Бахшҳо

Гулназар Келдӣ: "Маро ҳеч кас назад, худам ғалтидам..."

Гулназар Келдӣ, шоири маъруф ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, рӯзи 1 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” овозаҳо дар мавриди латту кӯбаш аз сӯи афроди ношиносро рад кард ва баръакс гуфт, “худам ғалтидам”.

Вай тасдиқ кард, ки аз сараш ҷароҳат бардоштааст, вале афзуд, он осори латту кӯб нест: “Ҳангоми таъмири хона аз болои миз ғалтидам ва сарам ба девор зад. Камтар лат хӯрдам. Айни ҳол вазъи саломатиям хуб аст.”

Ахиран дар Душанбе овозаи мавриди латту кӯб қарор гирифтани Гулназар Келдӣ дар назди даромадгоҳи хонааш паҳн гардид. Ва он ҳам дар ҳоле буд, ки номи оқои Гулназар аз феҳристи афроди боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентӣ, ҳазф гардида, ба ҷои ӯ номи Олимҷон Салимзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, шомил гардид.

Кумисюни марказии интихобот дар оғоз гуфт, ин кор бо хоҳиши номзад сурат гирифтааст. Ҳарчанд Гулназар Келдӣ онро ба марги келини ҷавонаш, ки наметавонад дар рӯзҳои мотамдорӣ ба таблиғ машғул бошад, рабт дод. Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ва яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, аст. Вай дар интихоботи парлумонии соли 2005 ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагон вориди парлумон шуда буд.
Мӯҳр
Саид
як 100-200 грам бардоштагист да ..

а
Мешавад ин хел корхо.

исмат
да 100-200 грам одам намегалта мумкин 800-950 грам боша

да 100-200 грам одам намегалта мумкин 800-950 грам боша

Шоир
Бо шунидам ин шоири мо ба майу согари хакики(на мачози) бисёр дилбохтаги дорад. Шояд бо шишаи гардандароз даст ба гиребон шуда, маглуб шудааст?!

УСТОД!!! МЕДОНЕМ АГАР НАМЕГУФТИ, КИ АФТИДАМ БОЗ МЕАФТОДИ...
...

Чаро ки да вазифа буди як бор наафтиди?!

Агар аз вазифа гиранд хама як бор мегалтад агар хеста тавонад мехезад агар не хамин тур прощай мамачон..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)