Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷирон дари хайру эҳсонро боз кунед

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон кулли сокинони кишварро табрик кард.


Тибқи иттиллои хадамоти матбуотии райисҷумҳур дар паёми табрикии сарвари давлат аз ҷумла омадааст, «Рўзи якуми август моҳи шарифи Рамазон – моҳи  раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо фаро мерасад. Рамазон моҳи сабру таҳаммул буда, ба инсон  матонату тобовариро меомўзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад ва дар ниҳоди ў парҳезгорию  ҳалолу пок зистанро  тақвият мебахшад. Бартарии ин моҳ аз дигар моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ дар он аст, ки Худованд дар моҳи мубораки Рамазон китоби муқаддаси Қуръонро ҳамчун қутбнамо ва ҳидоятгари мардуми мусулмон нозил кард. Моҳи шарифи Рамазон метавонад барои мову шумо, ҳамватанони азиз, моҳи хайру баракот гардад, агар дар ин давра мардуми мусулмони мамлакатамон ба аъмоли нек даст зада, дар якҷоягӣ барои оромию осудагии мардуми кишвар саъю талош варзанд».

Зимнан, райисҷумҳур аз ҳадис ёдовар шуда, муроҷиатномаи табрикотиашро идома додааст: « Дар ҳадисе аз қавли Паёмбари гиромӣ ба ин маъно ривоят шудааст, ки вақте инсон аз  дунёи фонӣ дармегузарад, ҳамаи амалҳои вай қатъ мегарданд, ба ҷуз се амали ў, ки подош ва аҷри он баъд аз маргаш низ барояш мерасад.  Аввал, садақаи ҷория, яъне корҳои хайре, ки инсон дар ҳаёти худ барои манфиати мардум анҷом дода бошад. Дуввум, донише, ки баъд аз худ гузоштааст ва мардум аз он баҳра баранд. Сеюм, фарзанди солеҳе, ки бо камоли хубӣ тарбият карда, ба воя расонидааст.

Райисҷумҳур ба соҳибкорону тоҷирон ишора карда гуфтааст, бахусус соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак дари хайру саховатро боз намуда, бо эҳтиром аз имоне, ки доранд, молу маҳсулоти худро ба бародарони мўъмин арзонтар пешниҳод намоянд ва ҷўёи савоб бошанд. Зеро дар ҳамаи корҳо ва хусусан дар тиҷорат, адлу инсоф ва сидқу вафо яке аз омилҳои асосии пешравии кор аст. Аз ҷониби дигар, маҳз дар адлу инсоф ва сидқу вафои тоҷир устувории имон ва эътиқоди ў ба арзишҳои исломӣ равшан мегардад. Дар ин робита Паёмбари акрам фармудаанд, ки «тоҷири ростгўи амонатнигоҳдор рўзи қиёмат ҳамроҳи паёмбарон, сиддиқон ва шаҳидон мебошад».
Дар фарҷоми табрикоти Раҳмон гуфта мешавад, ҳамватанони гиромӣ, аз Худованди таборак ва таоло, пеш аз ҳама, неъмати бебаҳои тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо, дар кору зиндагиатон ризқу рўзии фаровон, дастурхони пурфайзу баракат, рўзгору хонаи обод ва ҷавонмардиву олиҳимматиро  орзу менамоям. Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)