Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:54

Шабохуни миллатгароёни рус ба қатори Тоҷикистон ва нотаи сафорат

29 октябр 2013, 09:05

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шабохуни миллатгароён ба қатори хатсайри Маскав-Душанбе хабар дода, аз бефаъолиятии мақомоти дахлдори Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Тавре Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” хабар дод, шаби 26-уми октябр, тақрибан соати 23:15 дақиқа, гуруҳи беш аз 20-нафараи афроди номаълум, бо симои славянӣ ва шиорҳои миллатгароёна ба қатори самти Маскав – Душанбе ҳамла намудаанд, ки дар натиҷа мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ба иттилои манбаъ ҳамлагарон тирезаҳои 7 вагони ин қаторро шикаста, ба он зарар расондаанд.

Сафорат аз он нигаронӣ дорад, ки пулиси маҳаллӣ ва кормандони роҳи оҳани Русия, ки зимни ин ҳамла дар ҷои ҳодиса ҳузур доштаанд, ягон аксуламале нишон надодаанд, то ин шабохун ҷилавгирӣ шавад: “Зиёда аз ин ду нозири амниятии роҳи оҳан дар вилояти Астрахан, ки бояд ин қаторро то сарҳади Русия ҳамроҳӣ мекарданд, дар баробари ҳуҷуми афроди номаълум бефаъолиятӣ нишон додаанд ва ҳатто ба мақомоти дахлдори Русия иттилоъ надодаанд.”

Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ниҳодҳои Русия талаб дорад, ки қазияи мазкурро мунсифона таҳқиқ намуда, зараре, ки ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” расонда шудааст, ҷуброн гардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сорбон

  • 29 октябр 2013 09:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин фашистон гузаронданд ку! Хамин хел рафтан гирад, адекватний чавоб додан даркор. Агар аз Кафкозу Осиёи Марказй хамин хел русхоро пеш кунанд, окибаташ чй мешавад?
Посух додан
  • Partav

  • 29 октябр 2013 09:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ниҳодҳои Русия талаб дорад, ки қазияи мазкурро мунсифона таҳқиқ намуда, зараре, ки ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” расонда шудааст, ҷуброн гардад. ?????????????
Шахрванди точик латхурд,захм бардошт,чарохати чисмони бардошт,чарохати рухи бардошт,модарону падарону оилахояш хавотир шуданд,хуни чигар шуданд!Чуброни рохи охана чи кунем?????
Ээээ афсуссссс.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман бовари дорам, ки ин махалгароён хамон макомоти Русия буданд, ки бо фармоиш ин корро анчом доданд....
Посух додан
  • точик

  • 29 октябр 2013 14:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мо бояд ин тавр хомуш нанишинем! Мо низ бояд аз хоб бедор шавем, дар Москов наметавонем пас бояд дар Душанбе дар назди сафорати Руссия ва дар назди бинои хукумат гирдихамои ташкил намуд то Руссия низ артиши 201-и худро аз Точикистони мо берун кунад! Ман яке аз нафароне хастам ки зиёда аз дах сол боз аз хисоби мухочират зиндагиамро пеш мебарам, лекин ин махалгароён гузаронданд, агар хамин корро дар душанбе барпо кунанд ман аз аввалинхо шуда ба майдон мебароям бигзор дар хона гурусна мешинаму дигар ба русия намеравам ба дилам зад ин махалчигии онхо! хезед аз чоятон!!!! то мо нахезем на ин мардуми фашист на хукумати мо бедор намешавад!
Посух додан
  • Dev

  • 29 октябр 2013 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
точик,
Hukumat hohishi bedorshavi nadorad , chun hukumati pukini ast.Hudi hukumati mo mardumashro majburi gulomi omuhta istodaast. Yak ideyai kul nest ,ki mardumro ba ham orad, yakdil kunad , hamdigarjor gardonad
, holo bined,ki omada moi hamdigarbadbinro dar hudi honamon shapida meravand , albatta bo erii hukumati hudamon.In lagadhurihoi tojika mebini devona meshavi, ohir nahod nashavad dar nazdi saforati Russijo miting kardan...Bijoed rafikon jo zindagi kunem odamona , boobrui nek jo murem hubtar bo in ahvol !!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!