Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Лимити нерӯи барқ дар Тоҷикистон 15 соат муқаррар шуд

2 ноябр 2013, 10:04

Ширкати “Барқи тоҷик” барои сарфаи обу энержӣ боз ба реҷаи маҳдудияти барқ ё худ лимит дар Тоҷикистон тағйирот ворид карда, муддати онро аз 7 соат ба 15 табдил дод.

Тавре Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мардуми навоҳии кишвар минбаъд аз соати 9-00 то 17-00 ва аз соати 22:00-и шаб то 5:00-и субҳ барқ нахоҳанд гирифт. Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд.

Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад. Ин дар ҳолест, ки ин ширкат аз оғози маҳдудсозии неруи барқ дар қаламрави кишвар шуруъ аз рӯзи 26 октябр хабар дода гуфта буд, ки мардуми навоҳии кишвар минбаъд аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субҳ барқ нахоҳанд гирифт.

Сокинони манотиқи Тоҷикистон дар шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон ранҷ мекашанд. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардохта хоҳад шуд. Нерӯгоҳе, ки сохтмонаш бо мухолифати шадиди ҳамсояҳои Тоҷикистон, бахусус Узбакистон, рӯбарӯ шуда, ҳанӯз ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии он аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба поён нарасидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э ээ аккалан то выбори "Чуноби Олира "хам зур нарасидо? Афгонистон лимит не? Худо окибати коратона нек кунад хукуматдорон!!!
Посух додан
  • Carmo

  • 2 ноябр 2013 11:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар давлати фасодзада ойнихол бобоназарова тавонист речаи баркро то 26 октябр бекор кунад ахсан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро Э.рахмонов аз ухдаи як мушкили баромада наметавонад боз раиси чумхур шуданро дорад?! Боз 7соли дигар мардум бебарк мемонанд,сафи мухочирон зиёд мешавад,аммо рахмонов бошад гуё хечгап нашудааст,
Посух додан
  • як асаби

  • 2 ноябр 2013 16:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин як мазок кардани мардум мебошад.ин хукумат на аз худо шарм медорад на аз мардум.хамин об аз саратон монад .10сол шуд факат хамин бахона об нест об кам шуд, шумо номакул мекунед гэс нею аэс,тэс соз кунед
Посух додан
  • Салим

  • 2 ноябр 2013 20:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ба ин бовар намекунам, барои онки дар зимистон ба мо хар сол дар ш Истаравшан 6 соат хамаги кувваи барк медиханд халос.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман дар маркази шаҳри Душанбе зиндагӣ дорам. Шиддати барқ се моҳ боз аз 160-170 боло намеравад. Дар ин рӯзҳо боз бадтар шудааст. Модоме дар навоҳӣ рӯзона ва шабона барқ қатъ мегардад ва он барқ дар Душанбе зиёд намешавад, пас, ба куҷо ғайб мезанад? Ин барои мо солҳо боз муаммост. Ба фикрам, мо, мардуми азияткашидаи Тоҷикистон, ҳеч вақт барқи дурустро нахоҳем дид.

Инҷо як муаммои дигар низ ҳаст. Як қисми мардум дар истифодаи барқ ваҳшиёна (ХИЩНИК шудаанд!) амал мекунанд. Ҳоло, ки фаршҳои гарм пайдо шудаанд, сокинони пулдори пойтахт то ба "дохили туалетҳояшон" фарши гарм гузоштаанд, ки барқи ҳангуфт сарф мешавад. Илова бар он баъзеҳо симхои пинҳонӣ (дуздӣ) кашида, ба он фаршҳо пайваст мекунанд. Дар натиҷа ҳам барқи барзиёд масраф мешавад ва ҳам ба хазина маблағ намеравад. Мардум дарк намекунанд, ки дуздидани моликияти ҷамъият баробар ба дуздидани моликияти худу бародару хешу табор аст. Зеро ҷамъиятро худи одамҳо ташкил мекунанд. Ҳоло, ки аз баракати истиқлолият қариб дар ҳар як хонавода 1-2 нафар ҳоҷӣ ҳаст, бигзор онҳо бигӯянд, ки дуздӣ ҳалол аст ё ҳаром? Ва, оё ҳаҷи дузд қабул аст ё на? Ислоҳ шудан ҳеҷ вақт дер нест, чӣ корманди ҳукумат бошаду чӣ ҳоҷӣ!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • бебарк Аз торикистон

  • 3 ноябр 2013 20:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"аз соати 9-00 то 17-00 ва аз соати 22:00-и шаб то 5:00-и субҳ"- оё ин 9 соат намешад магар?????? барои чи инчо 15 соат гуфтаги ё хато навистаги?
Посух додан
  • Абдуллох

  • 4 ноябр 2013 08:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо коргарони барк мардумро тарбуз хаел накунед бо ин хама фиребу найранг ин муллат медонад ин барк бо кучо фурухта мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!