Бахшҳо
31 окт 2013 10:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Исмонов: "Ҳамаи ширкатҳои мобилӣ бояд давлатӣ шаванд"

Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ба мақоми президентӣ, зимни муаррифии барномаи пешазинтихоботияш тариқи шабакаҳои телевизионии давлатӣ пешниҳод кард, ки ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон давлатӣ карда шаванд.

Исмонов гуфт, ширкатҳои мобилӣ даромадҳои ҳангуфт доранд ва таъкид намуд, ки фаъолият дар ин соҳа мушкил нест. Ин номзад ба мақоми президентӣ илова намуд, ки ҳамаи маблағҳои то ҳол сарфнамудаи ширкатҳои мобилӣ бозпас дода шаванд ва худи соҳаи мобилӣ ба инҳисори давлатӣ табдил дода шавад.

Ӯ баробари давлатӣ намудани ширкатҳои мобилӣ инчунин пешниҳод кард, ки тиҷоратҳои дигари даромаднокро низ давлат ба дасти худ гирад ва дар ин қатор бозори маводи сӯхту озуқаро низ ном бурд. Номзади ҳизби демократии Тоҷикистон муътақид аст, ки ба ин роҳ даромади буҷаи давлатӣ зиёд хоҳад шуд.
Мӯҳр
safar
Yak chize ki obod ast chi chaqqa meshi? Yagon chizi vayrona obod kun, mard boshi.

Далер
Ва ин гапро раиси Хизби Демократ гуфт. Чи кадар беаклона... Охир Исмонов ту рохбари сосиалистхо е ки комунистхо нести. Хайфи хизби деморатон шави ту. Даромади хангуфти ширкатхо ба ту чи тааллук доранд? Тавони агар, ширкати мобилии давлати кушо ва ракобат кун. Хамин точикои моя мантикаш тамоман дигаргун шудааст. Хама чизро бо зури бо рохи аз худ кардан мебинанд. Боз хамин одам дар интихобот ягон 5% овоз мегирифтагист. Хайф сад бор хайф...

ф
Исмонов

Гап мезани, як гапе бизан ки маъно дошта бошад. Давлати ки шуд бардак мешавад.

Шамс
Чаноби С.Усмонов ба хама маълум аст,ки хизби шумо хам яке аз хизбхои кисагии Э.Рахмон мебошад, барои хамин Шумо ХДТ-ро ба хизби гайри демократи Точикистон(ХГДТ) табдил дихед.

р
Дируз дар телевизиони Сафо пачакои Исмонова бароварданд. Ягон чавоби дуруст надод. Мисли як муттахам буд.

Чаноби Икс
Хахаххаха...."Дируз дар телевизиони Сафо пачакои Исмонова бароварданд. Ягон чавоби дуруст надод. Мисли як муттахам буд."

ф,
ф,
Далер,
Исмонов рост мегуяд, кайхо ин корро кардан даркор буд. Офарин!!!!!!

Садкаи унвони илми шави наход надони ки бештари ширкатхои мобили моли хоричихо аст худат мардуми точикро гумрох накун Бечора миллати точик наход такдири ту дар дасти хамин гуна авомфиребон монда бошад вой бар холат

ШИРКАТИИ ИРС РОХХОИ ПУЛАКИРО ДАВЛАТИ НАМЕШАВАД ХА ?????????safar,
safar,

Бо кадом рох давлати мекуни вакте Директорхои ширкатхои мобили рози нашанд. Аз лицензия тарс хохи дод? Бозори озод! ракобат кардан даркор на ин, ки чизи ободаст дар ончо 3-4 хазор одам кор мекуна, ту гириву давлати куни, маошро ниш ба мисли маоши давлат 700-1000 сомони дихи чойхои нави кори ташкил кун. Шахрвандора хукукоша дар кишвархои хорич химоя кун. И масъалае, ки шумо сухан кардед Вазароти Алока солои 2007-2008. и масъалара бардошта буд неки натонист карда. Хама вакт мехоханд чизи обода ба даст оранд.

Олим
ф, Рост гуфти иг аблахист, садкаи 210 хазор имзои тарафдоронад шави, Ленин ки Ленин буд баъди 5 соли революция фахмид ки хато кардаааст ки хамаро умуми халки кардааст " НЭП" "Шаг перёд, два шага назад", он чиз ки сохибмулк дорад ривочу равнак меебад, агар давлати бошад, касод мешавад барои он ки сохиби аники дилсуз надорад, ба ин гунахо овоз додан хайф аст

шодмон
дар точикистон хамин кадар ободи хаст хаминашам вайрон кунед аз шумо барин мардхо хазор бор бобоназарова бехтар аст
safar,

Носир87
Оё ин медонад ки бо ин пешниход тамоми сохаро ба касоди меорад? Ин мебоист гуяд, ки бар ивази иштирок дар ин мазхака чй вазифаро ба у ваъда доданд

ченго
дарачаи саводнокиаш аз фикррониаш малум и мардак нав кохозу совхоз ташкил кадани

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)