Бахшҳо

Талбаков: Аввалин коре, ки мекунам, “Ҷаноби Олӣ”-ро мебардорам

Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати пирӯзиаш ба касе иҷоза нахоҳад дод, ки ӯро бо ибораи “Ҷаноби Олӣ” хитоб кунанд.

Оқои Талбаков дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ҳамагон хоҳиш мекунад, агар дар интихоботи президентӣ ғолиб шавад ё худ дар ғайри ин сурат низ ӯро на “Ҷаноби Олӣ”, балки “Рафиқ Талбаков” ё “Рафиқ президент” садо кунанд. Ба андешаи ин муддаии курсии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, хитоб кардани ашхос бо ибораи “Ҷаноби Олӣ” ё худ вожаи “Ҷаноб” ин як навъи хушомадгӯӣ мебошад, ки ҳатто раисиҷумҳури вақт низ онро хуш надорад: “Ҳар вақт вожаи “Ҷаноби олӣ” гуфтӣ, алакай як лаганбардорӣ эҳсос мешавад. Ҳатто борҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз раҳбарони вазорату шаҳру навоҳии кишвар хоҳиш кардааст, ки ӯро Ҷаноби олӣ хитоб накунанд.”

Исмоил Талбаков изҳор медорад, принсипи асосии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин баробарию бародарӣ ва рафоқат мебошад. Аз ин рӯ, ба андешаи ӯ, ҳангоме ки шахс ба мухотаби хуб, сарфи назар аз он ки калонсол ё хурд аст, аз вожаи “Рафиқ” истифода кунад, ин принсип иҷро шуда, як навъи бародарию баробарӣ ба миён меояд: “Яъне аз он шаҳодат медиҳад, ки ту он нафарро баробари худ медонӣ. Чун мо ҳама инсонем ва баробару бародарем. Боқӣ ҳама вазифаи хидматӣ, аз ҷумла вакилӣ ё президентӣ мебошад, ки мардум бар дӯши ту мегузоранд.”

Номзади Ҳизби комунисти Тоҷикистон ба мақоми президентӣ мегӯяд, дар гузашта мушоҳида нашудааст, ки боре раҳбари ҳизб ё худ давлатҳоро ҷаноби олӣ садо карда бошанд, балки рафиқ фалонӣ гуфта, хитоб менамуданд. Барои мисол: Рафиқ Сталин, рафиқ Ленин, рафиқ Чавес ва ғ..

Исмоил Талбаков меафзояд, то ҳол боре аз ибораи ҷаноби олӣ ё худ ҷаноб истифода накардааст, ҳатто дар вохӯрӣ ва хитоб бо раисиҷумҳури кишвар низ: “Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2006 дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба рақибонаш ғолиб омад, моро сари миз даъват кард ва ман дар он вохӯрӣ низ чандин бор ба ӯ на Ҷаноби олӣ, балки Рафиқ Раҳмонов ё Эмомалӣ Шарипович хитоб кардаам.”

Исмоил Талбаков, ки айни ҳол вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунист мебошаду аз тарафи ин ҳизб номзад ба мақоми президентӣ дар интихобот пешбарӣ шудааст, барои бори дувум ба дарёфти курсии президентӣ вориди рақобат мешавад. Вай соли 2006 бо Эмомалӣ Раҳмон, Абдуҳалим Ғаффоров, Олим Бобев ва Амир Қароқулов вориди корзори интихоботи президентӣ шуда, аммо натавониста буд раъйи кофӣ ба даст биёварад.
Мӯҳр
а
Эмомали Шарипович ин хитоби руси аст. Сиесатдорони мо худ камфарханганд.

И рафики мо Исмоил Талбаков хуб мешуд ки хавлии хонае ки ичора дода аст ва дар майдони кудакон чойгир аст аввал хонаашро аз он чо бардорад то ки майдончаи бачагон барои футболбози куни онхо, чой пайдо шавад. Хозир дар ончо тамоман ягон чойи бози нест дар назди он хавли боз ким кадом шахси мансабдор рафта хонаи баланд ошёна сохта истодааст. Эхтиронома аз Журналистон хохиш мекунам ки рафта таштиш кунан ш. Душанбе 2 -юм советский рохи мошинбозор назди богчаи кудакон аниктараш рубаруи богчаи кудакон хамон чой майдони футболбози кунии кудакон аст. На чои барои хавлии 3 ошёнаи Исмоил Талбаков аст ки онро ичора додааст.

хай Эмомали Шарипова гуем,чи -намеша ?
ба точики чи хел бояд -бошад дурусташ ?

Баходур
Ин "чаноби оли" аз эронихо аст. онхо хамаро чаноби оли мегуянд вакти хитоб кардан. Хатто баъзе вакт барои киноя истифода мешавад, ё мардхо занхои худро бо киноя чаноби оли мегуянд ва ё баракс.

д
Барои президент шудан дилу гурда доштан зарур аст. Талбаков аз руи сценарияи муайян накш бози карда истодааст. Ки бовар мекунад ки Талбаков дар хакикат ба Рахмонов ракобат кардани аст? Бобоназарова дар хакикат ракобат мекард, лекин бо у чи кор карданд, ба хама маълум.

набераи Лелин
ягона гапи нисбатан хуб ва ба фоидаи ҷамъиятро акаи Исмоил гуфтанд ва банда аз ибораи ҷаноби холи аллергия дорам ва ба хотири ана ҳамин гап ва халоси аз марази лагандбардорӣ аз ноилоҷи сад фоиз ба тарафдории номзади арзанда муҳтарам Исмоил Талбаков овоз медиҳам.

Маъруф
Офарин рафик Талбаков, мо бо Шумоем! Агар ин тавр мекардед, бехтарин кор мешуд.

Гиёси, шахри Душанбе
Бародари беном, барои ин кашфиётат "ташаккур". Аммо аввалан фаромуш накунед, ки хар як шахрванди Чумхури мутобик ба талаботхои Конститутсия (Сарконуни Чумхурии Точикистон, хукук ба манзилро дорад. Дувум ин ки дар шахри Душанбе, ба шарофати сахтгирию риояи катъии талаботхои Конститутсия ва Конунгузорихои кишвар аз чониби Раиси шахри Душанбе мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев ва Карорхои ба тавсиб расонидаи Раис , касе наметавонад, ки худсарона дар худуди марзию маъмурии шахри Душанбе ягон бино бахусус хонаи истикомати бунёд намояд. Агар тамоми рузноманигорон-дах бораву садбора тафтиш хам кунанд, Исмоли Талбаков-ро барои амалхои гайриконуни ё ин, ки худсарона гасб кардани замини бинои истикомати гунахкор кардан наметавонанд. Зеро Талбаков Исмоил вакили Макомоти олии Конунбарории кишвар буда, худ гуломи конун аст. Аз ин ру эхтиромона хохиш мекунам, ки ба ин игвогарию, тухматбофи ва бадномкунии ин инсони комилу фозил хотима бахшед. Дар сурати дигар худатонро гарчанде аз халк пинхон карда бошед хам аз Худованди Бузургу Бехамто пинхон крадан наметавонед. Боки хамаашро ба имону вичдони Шумо бародари беному тахлилгарони сомонаи "Озодагон" хавола мекунам.

“Ҳар вақт вожаи “Ҷаноби олӣ” гуфтӣ, алакай як лаганбардорӣ эҳсос мешавад. Ҳатто борҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз раҳбарони вазорату шаҳру навоҳии кишвар хоҳиш кардааст, ки ӯро Ҷаноби олӣ хитоб накунанд.”
1) Ин гап, ба фикрам дуруг аст: агар Э.Р. "аз раҳбарони вазорату шаҳру навоҳии кишвар хоҳиш мекард, ки ӯро Ҷаноби олӣ хитоб накунанд”, онхо ки лабайкгу хастанд, хатман хохиши уро ичро мекарданд.
2) Агар дуруг набошад, аз он шаходат медихад, ки а) рохбарони вазорату шахру навохии кишвар, аслан фармудаи президентро ба инобат намегиранд ва ичро намекунанд; б) Э. Р. дар хузури мардум ин харфро гуфта ва баъд дар сухбати танхо ба танхо афзуда: шухи кардам, чун пешина идома дихед!

Ном
Сарлавхаи зур гузотаи, Озодагон! ))) Ман ва шояд бисёрихо низ фикр кардем, ки на самом деле мебардорад. Хайрон шудам, аз кучо чунин далериву шучоъати Талбакуф ру зад? Модом, ки маколаро то ахир хондам, боз хамон сафсатахои кухнашударо дарёфтам.

д,
Бародар барои президенти дилу гурда не балки аввал акли солиму инсофи комил даркор, ки вакте интихобаш кардан боз беакл нашаваду аз кафои сер кардани чашмони гуруснаи худ шавад, ки агар шикам бо як коса об сер шавад чашми бад нафси беакл бо моли дунё пур намешавад ва агар инсофи комил набошад гропхои халкатро аз Русия равон мекунанд таъсират намекунад.....
Калимаи "президент"-ро махсус ман тули дах соли ахир мисли директори колхоз медонам....

Бародари гироми Гиёс! Ма як шахсе хастум ки бе факту далел сухан намекунум. Ман намедонум ту ки чии ай кучои неки Номи Махмадсаид Убайдуллева гирифти. Ишам гуфтаниюм ки Ришва ситонии хамаи Органхои Точикистон аз чумла кумитаи замине ки хами корда сафарбар карда шудааст Лошахуран хамаш. Баъд ин ки Исмоил Талбаков медона ки хамуча чанд сол шудаст, ки проблемахай намояндаи халкай Талбаков чаро чора намеандеша. Раиси хаму махала чандбор хабардор кардагияй! и шахсиятода до лампочки у кого какие проблемы самый главный аренда бута, актива чамъ куна имруз пагох пенсия мерава бад дер мешава. Вот как думают наше чиновники. Барои хами бародар нагу ки гапои ма игвогарию тухматан. Ма фикр мекунум ки рафтагии дидагии Рохи Мошин бозора уча бо Як тавакуфгохи наклиётие хаст ки бо як рохи фанду фиреб сохтагиян проекта мега 1 миллионахай миёя месоза 250 хозор долларда. Дигар сумма хукумати шахр кати хаму одаме ки имзора барои сохтани иншоот мега таксим мекунан. Ягон гапи бе ассос зада бошум бахшиш)))) неки ма медонум ки хамаи гапо ассос доран
Гиёси, шахри Душанбе,

саид
талбаков ту хам як лаганбардор асти хизби коммунист агар хизби хакики мешуд да муддати 70 сол пош хурд барои ки хизби бехудо буданд ба ту ки овоз медихад охир шумо хам чун як лухтак дар дар дасти ХХДТ астед бехуда ташвиш накаш 000.5 фоизи ахоли шумода овоз намедихад ленин бародар рахнамо гуфта гард

Рахмон для видимости демократии нашёл кандидатов в президенты-подставышей, вот они и создают якобы демократию. Стыдобища, страна катится к полному краху.

Муслим
Бузак бузак намур ки бахор миёя ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)