Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:41

Духтари президент падарашро ба Сталин монанд кард

1 ноябр 2013, 16:47

Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон падарашро ба диктатори шӯравӣ Сталин Иосиф ташбеҳ кардааст.

Ба навиштаи расонаи қазоқии “NUR.Kz”, хонум Каримова, ки дар саҳифаи Твиттераш дар ин бора ибрози назар мекунад, навиштааст, “... рафиқ Сталин буду ҳаст ва ӯ падари ман мебошад. Ва то дами марги ман чунин боқӣ хоҳад монд.”

Ин изҳороти хонум Каримова дар ҳолест, ки ахиран дар расонаҳои хабарӣ “лату куб” шудани ӯ аз сӯи падараш Ислом Каримов паҳн шуда буд. Инчунин бархе аз ширкатҳои марбут ба Гулнора Каримова дар Узбакистон аз тарафи мақомоти ин кишвар мавриди бозҷғӣ қарор гирифта, яку якбора чаҳор шабакаи телевизионии ӯ аз фаъолият боз монданд.

Ахиран худи хонум Каримова низ дар саҳифаи “Twitter”-и худ масдуд шудани шабакаҳои телевизионияшро тасдиқ карда, гуфта буд: “Базудӣ шабакаҳои нави телевизионӣ бо барномаҳои тозаву гуногун ифтитоҳ хоҳад шуд, ки оламро "тасхир" мекунанд.” Духтари раисиҷумҳури Узбакистон таъкид кардааст, ки ин иқдоми мақомоти кишвараш ва бозҷӯии фаъолияти ширкати “Terra Grouр”, ки марбут ба ӯст, беасос мебошанд.

Расонаи “Uznews.net” ахиран хабар дода буд, ки аз рӯзи 21-уми октябр намоиши барномаи шабакаҳои телевизионии “Форум ТВ”, “Марказ ТВ” ва “NTT” дар қаламрави Узбакистон қатъ гардидааст. Ба иттилои манбаъ, ба ҷои ин се шабакаи узбакӣ, барномаҳои шабакаи телевизиони русии “Спорт-1”, “Евроспорт” ва “Энимал планет” ба намоиш гузошта шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сирочидин

  • 18 декабр 2013 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Гулнора Каримова гуфтаниям, ки падарашро ба Сталин баробар накунад. Сталин хатто писари худашро курбони ватан кардааст. Ислом Каримов чи танхо шуморо сохиби чанд шабакахои телвизони ва магозахои Тичори инчунин миллионхо долар, ки аз гуфтаи худи шумо бар меояд дар банкхои хоричи хохиш мекунам Гулнора Каримова ягон мавзуи дигарро пеша кунед Мухтарам Сталинро ин кадар паст назанед. Шумо барои мансаби президенти арзанда нестед чунки дар осиёи миёна зан президент кор карданаш хеле душвор мебошад барои хамин инкадар чанчоли дуруги накунед Шумо он кадар дар сахнаи Сиёсат накш меофаред, ки тамоман ба сиёсатмадор монанд нестед. Вой бар холи миллати Узбак агар дар хонадони Рохбари давлаташ чунин чанчолхо бошад окибати ин миллати узбак чи мешида бошад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!