Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Тошканд боздошти тоҷири тоҷик барои оятҳои Қуръонро шарҳ дод

1 ноябр 2013, 10:52

Ҳукумати Узбакистон ба дархости сафорати Тоҷикистон дар мавриди боздошти тоҷири тоҷик посух гуфта, омилҳои ин қазияро шарҳ додааст.

Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, мақомоти узбак гуфтаанд, тоҷири тоҷик, Зубайд Мирзораҳимов, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД дар шаҳри Бекобод қарор дорад.

Тошканд гуфтааст, Мирзораҳимов аз рӯи ду банди Кодекси маъмурии Узбакистон, - барои нигоҳдорӣ, вуруд ва паҳни ғайриқонунии адабиёти динӣ ва инчунин нақзи қоидаҳои назорати гумрукӣ муттаҳам мешавад. Ин бандҳои қонунгузории Узбакистон ҷарима дар ҳаҷми то 100 маоши ҳадди ақалро пешбинӣ мекунанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикстон таъкид намуд, ки ин қазияро пайгирӣ дорад ва аз ҷараёни ҳаводис хабар хоҳад дод: “Айни ҳол вазъи саломатӣ ва нигаҳдошти Мирзораҳимов хуб буда, бо се вақт ғизо таъмин аст.”

Зубайд Мирзораҳимов тоҷири тоҷик охири моҳи сентябр, ҳангоми ҳаракат ба самти Кореяи Ҷанубӣ, барои пайдо кардани оятҳои Қуръон дар телефони мобилияш боздошт гардидааст. Ин қазия бори аввал набуда, қаблан низ шаҳрвандони тоҷик барои дарёфти осори динӣ дар телефону фиттаҳояшон дар Узбакистон боздошт мешуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
assalomu alaikum.dar vatani khudamon sukhani Hoji Mirzo va digarhoro bastaand pas az Uzbakiston chi gila.
Посух додан
  • Мангар ки мегуяд...

  • 3 ноябр 2013 20:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бе аблахгуихову тахкири Хочи Мирзотам рузмон мегзара аз ин Хочи Мирзот пайгамбар натарош. Ислом 14 аср бе Хочи Мирзо омад расид ва иншоаллох идома меёбаду лекин тахти таъсири чиходгуихои Хочи мирзот хазорон чавони точик гумроху террорист шудан ва садхои дигаршон ба бозичаи дасти Амрико табдил ёфта дар Сурия зидди мусалмонхои худамон ярок бардошанд бародар.махз суханои хамин мулло имруз точика ба точик душман кардаги.бо бенамоз нишини дузах мерай духтари бенамоза гири дузах мерай ин гапхои зиддидинииенд ки хочи мирзот махсус ба хотири одамора дар назди хамдигар бад кардан мегуя. вагарна дар ислом марди мусалмон метона бо зани насоро хам оила бунед кунад ва хам чи бади дорад як духтари бенамоза гирифта намозиву бохаё кардан баръакс савоб аст ё дар мавриди дигар Расули Акрам бо яхуди хамнишин мешуд магар у дузахи аст ё сафирои давлатхои мусалмони дар Точикистону Россияву Хитой бо бенамозон шину хез доранд магар онхо хам дузахиианд... Албата не лек максади ягонаи Хочи Мирзо як чиз аст коридани тухму кинаву адоват дар дили точикон тамом. Илтимос нагуед ки бе Хочи Мирзо хама фохиша мешавад ки боз дуруг мегуед.Дар ахди шурави Хочи Мирзо набуд магар хохару модарат фохиша буд харгизз на! Афсус дар мо конун дар когаз аст вагарна барои эчоди бадбинии дини ин Хочие ки ту бе у дунера тасавур карда наметони бояд камаш 10 сол пушти панчара мерафт... Озодагон як бор мард шаву хами гапа чоп кун.shahrwand,
shahrwand,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мангар ки мегуяд...,
Аслан ман бо ту розиям тули чанд соласт, ки мардум аз мазхаби имоми Аъзам рахматуллохи алайх не балки аз номи хочи Мирзову (эшони) Нуридинчон сухан мегуянду фатво медиханд.
Ва дар бораи чиход ман гуфтани хастам, ки мусулмонони мо гумрох шудаанд чиход на бар зидди одамони даркори мекунанд балки бар зидди мусулмонони худашон.....
..... ЛАЪНАТ БАР ВАХОБИХОИ ПАЛИД....
Посух додан
  • Расул Мухаммадов

  • 2 феврал 2014 20:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум ва рахматуллох,рости ин баьд аз ин суханхои хондаам фахмидам,ки то хол дар точикистони мо шумобарин бесаводо мачуд будааст, агар хамон олимхо намешуданд шумо хамаатон халолро аз харом фарк намекардед,факат хохиш дорам тухмати олимонро накунед,олимхо ин ворисхои пайгамбаронанд илмро барои ману шумо бесаводхо мерасонанд.
Посух додан
  • Сахтгуй

  • 26 август 2014 10:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мангар,ки мегуяд!
Ма'лум аст,ки савод надоштай!Ман аз Хочй Мирзо тарафдорй намекунам,вале як чиро хотиррасонат мекунам,ки махз та'сири мав'изахои хамин донишманди исломй буд,ки дар Кулоб ва умуман дар Точикистон мардум ба ислому фарханги исломй наздик шуданд,аз бисер мас'алахои динй бохабар гаштанд.
Насанчидаву барнакашида дар хакки як марди олим харза гуфтан ин худ бесаводист...
Бокй,хавола ба аклу заковати ту!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!