Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:43

Фаъолшавии камераҳо ва нигаронӣ аз пойгаи "калонзодаҳо" (АКС)

31 октябр 2013, 17:33

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди зуҳри имрӯз, 31-уми октябр, марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии “Шаҳри бехатар” ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор даровард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба маркази идораи ин лоиҳаи инноватсионӣ дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ омада, шабакаи мутамаркази камераҳои видео ва аксбардории роҳҳои шаҳри Душанберо ба кор даровард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон камераҳои назоратӣ кори нозирони ҳаракат дар роҳро хеле осон мекунанд: “Ягон қонуншикан ва вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат беҷазо нахоҳад монд, зеро тамоми воқеаҳои нохуш сабт мегарданд ва касе ба қонуншикан кумак расонда наметавонад. Ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад. Дар сурати босифат ва самарабахш амалӣ шудани лоиҳа дар шаҳри Душанбе ин кор дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ амалӣ хоҳад шуд.”

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар 9 моҳи соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1033 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 350 нафар фавтида, 1110 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Манбаъ мегӯяд, ҳоло ҳам ҳолатҳои қоидавайронкунӣ, аз ҷумла итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия ва чароғаки роҳнамо, сабқату суръатафзоӣ ва доир намудани пойгаи мошинҳо, инчунин содир намудани садамаҳои нақлиётии марговар аз тарафи фарзандони шахсони мансабдор, воломақом ва сарватманд ба назар мерасанд.


Фаъолшавии камераҳо ва нигаронӣ аз пойгаи "калонзодаҳо" (АКС)

Фаъолшавии камераҳо ва нигаронӣ аз пойгаи "калонзодаҳо" (АКС)

Фаъолшавии камераҳо ва нигаронӣ аз пойгаи "калонзодаҳо" (АКС)

Фаъолшавии камераҳо ва нигаронӣ аз пойгаи "калонзодаҳо" (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Джими

  • 31 октябр 2013 19:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худики точикистонба гайр аз эмомали одам набудаги бойин нишон медиханд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Джими,

Забонатро занбӯр газад; ту бо кадом забон навистӣ, Ҷимми? Вой ба ҳолат забони тоҷикӣ! Намедонам, ту пири фарсуда шудаӣ ё соҳибонат бесаводи гаштаанд. Дар ҳарду ҳолат ҳам таъҷилан чора бояд андешид!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Вичай

  • 1 ноябр 2013 07:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
джими ранги хучандихо гапа баён карда натавонистаи братуха. Хучандихо нисбати Эмомали ягон проблема надоранд. Ягон лахчаи дигакати навиштан лозим буд.
Посух додан
  • Хунукбашара

  • 1 ноябр 2013 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин корхо хама бефоидаанд. Ин киссаи марде, ки ба муйлабаш равган молида масчид мерафтаст ва одамон фикр мекардаанд, ки доро асту хар руз ош мехурад, ба хотир меорад. Як руз фарзанди он мард бо доду фарёд расид ба масчид ва гуфт: "Падар чарбуи муйлабатро гурба бурд"! Камерахо бояд даруни хукумат, магзи сари чиновникхоро сабт кунанд, на роху мардуми кашталдаридаро!!! Корочее, рах мум надорад, чарогак дуруст кор намекунад, пои мардум луч - инхо бошанд ба пули халк камера харида хамаи онро ба навор гирифта шабхо пеш аз хоб тамошо мекунанд!!
Дар хусуси чинояти калоншавандахо ва пойгаи "ублюдки" - бигзор камерахо сабт карданд, баъд чи? Сабтро махв кардан ва ё монтаж кардан намешавад оё? Хама бадбахти дар он аст, ки хукумат аз поёнихо метарсад! Вагарна шохиди зиндаву мурда дар кори кардаи бачаи Амонулло хаст, ба хукумат камера намерасид магар?
Посух додан
  • said soim

  • 3 ноябр 2013 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom
boyad haminro guft ki inho hammaash baroi vonamood kardan ast va oncn\hi ki khud bikhohand hamon mkunand va dar poyon in shakhs ki bo nomi KHunukbashara vavishtaast durust mguyad poyad magzhoro idora namood na mardoomi bechoraro/////////////////.................
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст мегуи бародар! Агар хоханд, ки мубориза алайхи корупссия баранд пас Камерахоро дар корхонахо ва хукматхою дигар макомотхои дахлдор гузошт! Кай сер мешуда бошанд а??? О мардум аз дасти Шумо Рассия гурехта истодаанд! Дигар Давлатхо механданд ба рафтори Шумоён! Аз камера бех як завод кушоянд "ЗАВОДИ ДАВЛАТИ", ки акалан 1000 касро бо кор таъмин кунанд, ки мардум аз гуруснаги намиранд!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!