Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Ёфт шудани як ҳуҷҷати қадима, ки ба авлоди ҳазрати Муҳаммад (с) иртибот дорад

1 август 2011, 10:06

Дар шаҳри Феодосияи ҷумҳурии Украина  санади қадимае пайдо гардид, ки аз авлоди Муҳаммад паёмбар (с)  будани соҳиби онро исбот мекард.


Ҳамакнун, ин ҳуҷҷат дар осорхони шаҳри Феодосия нигаҳдорӣ шуда, ягона нигорае аст, ки беш аз 550 сол дорад.

Бино ба маълумоти бостоншиносони укроинӣ  ин дастхат дар шаҳри форснишине бо номи Карбок, дар  соли 1464 ба номи Фотима бинти Ҷалил навишта шуда, аз авлоди Паёмбари Ислом будани ӯро исбот мекунад. Ин ҳуҷҷат аз сӯи саркардагони мусулмонон эҳтимол барои пешниҳод ба шавҳари ояндаи Фотима навишта шуда бошад, зеро барои тасдиқи он дар пушти ин ҳуҷҷат имзо ва мӯҳри 12 нафар уламову мансабдорони паёмадони Муҳаммад алайҳисалом мавҷуд аст. Барқароркунандаи матн Сергей Кулаков гуфтааст, дар ҳуҷҷат ҳич расме мавҷуд нест, танҳо ҳарфи аввали он бо тилло ҳаккокӣ шудаву ороиш дода шудаасту бас.    
Дарозии ин ҳуҷҷат 3, 5 метрро ташкил дода, барои барқарорсозӣ ва  бозхонии он олимони Санкт-Петербург низ ҷалб шудаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!