Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:27

Раҳмон камераҳоро дар Душанбе санҷида, баъд фаъол мекунад

31 октябр 2013, 10:06

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 31 октябр камераҳои назоратии насбшуда дар Душанберо аз санҷиш хоҳад гузаронд. Мақомот мешӯянд, дар сурате ки камбудие ёфт нашавад, камераҳо аз 1 ноябр фаъол хоҳанд шуд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Шукрӣ Зубайдов, раҳбари корхонаи васлу истифодаи назди раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон хабар дод. Зубайдов гуфт, "дурбинҳо дар хиёбони Рӯдакӣ, аз Фурудгоҳи байналмилалӣ то маҳаллаи Воданасос насб шуда, ҳамаи мушкилоти техникии онҳо низ бартараф шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази идораи дурбинҳои назоратӣ дар ВКД кори камераҳои назоратиро месанҷад ва агар ягон камбудӣ пайдо нашавад, 1 ноябр бахши аввали лоиҳа фаъол хоҳад шуд.”

Шукрӣ Зубайдов афзуд, инчунин дар 18 гузаргоҳи пойтахт корҳои сохтмонӣ ва насби дурбинҳо давом дорад. Қаблан, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор дошта буд, то моҳи ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар 855 камераи назоратӣ насб мешаванд, ки хароҷоти миёнаи насбу ба истифодадиҳии ҳар кадомашон ҳудуди 25 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин тарҳ бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошад, амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад.

Дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” аз ҷониби ширкати «Ҳуавей» мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Гуфта мешавад, ин тарҳ барои таъмини тартибот дар кӯчаҳо ва ҷилавгирӣ аз фасодкории нозирони роҳ мусоидат кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • а

  • 31 октябр 2013 10:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин корро хам президент мекунад? Магар айб нест?
Посух додан
  • tojik

  • 31 октябр 2013 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
puli kalon sarf shudaast hatman boyad prezident nazorat kunad.in baroi bexatarii vatanu xalk ast behtarin.
Посух додан
  • Дилёб

  • 31 октябр 2013 11:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин камерахо кариб як мох мешавад ки кор мекунанд, гар чанде расман ба фаъолият шуруъ накарда буданд. Аммо намедонам барои чи садамаи Писари Хукумовро сабт карда натавонистанд. Ба фикраи ин камерахо низ мисли кормандони ВКД аз диданни таббохкорихои калонхо чашм мепушанд ва ё дар ин гуна мавридхо руяшонро ба дигар самт мегардонад. Боз мебинему шохид мешавем.
Посух додан
  • Камера

  • 31 октябр 2013 12:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин камерахо номи калонхову бачахояшон сабт шудааст, вакте онхо аз рох гузаранд камера хомуш мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!