Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:26

Маскав гуфтааст, зиёни расида ба қаторҳои Тоҷикистонро ҷуброн мекунад

31 октябр 2013, 09:01

Масъулони ширкати Роҳи оҳани Русия гуфтаанд, ҷуброни тамоми зиёнеро, ки дар пайи ҳамла ба қаторҳои Маскав-Душанбе ва Маскав-Хуҷанд расидааст, пардохт хоҳанд кард. Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, як масъули Хадамоти мусофирбарии Роҳи оҳани Тоҷикистон, бо тасдиқи хабар гуфт, ҳамтоёни русашон дар ин бора ба онҳо нома фиристодаанд.

Оқои Абдураҳмонов мегӯяд, ҳамла ба қаторҳои Тоҷикистон шабохун ва ё ҳуҷуми ҳадафмандона набуда, танҳо як гуруҳи кӯдакон ба сӯи қаторҳои Тоҷикистон санг партофтаанд. Мақомоти тафтишотии Русия ҳам ин ҳамлаҳоро танҳо як авбошӣ номидаанду бас.

Шаби 26 октябр гуруҳи беш аз 20-нафараи афроди номаълум, бо симои славянӣ ва шиорҳои миллатгароёна ба қатори самти Маскав-Душанбе ҳамла намуданд, ки дар натиҷа мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Сафорати Тоҷикистон дар ҳол аз он нигаронӣ кард, ки пулиси маҳаллӣ ва кормандони роҳи оҳани Русия, ки зимни ин ҳамла дар ҷои ҳодиса ҳузур доштаанд, ягон аксуламале нишон надодаанд, то аз ин шабохун ҷилавгирӣ шавад.

Сафорат аз ниҳодҳои Русия талаб карда буд, қазияи мазкурро мунсифона таҳқиқ намуда, ҷуброни зарареро, ки ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” расидааст, бипардозанд. Аммо мақомоти Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамлаи миллатгароёнро танҳо “сангпартоии 1-2 кӯдак ба сӯи қатор” арзёбӣ карда, онро ҷиддӣ надонистанд ва ҳам гуфтанд, “ба ин масъала набояд обуранги сиёсӣ дод”.

Ин изҳороти Роҳи оҳани Тоҷикистон хашми сафорати кишвар дар Русияро барангехт ва масъулони он дар як баёния хостанд, то мавқеъгирӣ дар қиболи чунин амалкардҳо ҷиддӣ бошад. “Изҳороти “Роҳи оҳани кишвар ҷуз таскини бардурӯғи худамон маънои дигаре надорад. Наметавонад 1-2 кӯдак 6 тирезаи қатораи даргузарро бишканад",-таъкид шудааст дар баёнияи сафорат.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!