Бахшҳо

Нигаронии муфтӣ аз риёкории баъзе ҳоҷиён ва манъи тиловати Қуръон

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз рафтани бархе аз ҳоҷиёни тоҷик ба зиёрати Хонаи Худо ба хотири риё ё худнамоӣ нигаронӣ кард.

Раиси Шӯрои уламои кишвар рӯзи 1 ноябр зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар ин бора ибрози назар кард. Ӯ гуфт, ҳарчанд ин шӯро ба масоили рафту омади Ҳаҷ ҳеч иртибот надорад, вале “гоҳо бархе аз нафарон назди мо меоянду мегӯянд, оқои муфтӣ ҳамсоя ё писарамакам ҳаҷ рафтааст, агар ман наравам, “шарманда” мешавам.”

Абдулқодирзода аз намозгузорони тоҷик даъват кард, ҳар кор ё ибодатеро мехоҳанд анҷом диҳанд, хос аз барои Худо бошад: “Ибодатро на бояд ба хотири шахсият ё писарамаку ҳамсоя анҷом диҳем.” Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.

Инчунин, оқои Абдулқодирзода аз он ибрози ташвиш кард, ки дар бархе аз маъракаю маросимҳо тиловати Қуръон манъ карда мешавад. Ӯ гуфт, ҳоло бархе аз бародарон дар баъзе маъракаю маросимҳо намегузоранд, ки ояти Қуръон тиловат шавад. Ҳарчанд раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин бора мисоли дақиқ наоварду аз кадом як гуруҳе ном набурд, вале таъкид дошт, ки сари ин мавзуъ боз баргашта, суҳбати хоссаеро анҷом хоҳад дод.
Мӯҳр
Шам
Имруз дар ватан зидди исломи худи ту бо хукмати имруза, на касе догар!!!

Асилсоза
Намозгузори, ки фарз аст, манъ мекунанду холо Куръонхони як тараф. Гуё ин чизхоро намедони, муфти?

Салим
маълум 200 чавон ба бозичаи дасти Амрико табдил ёфта дар Сурия зидди БАРОДАРИ мусалмон чангида истОДААСТ.

бандаи худо
мехохад хачравирам манъ кунад

Мухаммад
Пистаи бе магз агар лаб во кунад расво шавад. Мукаарам ту хамон пистаи бе магзи аз гуфтаат аз рафторату аз намудат нафрати кас меояд. Дуруг мегуи ту бояд чизе бигуи токи аз назархо дур намони хамчун муфти,лекин ту чизи гуфтан надори ки мардуми мусалмон аз он гизо бигиранд, чун худат дар пои Исломи Азиз теша зада истодаи. Худованд мардуми мусалмонро аз тубаринхо начод дихад.

Точикбача
Хисоби ин муфтии риёкорро худо ёбад!!!

Бандаи ХУДО
Киммати шамшоди худ нашнохти, Сарви дигарро баланд бардошти. Мисли най худро зи худ карди тихи, Бо навои дигарон дил менихи. ( Аллома Икбол)

Abdulloh
Mukarram digar doduvoy foidat namekunad. Hejkas ba suxani tu ahmiyat namedihad. Oburui tu hamon vaxto ki bo ulamohoi Muhtaram sar ba sar shudi rext. Suxanat digar qadru qimmate nadorad.

Бародарон ин кадар бешарм хастед. Муфти дар ин суханхояг чи гапи хато задай? Дурус мегуяд холисона рафтор кард на бо риё.!!!!!!

Шавкати Мухаммад
Харчанд ихлос дар амал зарураст. вале дар корхои хайр мусобика кардан хам амри илохист. (Ва собику илал хайрот) Хач чун як амали фарзи аст, касе ки дар ин амал бо хешу табору хамсояаш мусобика кунад, боке надорад, баракс умед аст, ки сабоби билонихоя хохад гирифт. Аммо дар амалхое, ба монанди кушку касрпушиву туйхои дабдабаноку ва гайра ки куръону суннат аз исрофу худнамои махкум кардааст, месазад, ки ба риёкор нисбат дихем. Шахсе, ки мегуяд фалони хешам рафтаст, ман наравам шармандаам, бояд вобаста ба ангезаи имониаш ба у бахо дод, на инки хар хосиле аз гуфтааш ба тарзи фахмиши худ бардорем.

Payomi man ba in mufti in ast ki xud loiqi fatvo va suxanro nadorad .. zero xud sababi in rishvaxuriho shudaast, bo basta kardani masjidho va haqiqatguyonro az minbar farovardanash
.. ,,,va gairaho,,,,

Ту читури асилзодаи нафахмидам. Асилзодаги ё асилии худро дар чи мебини? Дар дуруггуи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)