Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

ВИДЕО: Маҳкумияти Муҳаммадюсуф Исмоилов ба 11 соли зиндон

28 октябр 2013, 17:20

Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд рӯзи 28 октябр Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷикро, ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Додрас дар рӯзи охирини мурофиа, ки дар толори додгоҳи ноҳияи Ашт баргузор шуд, гуфт, оқои Исмоилов муваззаф аст, 6 ҳазор сомонӣ пули афроди “ҷабрдида”-ро, ки ба қавли ӯ аз роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардааст, низ бозпас гардонад. “Инчунин, Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон наметавонад тӯли панҷ сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад”,-афзуд ӯ. Қаблан, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парванда барои Муҳаммадюсуф Исмоилов 14 соли зиндон хоста, мусодираи амволи ӯро талаб карда буд.



Садриддин Саидов, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар сӯҳбат ба “Озодагон”, гуфт, аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ҳатман ба зинаҳои болотар шикоят хоҳад бурд. Ӯ аз бетаваҷҷуҳии додрас ба чанд пешниҳодаш дар бораи вақту соати дақиқи гирифтани гӯиё “пора” аз сӯи нафари таҳти ҳимояташ изҳори норизоӣ кард. Оқои Саидов дар идома боздошти Исмоиловро бештар ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ марбут донист. Ӯ гуфт, боздошти нафари таҳти ҳимояташ дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки дар чанд матлаб фаъолияти ҳукумати ноҳияи Аштро зери бори танқид гирифта, аз роҳҳои таъмирнодидаи ин ноҳия шиква кардааст.

Оқои Исмоилов ҳанӯз охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти умури дохилӣ боздошт гардидааст. ВКД он вақт дар иттилоияи худ гуфта буд, Исмоилов кӯшиш дошт, аз Санавбар Аҳадова, як сокини ноҳияи Ашт, 100 доллар “пора” бигирад. “Рӯзи 21 июни соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Маҳмадюсуф Исмоилови 53-сола, аз Санавбар Аҳадова бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ гирифтааст. Маҳмадюсуф Исмоилов боз такроран рӯзи 24 июн барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб менамояд”,-таъкид шуда буд дар хабарномаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Аммо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, ки оқои Исмоилов натанҳо аз Санавбар Аҳадова, балки аз чаҳор сокини дигари Ашт ҳудуди 6 ҳазор сомонӣ “пора” гирифтааст. Иттилое, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов онро ба куллӣ рад карда, танҳо сад доллари Санавбар Аҳадоваро кумакпулӣ донист, на ришвату пора. Вай гуфт, аслан аз касе тамаъҷӯӣ накардааст ва ҳаргуна қарори додгоҳро дар нисбати худ ноадолатӣ мешуморад.


Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо сарпарасти хонаводааш аст, ки ду кӯдаки хурд дорад. Инчунин, нигоҳубини хоҳари бузургаш, ки 74 сол дошта, маъюб аст, низ ба дӯши ӯ мебошад. Ин барои бори дувум аст, ки оқои Исмоилов ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт мешавад. Соли 2010, замоне ки ӯ ба ҳафтаномаи мустақили “Нури зиндагӣ” гузориш медод, мақомот ӯро бо ҷурми туҳмату таҳқир, маҳалгароӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт карда буд. Вале дар моҳи октябри соли 2011 таҳти фишори созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии дифоъ аз озодии матбуот аз боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд раҳо гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар барои 400 сомони 14 сол диханд, пас чаро муовини Раиси Суди Оли Нур Нуровро барои гирифтани 100 000 доллар пушти панчара набурданд? Кучост адолати суди?
Посух додан
  • Агар

  • 28 октябр 2013 13:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар барои 100 доллар 14 сол талаб кунанд, пас бояд барои тамоми кормандони сохахои мухталифи хукумат ки такрибан хар руз беш аз 100 доллари пора мегиранд, чи чазо муайян шуда бошад. Ба фикрам бояд беш аз 1 миллион соли ба хар як корманди давлати дода шавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачоиб! Чанд маротибае харакат карданд, ки марди бечораро барои сухани "ХАК"-аш паси зиндон кунанд, окибат рохи дигарро пеша гирифтаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тачрибаи 22 соли фаъолияти судхои Точикистон собит сохт, ки онхо кудрати чудо кардани муй аз хамирро надоранд ва хамиру муйро якчоя ба танур меандозанд. Холо мо надидааем, ки ягон маротиба дар давоми ин солхо ягон махкумшаванда аз толори суд озод шуда бошад. Хар талабе ки прокурор дод бо як ва ё ду сол каму зиёд кардан хатман конеъ карда мешавад. агар прокурор 14 сол талаб карда бошад, хукми суд на камтар аз 10 сол хохад буд. Хукми прокурор ин хукми суд аст. Сад афсус ки ин талаб конеъ карда мешавад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам аз боло супориш шуд,ки зер кунедаш, вагарна хамаи чиноятхои номбурдаро чамъ кунед чор сол хам намешавад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз қарори суд "харро ханда мегирад, бузро атса". Ин қарор боз собит месозад, ки на суду судяҳои Тоҷикистон мустақиланду, на тафтишот ва на адвокатҳояш. Фаолияти ҳамаи ин ниҳодҳо ба фармон аз боло сахт вобастагӣ дорад. Касе, ки режимро пайваста танқид кард, гирифтори балои инҳо мешавад. Ин режими диктаторӣ як чизро талаб мекунад, "даҳони баста сад тилло!" "Коратон набошад, "власт" дар дасти худамон аст. Чизе ки хоҳем, мекунем!" Боз баъзеҳо ҳайрон мешаванд, ки чаро халқи кишварҳои Африқои шимолӣ шӯриш бардошт. Кӣ медонад, онҷо чиновникҳо бо халк чӣ гуна муносибат мекарданд?
Посух додан
  • Точикбача (1)

  • 28 октябр 2013 17:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Уро, ба фикрам барои гам гирифтани пора ба 11сол зиндон карданд.
Посух додан
  • tojik

  • 29 октябр 2013 10:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in josus ast 100-sol tiedash.dar uzbakiston inxelakoya yakumri metiyand.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!