Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:05

Хуруҷи дарди меъдаи Зайд Саидов дар боздоштгоҳ

31 октябр 2013, 12:47

Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, аз се вакили мудофеи ӯ хостааст, то дархости худро дар бораи ташхиси ДНК як бори дигар пешниҳод кунанд. Вай ин ҳарфҳоро рӯзи 31 октябр дар сӯҳбат бо Шӯҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров – вакилони мудофеи раҳбари боздоштшудаи Ҳизби Тоҷикистони нав дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баён доштааст.

Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи оқои Саидов, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “дар мурофиаи қаблӣ Зайд Саидов эътироз кард, ки агар ташхис дубора гузаронда нашавад, дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат нахоҳад дошт. Ҳоло раисикунандаи мурофиа гуфт, мо як дархости дигар бо ҳамин мазмун дошта бошем.” Ин вакили мудофеъ афзуд, ҳоло бо далели бад шудани вазъи саломатии Зайд Саидов аз Шавкат Абдулхайров хостаанд, то рӯзи 7 ноябр танаффус эълон кунад.

Қарор аст, баъд аз анҷоми танаффус вакилони Зайд Саидов дархости худро барои гузаронидани ташхиси ДНК берун аз Тоҷикистон ба додгоҳ пешниҳод намоянд. Исҳоқ Табаров мегӯяд, баъд аз рад гардидани пешниҳоди қаблиашон оид ба гузаронидани ташхиси ДНК вазъи саломатии Зайд Саидов бад шуда, дарди меъдааш дигарбора авҷ гирифтааст.

Зайд Саидов рӯзи 23 октябр бо изҳори нобоварӣ ба мустақилӣ ва беғаразии Шавкат Абдулхайров -- додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандааш эълон карда буд, дар мурофиаҳои баъдӣ иштирок нахоҳад кард. Ин эътирози Зайд Саидов баъд аз он буд, ки додгоҳ дархости ӯ ва се вакилашро дар бораи ташхиси генетикӣ дар парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” ва тағйири додрас дар ин мурофиаи додгоҳӣ рад кардааст. Онҳо дархост карда буданд, ташхиси генетикӣ бояд дар яке аз давлатҳои Аврупо гузаронда шавад ва харҷи онро тарафи Зайд Саидов пардохт хоҳад кард.

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12 сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дошт. Мақомот оқои Саидовро, ки 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуда буд, дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, сирқати амволи давлатӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам медонанд. Гуруҳи тафтишотӣ мегӯяд, яке аз ин ноболиғон аз оқои Саидов фарзанд дорад ва ташхиси хунӣ ё ДНК-и он дар яке аз лабораторияҳои хусусии Русия гузаронда шудааст, ки ба нафъи раҳбари Тоҷикистони нав нест. Аммо Зайд Саидов ва вакилони мудофеи ӯ ин ташхиси хуниро ғайриқонунӣ медонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд Саидов бегунох аст хатогиаш хамин аст ки Хизби нав ташкил кардани буд барои хамин да Э.рахмонов намефорат аз соли 1994 инчониб моли давлатро Рахмонов бо хамрохии хешу табораш истифода бурдааст на Зайд Саидов.
Посух додан
  • томирис

  • 1 ноябр 2013 07:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
З.Саидов бояд худои худашро гуфта карор менишаст. бехуда намегаянд. ки "маст шуда аз худ рафтааст" Окибати масти ба пасти.
У худаш кист. ки касе аз у тарсад. Пояшро бе чени курпааш дароз мекарду оромона умр ба сар мебурд.
Посух додан
  • kulob

  • 1 ноябр 2013 11:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Namedoni Zaid Saidov cheli odamay gap naza barodar ba fikrm hdt davlatda kor mekni i suhanhora meguy .
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НИЗОМИИ БУЗУРГ ГУФТААСТ: "АФТОДАНИ НОФИТОДА САХТ АСТ". ВОКЕАН БАРОИ КАСЕ КИ УМРЕ БО НОНИ ХАЛОЛУ МЕХНАТИ ХАЛОЛ БУЗУРГ ШУДААСТ, БО НОМИ НЕКУ ПОКДОМАНЙ УМР БА САР БУРДААСТ, ТАХАММУЛИ ИНЧУНИН ТУХМАТУ БУХТОН ОН ХАМ БЕ БУРХОН ХЕЛЕ САХТ АСТ. ВАЛЕ БОЗ ХАМ ИН ЗАЙД АСТ КИ ТАВОНИСТААСТ ТО КУНУН БА ИН ХАМА РАНЧУ АЗОБУ ТАХКИР ТОБ БИЁРАД. ВАКТЕ ДАР ИНСОН ИМОН ТАШАККУЛ МЕЁБАД, МУШКИЛОТ БАРОЯШ АЗ СУЙИ ХУДО САХЛ МЕГАРДАД, ЧАРО КИ МУКАРРАБИ ХУДО МЕШАВАД. ИЛЛОХО ЧУНИН БОШАД!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!