Бахшҳо
01 ноя 2013 10:57Тоҷикистон / Сиёсат

КМИР гуфт, Раҳматилло Зоиров сари калобаашро гум кардааст

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) иддаои масъулони Ҳизби сотсиал-демократ ба раҳбарии Раҳматилло Зойировро дар бораи бойкоти интихоботи президентӣ ва ғайриқонунӣ будани он беасос донист. Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР, ба “Озодагон” гуфт, оқои Зойиров зоҳиран сари калобаашро гум карда ва намедонад ҷараёни интихоботи президентиро чигуна ба манфиати худ истифода кунад.

Додоев мегӯяд, “Зойиров дар аввал гуфта буд, аз таҳрим кардани инитихоботи гузашта пушаймон шудааст. Баъдан аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ кард, аммо то анҷоми муҳлати пешбарии номзадҳо ба мансаби президентӣ анҷумани ҳизбашро баргузор накард ва аз Бобоназарова пуштибонӣ нанамуд.”

Ба қавли раҳбари дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот, таҳрими ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз сӯи ҲСДТ танҳо мавқеи шахсии Зойиров буда, пуштибони зиёде надорад. “Мо дар ҳеч вазъият ин ақидаи ӯро ба эътибор ҳам намегирем ва эътироф намекунем. Интихобот ба маънои томаш озоду шаффоф ҷараён дорад. Ин интихобот аз интихоботи гузашта ба куллӣ фарқ дорад. Шаффофияту демократӣ будани интихобот аз он иборат аст, ки аз 40 кишвари дунё зиёда аз 500 нозири байналмилалӣ ташриф овардаанд. Номзадҳо ба мансаби президент дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо интихобкунадагон вохӯрӣ доранд ва ин мулоқот ба воситаи телевизиону радио пахш мегардад. Магар ин демократия нест?”,-афзуд Додоев.

Ин масъули Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, интихоботро таҳрим кардани ҲСДТ ба ҷараёни он ягон таъсир нахоҳад дошт. «Моро мардум эътироф кунад. Тақдири интихоботро раъйи интихобкунандагон ҳал мекунад, ки зиёда аз чор миллионро ташкил медиҳад. Дар ягон ҳолат як ҳизби сиёсӣ тақдири интихоботро ҳал карда наметавонад»,-таъкид кард ӯ.

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 31 октябр интихоботи президентии шашуми ноябрро бойкот карда, ғайриқонунӣ эълон намуд. Дар пайи он, Мирҳусейн Назриев, раиси ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон низ бо нашри баёнияе гуфт, интихоботи президентиро таҳрим кардааст. Аз ин пештар, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта буд, аз иштирок дар интихобот худдорӣ менамояд, вале он маънои бойкотро нахоҳад дошт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон шашуми ноябр баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот номзадии шаш нафарро расман сабтином кардааст, ки барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ талош доранд. Дар оғоз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ шомили онанд, номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда буданд. Аммо ба қавли мақомот онҳо 210 ҳазор имзои заруриро ба тарафдории Бобоназарова ҷамъоварӣ накарда ва ба Кумисюни марказии интихобот ҳам пешниҳод нанамудаанд.

Хонум Бобоназарова яке аз рақибони аслӣ ва ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр дониста мешуд. Вале бо канор рафтани ӯ аз сабқати интихобот зоҳиран майдон холӣ ва оқои Раҳмон бидуни рақиби ҷиддӣ мондааст.
Мӯҳр
Чаноби Икс
Неъ!!!! Ин демократия нест! Демократия бо тамоми хастияш вучуд надорад,дар ин чо!!!!!!! Аз номи мардум гап назан,МАН ХАРГИЗ ЭЪТИРОФ НАДОРАМ ИН ИНТИХОБОТУ ВА ИН ТУРО!!!

Сафарбек
Бозихои сиеси бас будагист, Зоиров . Мардум уже дарк кардааст, ки хамаи шумо аз як сарчашма об мехуред! Рахмон+Кабири+Зоиров.

Интихобкунанда
Чаноби Додобоев КМИР дар ягон интихоботхои гузаштаи Точикистон овози мардумро хеч вакт ба назар нагирифтааст ва Шумо хамеша дуруггуи карда аз хокимияти худкомаи хозира ба хар восита чонибдори мекунед .
КМИР ДАР БОВАРИИ МАРДУМ НЕСТ.

Мухтарам А.Додоев шумо хуб нагз медонед,ки дар Чумхури мо бе адолатихо бисёр зиёд аст. Мухтарам Рахматулло Зоиров худ хукук шиносан, ва дар рохи хакикат сухан мекунанд. Шумо Додоев аз хамаи конуншиканихо огах хастеду ,лек сухан барои хакикатро метарсед гуфтанд.Барои интихобот ракиби Чаноби Оли бояд иштирок мекард,чун дар олам пахн кардан,ки мо Точикон интихоботи озод надорем ин хизматхои хирсонаи шумо Додоев хастанд. Шумо Додоев дар рохи хак нестед.Суханони шумо худ , нохаки шуморо исбод мекунад. Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,
Чаноби Икс,

Рустам
Ин маако политтруп шудагй, монед дилашона холй кунанд. Ин Рахматилову Мирхусейн мумкин ягон 2 хазор тарафдор дошта бошанд. Лекин мо 4 миллионем. Ба пеш ХХДТ!!!

Умар
Рустам,
хукумати шумо ба изофанависи одат кардааст"ту хам 4 хазорро 4 млн бароварди!офарин!ин хукумати магз магзаш фасодзадаи дузду горатгарон ва порахурхоро ба гайр аз мансабдорону ахли оилаи онхо дигар касе тарафдори намекунад!

Рустам,
Бале, ончи ки айён аст хочат ба байён нест бародар РУСТАМ... ХХДТ зинда бод!!!!
winked

бале рост кайд кардед хар чи ки аен аст хочат ба баен нест хама дида истодаанд вале баъзе лагандбардорони хукумат аз онхо пуштибони мекунанд. магар аблава барои хизмат дар ягон манотики дуне вучуд дорад? ое одамкушии руирост ин демократия аст? интихоботи мачбуриву гайриконуни демократия хаминаст? бародаро шумо кадом демократияра да назар доре? ман тарафдори чанг нестам. аммо ман мехохам ки президенти хозира истеъфо дихад бо хохиши худ на бо зуриву ягон кувваи дигар

Ба хар хол дар ягон чои дуне ягон хизб ба интихоботи президенти бойкот накардааст хуб шуд бад шуд ки дар назди чахониен шармандаги шуд хам барои хукумати имруза хам опозисиюн хам кмирхам барои мардуми ботаммадуни точик бахои хамаатон 2

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)