Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:35

Боздошт ва бозпурсии Аслиддин -- писари Алим Шерзамонов

1 ноябр 2013, 11:40

Аслиддин, писари Алим Шерзамонов -- раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар Бадахшон, бо дархости Кумитаи амнияти миллӣ боздошт ва баъд аз бозпурсӣ раҳо шудааст. Дар ин бора худи Алим Шерзамонов хабар дод.

Вай субҳи 1 ноябр дар саҳифаи Фейсбук навишт, писараш рӯзи 30 октябр дар гузаргоҳи марзии Қизил-Арт, миёни ноҳияи Мурғоб ва Қирғизистон, бо дархости Кумити амнияти миллӣ боздошт шудааст. Ба қавли Шерзамонов, писараш бо нияти сафар ба Русия, аз Хоруғ ба шаҳри Ӯш рафтанӣ буд.

Аслиддин Шерзамоновро дар мавриди падараш, ҳаводиси тобистони соли гузаштаи Хоруғ ва дигар масоил бозпурсӣ кардаанд. Раиси дафтари ҲСДТ дар Бадахшон меафзояд, баъд аз он ки ҳамроҳони Аслиддин аз боздошти ӯ хабар доданд, раҳо гардидааст.

Ин мухолифи ҳукумат бовар дорад, мақомот телефонҳои ӯву наздиконашро гӯш мекунанд ва боздошти писараш низ ба ҳаводиси Хоруғу фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт доранд. Оқои Шерзамонов яке аз мухолифони амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар тобистони соли 2012 дар шаҳри Хоруғ буд. Вай дар ҷараёни ин амалиёт Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк карда, танҳо баъд аз як соли ин ҳодиса ба Ватан бозгашт.

Ҳангоми вурудаш ба Тоҷикистон ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои чанд лаҳза боздошт карда, сипас раҳо намуданд. Пас аз он ҳам оқои Шерзамонов барои як гуфтугӯи тӯлонӣ ба дафтари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Manu

  • 1 ноябр 2013 12:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Tarafi digar chi meguyad? xabarhoro kamtar professionali kuned ki chize xonanda faxmad
Посух додан
  • Исфаринский

  • 1 ноябр 2013 14:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Manu,
тарафи дигар чун харвакта ягон чи намегуяд....онхо "задагиян"ба чомеаи шахрвандиву ба мардуми худ ва чавоб доданро вазифаи худ намешуморанд,Барои онхо халк рамаи гусфанд асту арзише надорад.Ана ба ту чавоби профессионали!
Посух додан
  • аллома

  • 18 июн 2014 22:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба мисли соли 1937у террори Сталини шудаст!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!