Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

ВИДЕО: Ҷавоби сокинон ба суоли “аз номзадҳо киро мешиносед?”

29 октябр 2013, 09:27

Ин дафъа наворбардори “Озодагон” аз сокинони пойтахт пурсид, чанд нафар довталаби курсии президенти Тоҷикистон буда ва онҳое кадоме аз ин номзадҳоро мешиносанд. Агарчӣ баъзеҳо дар посух ба ин суол намедонистанд, чӣ ҷавоб бигӯянд, аксарият танҳо аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон ном мебурданд.

Танҳо яке аз назардиҳандагон аз Олим Бобоев, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Сайидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ном бурд. Бархе аз назардиҳандагон ҳатто тахмин мезаданд, ки теъдоди номзадҳо даҳ нафар аст. Ин дар ҳолест, ки то замони баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон камтар аз даҳ рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор ва дар он шаш довталаби курсии президентӣ иштирок мекунанд. Дар оғоз ҳафт нафар довталаби ин курсӣ буданд, аммо ба далели пешниҳод накардани имзои гирдовардааш Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, дар Кумисюни марказии интихобот расман сабтином нашуд ва аз бозӣ берун гардид.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • reirjh,jq

  • 29 октябр 2013 10:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шармандагист -инро шуури сиёсии шахрванди мегуянд , канда занед точико мо факат гайбат карда метавонему халос.
Посух додан
  • озод

  • 29 октябр 2013 11:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Президент аз галабаи худ дар Восеъ бо он, ки руйхати сохибкорони иншоотсоз аз тарафи макомоти махалли пешниход шавад ва он аз тарафи президент тахти назорат карор дода мешавад, дарак дод ва Исмоил Талбак аз маглубият ва муттахид шудан дар атрофи голиб

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!