Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:54

Дар Тоҷикистон барои 5 намуди ҷиноят ҳукми қатл боқӣ мондааст

1 ноябр 2013, 10:33

Масъулини Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон масъалаи зарурати ҳукми қатлро дар қонунгузории кишвар баррасӣ намудаанд.

Мавзӯи ҳукми қатл дар Тоҷикистон, ки айни ҳол мавриди омӯзиши олимону муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқ қарор дорад, то замони истиқлолият тибқи Кодекси ҷиноятӣ, ки соли 1961 қабул шудааст, барои 44 намуди ҷиноят пешбинӣ гардидааст: “Баъди қабули Кодекси нави ҷиноятӣ соли 1998 ба 15 навъи ҷиноят ҳукми қатл раво дониста шуд. Соли 2003 ба кодекси мазкур тағйиру иловаҳо дохил гардид ва барои 5 намуди ҷиноят-куштор, таҷовуз ба номус, терроризм, геносид ва биосид ҷазои қатл муайян шуд. Соли 2004 ба ҷазои қатл 10 сол моратория эълон гардид.”

Айни ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси паймонҳои байналхалқие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, талаб дорад, ки ҳукми қатл аз қонунгузории кишвар батамом бардошта шавад. Дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ танҳо дар Беларус ҷазои қатл вуҷуд дораду халос.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ҳукми қатл гуфт, хулосаи ниҳоӣ дар ин маврид танҳо дар асоси омӯзиши назари олимон ва оммаи кишвар қабул хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 1 ноябр 2013 13:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам ин хулосани олимон ва оммаи кишвар ба наздики ба нафъи хукумат ва бохти чони Зайд Саидов руи кор меояд.
Посух додан
  • Bd

  • 1 ноябр 2013 22:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз оли мони хукукдони дарбори хохиш мекунем ки ба хотири хастии миллати точик хукми катьро кабул нанамоянд ки дар Точикистон аз дасти калугони точиктарош ягон точики равшпнфикр намемонад
Посух додан
  • Рахмдил

  • 21 ноябр 2013 11:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хукми катл раво гардад аввал аз хукумат сар кардан даркор

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!