Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:51

Шарифзода: “Дар Тоҷикистон ҳама чизро бо гап месозанд”

1 ноябр 2013, 10:08

Меҳмоншо ШАРИФЗОДА,
Докторанти Донишгоҳи Берген, Норвегия


Аввалаш дар инҷост

Муддатест ҳама чизро бо гап ё ҳарф сохтаем. Ҳатто ваҳдат, миллат ва истиқлолро. Бехабар аз он ки он сӯи калимот маъниҳои асл ҳастанд, ки дар ташкили ашё ва рӯйдод нақши ҳалкунанда доранд.

Фикр мекунам, ин аз як тараф ба табиати забон ва фарҳанги пурғановати Тоҷикӣ ҳам вобастагӣ дорад, ки ҳар чизи холиеро ба осонӣ олӣ карда метавонем. Ин сифати забони Тоҷикиро дар сафарҳои президенти кишвар ҳам метавон дид, ки чӣ тавр вохӯриҳо ба саҳнаҳои мадҳу ситоиши дарборӣ табдил меёбанд ва мардум зери таъсири ҷодувонаи забон дар бораи чизҳое ҳарф мезананд, ки аслан вуҷуд надорад. Он ҷо умуман фикри солими таҳлилӣ - танқидие, ки ба нафъи ҷомеа бошад, нест. Ин худ танҳо сифати забони равони Тоҷикӣ нест, балки мардум ба ин ҳолат расонда шудаанд ва ҳанӯз аз давраи Шӯравӣ ба ин ҳолат одат карда буданд. Одату ғафлат ва арзишҳои мавҷудаи ҳар як муҳити фарҳангиро инсонҳои бедор зери суол бурда метавонанд ва инсонҳои бедор касонеанд ки аз ин роҳи худӣ - ҳақиқат - қудрат ва фазосозӣ гузаштаанд...

Ин ҷо метавон гуфт ки се чизи муҳимро аз ёд бурдаанд: аввал, мақом ва қудрати забони (фарҳангӣ) Тоҷикиро; дувум, роҳҳои худӣ -ҳақиқат - қудрат ва фазосозро, ки барои сохтмони шахсият, ҷомеа ва инкишоф бунёдианд ва сеюм, қудрат ва созандагиро. Ин аз он сабаб аст, имрӯз ин қавм, ки ба сиёсат даст мезананду ин роҳро худсозияш мегӯянд, нарафтаанд ва дар вуҷуди худ ҳамоҳангии худӣ, қудрат ва ҳақиқатро надоранд. Агар не, ин мардумро аз ин ҳолати барзахӣ (гузариш) барвақт ба ҷое мегузаронданд. Аслан аз шинохти ин чор унсури муҳими сохтмони шахсият ва ҷомеа - худӣ, қудрат, ҳақиқат ва қонун (дониш ва таҷриба дар бораи худ) - бегона мондаанд. Ин рӯйдод моро ба бефарҳангии сиёсӣ расонидааст ва сиёсати имрӯзаи моро фарҳангбунёд наметавон гуфт.

Бубинед, худ калимаи фарҳанг, ки аз ду калима “фар” (нур, дониш) ва “ҳанг” (қудрат) иборат аст, намуна аз мардумест, ки дониш ва таҷрибаи сатҳи баланд доштаанд ва доранд. Мутаминам, ин таҷриба аз фаҳмиши Ғарбиён дар бораи culture, як сару гардан баландтар буд ва ҳаст. Худ калимаи “фарҳанг” ин ҳама унсурҳои созандаро, ки номбар кардем, дар бар мегирад ва инсоне фарҳангист, ки роҳи худӣ - қудрат - ҳақиқат ва фазосозиро гузашта бошад. Ин гуна инсон зиёии асил аст ва метавонад ба сиёсати созанда даст занад. Танҳо чунин мардон ё занон метавонанд худро ҷавобгари номус (ҳаққу ҳуқуқ, моликият) ва таъминкунандаи бехатарии вуҷудӣ ва иҷтимоии мардум ҳисоб кунанд.

Дар ин мамлакат сиёсатро, ки наздиктарин унсур ба ҳастии инсон аст ва ба низомдарорандаи муносибатҳо ва ашёст, бисёриҳо ва ҳатто онҳое, ки дар мақоми баланд ҳастанд аз бефарҳангӣ ва беномусии худ як чизи “ифлос” шинохтаанд. Шояд бисёр рӯйдодҳои паст, ки дар ҷомеа сурат мегиранд, ба чунин фаҳмишҳои пасти баъзе сиёсатмардони (ё беҳтараш сиёсатмаргони) мо алоқа доранд. Ин фаҳмиши кӯчагии сиёсат ба фарҳангӣ баланди Тоҷики муқобил аст, ки фазои сиёсӣ ҳама вақт аз арзишҳои баланди номусӣ, мисли қонун, дин, иқтисод (моликият) ва ахлоқии мардум сарчашма мегирифт...


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мехмоншо Шарифзодаи гироми, илохо зудтар доктор шавед, лекин хамин гапро аз аввал нагз мебинед. Аслан устоди гап Шумоеду боз Шумо ба воситаи гап аз гап шиква мекунед. Шуморо худо нигах дорад дустам, доимо чумлаи точики ин андешахои "суперфалсафиатон"-ро нагунчода доооод мегуяд. Охир каме ба сохти чумла рахм карда, фикри хонандаро кунед. Хама мисли Шумо "файласуф" нест ку.
Аз гапхои ин миллату мамлакат дигар нанолед. Ба хама "фар" ва "ханг" баробар намерасад. Ин мардуму ин марзро аз азал то имруз, дорои факат шеъру сухан буд. Акнун нав шишта гам хурдан чоиз нест. Фирдавсии Туси 35-сол дар бораи чизи набуда навишту имруз тамошо мекнем. Миллате, ки садри адабёташ 1300000-мисраи шеър дошт, о бояд лутф кунад.
Посух додан
  • Нилу

  • 1 ноябр 2013 13:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мехмоншо худат хам гапфурушй дорй ку!!
Посух додан
  • биолог

  • 1 ноябр 2013 15:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба андешарониаш нигох карда ба назиряе, ки одам аз маймун таваллуд шудааст, акнун бовар кардам.
Озодагон чоп кунед
Посух додан
  • tojik

  • 2 ноябр 2013 00:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
биолог,
biolog-neki xandondida xa xa xa.neki
Посух додан
  • асо

  • 2 ноябр 2013 09:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба сайранд-неш, агар тупойе сарфахми маънои калимот наравад ин сабаб намешавд, ки файласуфе бояд хомуш бошад. бадбахтии чомеаи точик хам махз аз чохилии мардумаш аст на аз касеву на суи дигаре.... МЕХМОНШО ифтихори миллати мост , ки ин маъниро баъд хохи фахмид агар сар аз гиребони нафси шумат берун ориву ба чахон бо акли боз нигари..фалсафадони хоси ориёну точиконаст хамоно ки горату улча хоси мугулзодагон бошад....таърих далелу шохид аст.. аммо имруз дар ватан мугулзода бештар аст...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуктури гиромикадр Мехмоншо, ба захамоти кашидаатон аз забони "лиссонулгайб" чунин гуфтаниам:
Сухандонию хушхони намеварзанд дар Шероз,
Биё Хофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.
Ин туда садкаи "фар" ва "ханг" шаванд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайрандеш,
Хато мекуни дустам хато....
Мо хамавакт аз руи он шеъру газалхои бузургонамон фахр мекунему дар зиндаги истифода хохем бурд, лекин ватанро бо сухан обод карда намешавад....
Ин шеъру газалиёт барои давлат ягон даромад намеоранд хатто як тангаи пучак хам.
Ватанро бо нангу номус бо мехнату гайрат обод мекунанд на ба ъайшу ъишрат ва хоби гафлат....
Посух додан
  • Ahmad

  • 2 ноябр 2013 17:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дигарҳоро намедонам вале банда бади мутолиаи навиштаҳои ин шахси дурандеш ва ҳақиқатнигар лаззат мебарам. Хyшҳол ҳастам ки миллати Тоҷик ин афродро дар хyд дорад. Банда президент мешyдам тамоми шароитро барои инхел инсонҳои нодир омода мекардам то фикроҳои созандаро барои пешрафти миллатy ватан пешниҳо намоянд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН МИЛЛАТРО ФАР-АШ РАФТA ФАКАТ ХАНГ-АШ МОНДААСТ. БА ГАЙР АЗ ХАСОДАТУ ХАСУДХУРИ ДИГАР БА ЧИЗЕ КОДИР НЕСТАНД. ЧУНКИ ХАМА ХУЙИ ГУЛОМИВУ ЧАФОКАШИВУ ТАЪРИФДУСТДОРИРО ПЕША КАРДААНД. ФАКАТ МАРДОНЕ КИ АЗ САРЧАШМАВУ ФАЗОИ КУХИСТОН ОБИ ПОКУ ХАВОИ ТОЗА ОШОМИДААНД КУДРАТИ ТАГИЙР ДОДАНИ МАГЗХОИ БО ДОРУИ ПАХТА МАСМУМГАРДИДАРО ТАДОВИ БАХШИДАН ДОРАНД. БА ШАРТЕ КИ ГУРУРИ БЕЧОЙИ ХУДРО ЯК ТАРАФ МОНАНД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!