Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:33

Тоҷикистон хостори афзоиши парвозҳо ба Маскав шудааст

31 октябр 2013, 13:56

Тоҷикистон ба Росавиатсия пешниҳод намудааст, ки теъдоди парвозҳо аз Душанбею Хуҷанд ба Маскав зиёд гарданд, аз ҷумла дар самти Хуҷанд то 14 адад дар як ҳафта расонда шаванд.

Тавре сомонаи расмии Росавиатсия хабар медиҳад, теъдоди мусофирон аз Маскав ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бо назардошти ин Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки хатсайрҳои нав ифтитоҳ гарданд: “То ҳол дар самти Маскав-Хуҷанд танҳо ду ширкат, “Тоҷик Эйр” ва S7 ба мусофиркашонӣ машғул будаанд ва маҷмуан дар як ҳафта 7 парвозро анҷом медодаанд. Аммо ниёз ба хатсайрҳои нав дар ин масир бештар аст.”

Ба иттилои масъулини Русия онҳо айни ҳол муроҷиати иштирокдорони бозор, ё худ ширкатҳои ҳавоиро барои кор дар хатсайрҳои Маскав-Тоҷикистон интизоранд.

Валерий Окулов, муовини вазири нақлиёти Русия дар суҳбат бо хабаргузории “АвиаПорт” гуфтааст, мусофиркашӣ аз Маскав ба Тоҷикистон хусусияти мавсимӣ дошта, ниёз ба зиёд намудани парвозҳо ҷой дорад. Ӯ таъкид намудааст, ки то ҳол худи мақомоти ҳавоии Тоҷикистон мухолифи ифтитоҳи парвозҳои нав буданд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, ширкати ҳавопаймоии “Осиё Экспресс” (Asian Express) хатсайрҳои наверо аз Тоҷикистон ба самти Русия боз кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии "Осиё Экспресс”, ки нахуст соли 2013 фаъолияташро дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон шуруъ кардааст, дар ҳоли ҳозир соҳиби ҳавопаймоҳои навъи BAe Avro RJ85 ва RJ100 барои хатсайрҳои дохилӣ- минтақаӣ, Airbus A320 барои хатсайрҳои самти Русия, кишварҳои Аврупо ва Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!