти Донишгоҳи Берген, Норвегия

...Имрӯзҳо, гӯиё ҳисси вақтро гум карда бошанд, зиёд дар бораи “қишлоқи тиллоӣ” ва “шоҳаншоҳ” ҳарф мезананд.

Аз ёд бурдаанд, ки дар давраи Шӯравӣ зистем ва ё умуман аз он ки дар асри 21 зиндагӣ дорем. Бисёриҳо ҳатто тассавур карда наметавонанд, ҷомеае, ки интизораш бошем, бояд чӣ гуна бошад. Мардуми Тоҷикистон дар интизори ҷомеае озод ва роҳбаре тамом буданд ва ҳастанд, ки тавонад ин ҷомеаро бо таркибҳояш ташкил ва ба як системаи амалкунанда табдил диҳад. Вале шоҳидем ва мебинем, ки зиёда аз бист сол боз мо дар давраи “гузариш” қарор дорем ва боре аз худ напурсдем, ки оё ин гузариш, ин раванд, ин ҳаракат дар мо ҳаст ё нест? Оре, вақт мегузарад, вале мо гӯиё ба таври ҳамешагӣ дар ҳолати ‘барзахӣ’ ё ‘гузариш’ ё чи хеле дар антропология онро ҳолати лиминалӣ (liminality аз калимаи лотинии līmen “остона” гирифта шудааст)-и ҷомеа медонанд, мондаем.

Ҳолати лиминалӣ, ҳолат ё равандест, ки ҷомеа вақти гузаштан аз як сохти сиёсӣ- иҷтимоии шикастхӯрда ба ҷомеаи нави шаклгирифта аз сар мегузаронад. Дар ин муддат бояд ҷомеаи нави бо арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои нав шакл гирифта ва амалкунанда ба вуҷуд биёяд, вале дар мо ҳатто нишонаҳои ҷомеаи оянда дида намешаванд. Вақте ба саволи дар кадом система ё форматсияи иҷтимоӣ қарор дорем, ҷавоб медиҳанд, мардум ва махсус сиёсатшиносони давлатӣ мегӯянд дар мо унусрҳои демократӣ вуҷуд доранд ва мо “дар давраи гузариш” ё “марҳалаи транзитӣ ба демократия” қарор дорем. Чи хеле шоҳидем, воқеият ба забони ҳол мегӯяд, гузариш нест ва ин ки дар бораи ‘либерализм’, ‘демократия’, ‘давлати ҳуқуқбунёд’ ва ғайра ҳарф мезананд, калимабозие беш нестанд.

Зеро дар мо имрӯз унсурҳои бисёр форматсияҳои иҷтимоиро дидан мумкин аст. Ба хусус унсурҳои давраи феодалӣ аз дигар унсурҳо воқеитар ва пурқуваттаранд ва ин маслиҳатчиён ва дурӯғросткунҳои давлатӣ бо ҳама тору пуди худ ҷузъи он унсурҳо ё рамзҳои холии демократия ҳастанд, ки қавми ба ‘шоҳигарӣ’ расида барои фиреби назар аз онҳо истифода мекунанд...

Мо дар ин нуқтаи барзахӣ мондаем ва дар ин сатҳ ба ғайр аз маризиҳои таърихии мо, ки аз нав зинда шудаанд боз бо баъзе (маризӣ) рӯйдодҳои навин одат кардаем, ки ҷомеа ба ҷомеаи намоишҳо, ниқобҳо, сояҳо ва масхарабозҳо табдил ёфтааст. Таркибҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ - фарҳангии ҷомеа харобанд ва ҳанӯз маълум нест, ин сохти ҳаёт ба кадом ҳақиқат ва ба кадом идеология такя мекунад ва ин намуди зиндагии мардумро чӣ бояд номид. Ин намуди ҳаётро (form of life), ки ҳазорҳо берун аз истиқлолият ва ҳимояи қонун дар муҳоҷиратанд ва ҳазорҳои дигар дар ватан бехатарии вуҷудӣ ва иҷтимоӣ надоранд ва дар ҳамин ҳол гуруҳе ‘шоҳигарӣ’ доранд, аммо аз мудирияту роҳбарӣ бегона мондаанд. Касе, мутаассифона, намедонад ин ҳолатро чӣ биномад, ҳолате, ки ҳамакнун ҳама ба он одат кардаанд.

Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистон, ба хусус ҳизби ҳоким, исбот карданд, ки қобилият ва ғунҷоиши сохтани ҷомеаи Тоҷикро надоранд. Имрӯз ҳар касе сиёсатро дар Тоҷикистон дар сатҳи идеология таҳлил карданӣ ва диданӣ мешавад, хато мекунад. Зеро чи хеле гуфтем, идеологияҳо дар ин сарзамин танҳо пардаи пиндоранд ва сиёсатро инҷо дар сатҳи табиати инсонӣ (human nature) таҳлил мебояд кард. Аслан дар ҷомеаҳои обод шинохт ва тарбияи сиёсатмадоронро аз ҳамин нуқта оғоз мекарданд. Дар фарҳанги Ғарбӣ ин бунёдро ҳамчун status naturalis, нуқтае, ки фарҳанг (culture) аз он оғоз мешавад, мешинохтанд, ки дар ин роҳ тарбияти (cultivation) табиати инсонро асос медонистанд.

Дар Тоҷикистон табиати тарбиятнодидаи инсониро бо идеологияҳо печонидаанд ва қабилаи сиёсатмадор, ки ба сурат фарҳангианд ва аз арзишҳову идеалҳои баланд ҳарф мезананд дар амал (дар сиёсат) сахт бефарҳанганд. Зиёд нафаронанд, ки худро коммунист, демократ, сотсиалист ва ғайра ном мебаранд, аммо аз асли ин калимаҳо, аз маънии онҳо фарсахҳо дуранд ва дар муҳити фарҳангии солиме тарбия наёфтаанд. Ҳар касе ба номе ва ба рамзи холие, ки дар муҳити фарҳангии мо решае надорад, часпидаанд ва онро сиёсат меноманд ва дар асл ҳар кадом дар пайи майлҳои нафси бетарбияи хешанд. Кӯшиши шинохти муҳит ва ташкили фарҳанги сиёсии худро надоранд. Куҷо метавон як марксисти фикркунанда ва ё ягон демократӣ фикркунанда дар Тоҷикистон пайдо кард, ки тавонад воқеияти Тоҷикистонро дар контексти маҳаллӣ ва ё ҷаҳонӣ дуруст баҳо дода тавонад. Аз ин сабаб фарҳанги сиёсати солим ва сохтмони ҷомеаи солим дар мо нест...


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Колхозчи

  • 28 октябр 2013 15:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Чондоршо

  • 28 октябр 2013 15:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Мехмоншо барои мо фалсафаи кухнаро дар либоси нав мехонад. Чанд сол боз дар Точикистон нест, бинобар ин намедонад, ки холо мо чй пешрафте дорем...
Посух додан
  • abada

  • 28 октябр 2013 19:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
точикистон тамом уже хаминхел равад харакат ба давраи гуломдори. касеки Э Р дастгири мекунад падар ё худи онхо дар системаи онхо кор мекунанд пешрави танхо барои онхо хаст.
хаматон аз мачбурия пешрави хаст гуфта худатона алда накунед
Посух додан
  • tojik

  • 29 октябр 2013 10:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in tojikoni dar vatan budagi az hamsoyavu baze xudiho nagurextanu natarsida vatanro obodu tinj kardesan.jang doxta vairon karda gurexted inho obod kardesan az nav(0)xutona dono nagired tojikoni dar vatan budagi az shumohonda donotarand.
Посух додан
  • OZOD

  • 29 октябр 2013 12:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зинда бошед устод!!! То он даме ки шумо ва шумобаринхо дар фикри бехбудии ватан хастед, Худо хохад ба ягон натичаи манфие мерасем.
Посух додан
  • zara

  • 29 октябр 2013 13:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ofarin ustod, khudi huzuri fikrhoi shumo kame ham boshad umed ba fardo mebakhshand, shoyad in guzarish guzarada boshad, az holate karakhti hamai mardum ba dod omadaand, ammo namedonand chi kor kunand. Bazeashon ba misli komentatorhoe ki dar poyonand "Tojik" va "Jondorsho" ki khud bore ham ba berun nabaromadaaand (dar nazar doram az qutii fikriashon, ki begair az on quti digar chize dida va dark kuni nametavonand) in karakhtiro hatto hisham namekunand va fikr mekunand ki khud ki dar Tojikistonand, ba peshravii on sahme dorand :) khandovar "donohoi Tojikiston" :) behtarash kosalesonu lagandbardoroni Tojikiston, ki az dastashon hej chiz nameoyad, hatto yak maqolaro navishtan, in donogiyaton pas ba ki darkor-man hayron. Olimhoi beamal dar dunyo bisyorand.....
Посух додан
  • tojik

  • 31 октябр 2013 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xudat chi kore xube kardi ba vatanat?gurezapoho.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!