Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Вазорати дифоъ: 17 фойизи дигар мондааст

11 май 2011, 07:00

Нақшаи даъват ба сафи Артиши Миллӣ ҳудуди беш аз 80 дарсад иҷро шудааст.

Бино ба қавли сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, Фаридун Маҳмадалиев сафарбарнамоии наваскарон ба  хизмати ҳарбӣ аз аввали моҳи апрел то имрӯз дар саросари кишвар ба 83% расида, ин маърака то 30-уми майи соли равон идома хоҳад ёфт.  Ба иттилои манбаъ, иҷроиши нақша дар вилояти Суғд 70%,  дар вилояти Хатлон 95%, дар ВМКБ 94%, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 81%  ва дар шаҳри Душанбе бошад,  79% иҷро гардидааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки  маъракаи сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз ду давра иборат буда, акнун даври баҳорӣ ба охир мерасад ва давраи тирамоҳӣ аз авали моҳи окябр оғоз ёфта, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!