Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 21:28

Бонки миллӣ назорати пулҳои калони воридотиро пурзӯр мекунад

31 октябр 2013, 10:23

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, минбаъд маблағҳои калони ба кишвар воридшавандаро мавриди назорату таҳлили бештар қарор медиҳад.

Бонки миллӣ мегӯяд, ин иқдом алайҳи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона шуда, аз тарафи Департаменти мониторинги молиявии ин бонк амалӣ мегардад.

Ин ниҳоди молиявӣ таъкид мекунад, мутобиқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” ва меъёрҳои байналмилалии мубориза ба шустани пул, баробари маблағҳои калони воридшаванда, инчунин кӯмакҳои молиявии бебозгашт (грант) низ таҳти назорат қарор дода мешаванд.

Бонки миллӣ таъкид мекунад, ки зимни назорату таҳлили маблағҳо, ба фаъолияти ташкилотҳо дахолат намешавад ва танҳо дар бораи ба кадом мақсадҳо равона гардидани ин маблағҳо маълумоти заруриро дастрас мешаваду халос.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!