Бахшҳо

Гуфтугӯи ошкорои Зафари Сӯфӣ бо Сиёвуш Ҷунайдӣ

Гуфтугӯи Зафари Сӯфӣ бо Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоири тоҷики муқими Қирғизистон.

-Чӣ кор мекунӣ?

-Зиндагӣ мекунам.

-Зиндагӣ кардан аз назари Сиёвуш чист?

-Иҷоза бидеҳ ду байт аз як ғазали куҳнаамро бихонам:
Туро бидидану мурдан, ва ё надидану мурдан
Аз ин ду ҷабр надонам чи ихтиёр кунам.
Чу Зиндагӣ ҳама аз хоки роҳ бе Ту гузашт
Ба Марг дӯст шавам, хокро канор кунам.


Албатта медонӣ, ки тавони онро надорам, ки посухи ин пурсишатро бигӯям. Агар ҳам бигӯям, ҳатман туро ва худамро қонеъ нахоҳам кард. Чи ҷойи ҳақир, ки дар ҳама давру замон бузургтарин фарзандони Одам ин саволро бар худ дода ва дар ҷавоби он дармондаанд. Ман ошиқи ин шеъри ноби Фурӯғ ҳастам, ки нигоҳе мудерн дар шеъри форсӣ ба Зиндагӣ ва талоше барои посухи ин пурсиши абадӣ мебошад:

Зиндагӣ шояд
Як хиёбони дарозест, ки ҳар рӯз зане бо занбиле аз он мегузарад.
Зиндагӣ шояд убури гиҷи раҳгузаре бошад,
Ки кулоҳ аз сар бармедорад ва ба раҳгузари дигар мегӯяд:
"Субҳ ба хайр".
Зиндагӣ шояд
Ресмонест, марде бо он худро аз шоха меовезад.
Зиндагӣ шояд
Тифлест, ки аз мадраса бармегардад…

Мутаассифона ин пасоманзарҳо, ки Фурӯғ дар замони худ ва дар кишвари худ медид ва барои мо, хонандагони ошиқи ӯ дар Тоҷикистони Шӯравӣ ғариб менамуд, ҳоло як воқеияти оддӣ дар рӯзгори мо шуда аст. Ҳоло аз чашмонат мехонам, ки аз ҷавобам қонеъ нестӣ.
Хуб, мушаххастар бигӯям, имрӯз ман зиндагиро як имтиҳон мешиносам. Мо мусулмонон аз кудакӣ пайваста мешунавем, ки зиндагӣ имтиҳоне пеши Худованд аст. Ман ҳам бисёр аз ин насиҳатҳо шунидаам. Аммо мутаассифона дарки он дер бароям даст дод. Имрӯз, ки синнам ба ҷойе расида аст, ин ҳақиқатро бо ҳар зарраи баданам ва дар ҳар лаҳзаи буданам эњсос мекунам.

-Ҳоло, ки ин имтиҳонро бо ҳар зарраи бадан ва дар ҳар лаҳзаи будан эҳсос мекунӣ, метавонӣ гуфтан, ки то чи ҳад омодаи ҷавоб додан ба суолҳои имтиҳон ҳастӣ ва тавони бо сарбаландӣ берун омадан аз онро дорӣ? Оё чи роҳкорҳое барои ин дар назар гирифтаед?

-Ҳазрати Бедил мефармояд:
Зиндагонӣ нашъаи ваҳмаш расост,
То намемирӣ, намойи ба худ!


Дар ин байт вожаи "нашъа" ба ҳар ду маъност, ҳам ба маънои ҳамон лаззат ва ҳол ва ҳам ба маънои ҳамон нашъа ё "наша", ки мутаассифона аз забони мо форсигӯён қариб ба тамоми забонҳои маъмули ҷаҳон интиқол ёфта аст.

-Яъне ҳамон маводи мухаддир?

-Оре, ҳамон маводи мухаддир. Аммо ин нашъаи ваҳми зиндагонӣ (яъне тасаввури мо аз зиндагӣ) он қадар расо ва қавӣ аст, ки инсон то ҳангоми мурдан наметавонад аз қайди он берун ояд. Бедил, то ҷойе медонем, он қадар дар пайи дарёфти ҳақиқати зиндагӣ таҳқиқу ҷустуҷӯ карда, ки кучактарин фурсатҳои лаззат аз зиндагиро барои худ ҳаром карда ва сахттарин ва сангинтарин машаққатҳои сайру сулуки ирфониро дар ҷону руҳу бадани худ таҷруба карда аст ва наметавонист, танҳо хушиҳо ва дилбастагиҳои зиндагиро монеъ аз дарки Ҳақ бидонад.
Намедонам дар чи ҳад қобили ташбеҳ бошад, аммо устод Лоиқ ҳам байте мушобеҳ дорад:

Одамӣ андар заволи умр мефаҳмида аст –
Зиндагӣ бар осмон як чашми ҳайрат буда аст.


Ин шоҳбайтҳоро бар саволи ту татбиқ бидиҳем, ман чун ҳар инсони дигар он қадар гирифтори рӯзгор, дар банди ваҳми зиндагӣ ҳастам, ки аз ҳич гуна сарбаландӣ дар имтиҳон наметавон ҳатто ҳадс зад. Баръакс бисёр шармандаву мунфаъилу хиҷил ҳастам пеши Устоди Азал. Роҳкор мегӯйӣ… Оҳ, агар роҳкоре мебуд дар ин кор! Ин мушкил ҳич роҳкоре надорад ба ғайр аз раҳмати бепоён ва бениҳояти Худованд.

Чи сон ба ғусса набошем шоду шукр нагӯйем,
На имтиҳони туро айни раҳматат нашиносем?
Ба рӯйи Туст ҳама рӯйи мо в-агар Ту бигардӣ,
Аз он қабила найем, ин ки қиблатат нашиносем.
Шунидаем, ба дилҳои мо нахоҳӣ бахшуд,
Ту ин бигӯй ҳар он гаҳ, ки одатат нашиносем!
Агар гуноҳ ба қадри каромати Ту накардем,
Чи рӯсиёҳ ғуломем - ҳимматат нашиносем!


-Насли мову Шумо, яъне онҳое, ки бистсолагияшон ба охирин бистсолаи асри бист рост омада бо чунон буҳрони шадиде рӯ ба рӯ шуданд, ки хеле аз онҳо то ҳол ба худ наёмадаанд ва хелеи дигар қурбонӣ шуданд. Ба назар мерасад нашъи зиндагии аксарашон олуда ба яъсу навмедӣ шуд ва шонаҳои наҷибтарин орзӯву арзишҳояшон шикаст. Мехостам содиќона бигӯӣ, ки Сиёвуши шаҳрванд дар кадом гурӯҳе аз инҳосту Сиёвуши шоир бештар бо кадом аз ин гурӯҳи насли худ?

-Ҷавобатро содиқона мегӯям, зеро суолат самимона аст. Иддаъо намекунам, аммо мавзеъи шаҳрвандии ман бо он чи менависам фарқе надорад. Ва низ дурӯғ намешавад, агар бигӯям, ки ман аз он гурӯҳи насли худ ҳастам, ки қурбон шуданд. Ман дар он ҷанг азизон, пайвандон, хешу табори зиёдамро аз даст додаам. Он қадр зиёд, ки агар қарор бошад барои ҳар яке аз онҳо мотам бигирам ва азояшонро нола кунам ва хайру худоишонро бидиҳам, ду-се умри дигар лозим дорам. Ман дар воқеъ ҳамон вақт, ба таъбири Чехов, бо ҳар яке аз он шаҳидон мурдаам. Аз қавли устод Симини Беҳбаҳонӣ: "Ман ӯ наям, ӯ мурдаву ман сояи ӯям". Ин ҳам ки зиндаам, боз ҳам барои хотири азизоне ҳаст, ки ба будани ман ниёз доранд.

-Оё он чи кору талоше бозмондаҳои насли мо барои бузургдошти азизони аз дастрафта ё ҳамон қурбоншуда анҷом додаанд, арзандаи хотироти он азизон ҳаст? Аслан, оё дар ин росто коре анҷом гирифта?


-На! Ҳаргиз! Ҳамин чанд рӯз пеш бо хоҳиши Барзуи азиз ба зиёрати қабри Чингиз Айтматов рафтем. Қабри ин бузургмард дар маконест, ки мақомот ва рушанфикрони қирғиз ҳанӯз дар айёми зинда будани Айтматов ҳамчун қабристони бузургон, ё ҳамон пантеоне, ки урупойиҳо аз қадим доштаанд, сохтанд. Ба ёдгори қурбониёни табъидоти солҳои сиюми асри бист сохтаанд. Ин маҳаллест, ки он солҳо «чекистҳо» беш аз 137 нафарро пинҳонӣ тирборон ва дар як ҷо зери хок карданд. Ҳоло наъши гули сари сабади рушанфикрони қирғизро дар ҳамин ҷо ба хок месупоранд. Барзу дар он ҷо бисёр бо дарду алам гуфт, ки аз кишварҳои шӯравии собиқ танҳо дар Тоҷикистон аст, ки чунин як ёдгорие барои қурбониёни он солҳо надорад. Чи ҷои он солҳо, ки ҳатто барои шаҳидони ҷанги дирӯзиро надорем. Ҳақ бо Барзу аст. Мо ҳич кори сазоворе дар ин росто анҷом надодаем ва баъид аст, ки ҳам анҷом диҳем. Албатта наметавон корҳои шоистаи баъзе рӯзноманигорон ва адибонро дар мактуб кардани он ҳодисаҳо (ин оғоз ва ҳадди аққали корест, ки бояд дар росто анҷом шавад) нодида гирифт. Ба хусус рӯзноманигорон, ки ба далели вижагии корашон камтар ба эҳсосот дода мешаванд ва пойбанди воқеъият мемонанд. Ин, ки дер оғоз карданд делелҳо дорад, ки бар касе пӯшида нест. Нахустин касе, ки ин корро дар доғии он анҷом дод, ва бо имконот ва манобеъе, ки дар ихтиёр дошт, хеле ҳам ҳирфаӣ анҷом дод, ҳамшаҳрамон Олег Панфилов буд. Китоби ӯ «Таджикистан: журналисты на гражданской войне» ба назарам нахустин чизи ҷомеъ дар ин мавзӯъ буд. Худобиёмурз Сайдари Раҳим маводи зиёде ҷамъоварӣ карда буд, ки мутаассифона аҷал имкон надод онҳоро мураттаб ва мунташир намояд.

Ҳоло Худоро шукр корҳои ҷолиби зиёде анҷом мешавад, ки боз ҳам бародарон ва хоҳарони рӯзноманигор пешгом ҳастанд. Ман берун аз Ватан то он ҷо, ки ба матбуъоти интернетӣ дастрасӣ дорам, ин қадар медонам. Шояд дар дохил корҳое мешавад, ки ман хабар надорам. Мешунавам, ки ниҳодҳои махсусе ҳам ташкил шуда, ки бозтоби он ҷангро ҳадафи худ қарор додаанд. Аммо инки то куҷо муваффақ хоҳанд шуд, аз андозаи садоқат ва хулуси онҳо вобаста аст. Аз Худо мехоҳам, ки ғаразҳои худро канор бигзоранд ва бархӯрди бе тарафонаро пеш гиранд, зеро арвоҳи он шаҳидон бар мову шумо билахира қазоват хоҳанд кард.

-Ҳоло аз зовия дигар ба ҳамин пурсиш бингарем, оё Сиёвуши шоир ҷойгоҳи шоирону нависандагони тоҷикро дар тасвиру гиромидошти он ҳаводис чи гуна мебинад? Фикр намекунӣ, ки Чингиз Айтматовро барои он бузург медоранд, ки ҳамроҳи мардумаш буд, на маддоҳи ҳукуматдорон. Ба истилоҳи дигар худро мадюни халқаш медонист ва аз ин рӯ ҳеч биме аз он мансабдороне надошт, ки худро на ходими мардум, балки махдуми мардум медонанд. Умуман, мехоҳам назаратро дар мавриди суханвар ва ҷойгоҳи сухан ё ҳамон шеъру наср бидонам.

-Суолот каме сангин аст. Анбошта аст. Кӯшиш мекунам чавобатро бигӯям. Шурӯъ бикунем аз бузургдошти Чингиз Айтматов. Воқеият ин аст, ки дар рӯзгори Айтматов низ ҳама чиз чунин ҳамвору хуб набуда аст. Буда марҳилаҳое, ки ӯ низ дар Ватани худ таҳти фишор ва бӯҳтонҳои сангин қарор дошт. Зимнан, падари ӯ Тореқул Айтматов низ дар солҳои табъидоти сталинӣ қатл шуда аст, ки бар аксарият маълум аст ва ӯ чун писари "хоини Ватан" аз "шаҳд" – ҳои он рӯзгор чашида аст. Аммо воқеан ҳарфат дуруст аст ва зиндагӣ ва сарнавишти эҷодии шахсиятҳои аз бисёр ҷиҳат ба ҳам наздик мисли Чингиз Айтматов, Олҷас Сулаймонов, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиро метавон бо ҳам қиёс карда хулоса ва натиҷаҳое гирифт. Зиндагии инҳо бо ҳам бисёр фарк мекунанд. Албатта саргузашти ҳич як аз инсонҳо такрори якдигар нест. Манзури ман чизи дигарест. Инҳо, ки номбар кардем дар шароити яксони замони шӯравӣ ба сар бурдаанд ва зиндагии ононро бо якдигар муқойиса кардан ҷойиз аст. Суоле, ки ҳамеша маро машғул медорад ин аст, ки чаро аз назари шӯҳрат ва маҳбубияти иҷтимоъӣ, таблиғи осор дар арсаи байналмилалӣ, билахира зиндагии иҷтимоъӣ, масалан Айтматов бар Қаноат ва Олҷас Сулаймонов ба Лоиқ Шералӣ муваффақтар будаанд? Оё ишқу муҳаббати мо ба устодонамон камтар аз ишқу муҳаббати қирғизҳо ба Айтматов ва қазоқҳо ба Сулаймонов буда аст? Ин суолҳо ҷавоб мехоҳанд ва он ҷавоб бояд бар асоси таҳқиқоти ҳирфаии давраҳои зиндагӣ ва эҷодиёти ин адибон сурат гирад. Аммо як нуктаи бисёр муҳим бояд ногуфта намонад. Чи дар замони шӯравӣ ва чи тайи бист соли истиқлоли кишварҳо, бисёре аз ҳамтоёни адибони мо дар кишварҳои ҳамсоя аз бартариҳои нисбатан зиёди иҷтимоъӣ бархӯрдор буданд. Танҳо бо мисоли Айтматов ва Сулаймонов иктифо мекунам: Айтматов то поёнии умраш ва Сулаймонов то ба имрӯз дар мақомҳои бисёр муҳими давлатӣ то ҳади сафорат дар кишварҳои калидии ҷаҳон фаъолият кардаанд. Онҳо ҳамеша аз таваҷҷӯҳи давлатҳо ва шахсан руасои ҷумҳури кишварҳояшон баҳравар будаанд. Албатта ин таваҷҷӯҳ ва сарпарастии дуҷониба будааст, ин устодон низ зимни фаъолият дар мақомҳои давлатӣ барои мардум ва кишварҳои худ бисёр корҳои шоистаеро анҷом додаанд. Дар ин қиёс мо ҳатто фикр намекунем, ки дар симои устодон Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор аз чи нирӯҳои бонуфуз ва тавоное даст кашидем! Барои қиёси шояд ноқис узр мехоҳам, аммо чаро Пӯлод Булбулоғлӣ метвонад дар мақоми сафири Озарбойҷон дар Русия ва дабири кули созмони байналмиллии Турксой фаъолият намояд, аммо Ҷӯрабек Муродов, бо тавачҷҷӯҳ ба он дипломатияи модарзодӣ ва маҳбубияте, ки дар байни мардуми Ӯзбакистон дорад, сафири Тоҷикистон дар он кишвар наметавонад бошад? Ман муътақидам ва ҳич шаке надорам, ки устод Гулрухсор дар мақоми як сафир дар калидитарин кишварҳои сайёра аз Русия то Амрико, хеле бештар барои Тоҷикистон нафъ меовард ва ҳузури дипломатии Ҷӯрабек Муродов дар Тошканд бисёре аз мушкилоти байни ин ду кишварро, ки ҳоло вуҷуд дорад, бартараф мекард. Шояд пургӯӣ кардам, аммо тақсири худат буд, Зафар, саволат дар воқеъ аз чанд савол иборат аст. Ҳоло бахши дигари саволатро ба ёдам биёр.

-Ҷойгоҳи шоирону нависандагони тоҷикро дар тасвиру гиромидошти он ҳаводис чи гуна мебинӣ?

-Ман ростӣ дар ин бора мутолиъа ва мулоҳизаи махсус накардаам, ҳарчанд бисёр фикр кардам дар ин бора. Вале то он ҷо, ки медонам, кори муҳиме дар ин росто ҳанӯз накардаанд адибон. Аз машҳуртарин маворидаш, ки пайваста сари забонҳо будааст ёд биёрем. Ҳоло мо дар даст осори Бозор Собирро дорем, ки таври маълум замоне дар як тарафи сангар ва замони дигар дар дигар тарафи сангари ин ихтилоф ва рӯёрӯӣ қарор дошта аст.

-Агар мешавад дар ин бора як каме муфассалтар мегуфтӣ, зеро имрӯз дар бораи Бозор Собир ва он навиштаҳову тағйири мавзеъ карданҳояш ҳарфу ҳиҷои зиёде дар ҷомеаи тоҷикон ба вуҷуд омада.

-Осори устодро албатта наметавон ба унвони бархурд ва бардошти воқеии як эҷодкор бар он ва аз он ҳаводис донист. Ин як вокуниши бисёр маҳрамона ва хусусии як шоири ҳассос ба воқеъоте бисёр фаҷеъ мебошад. Ин дар воқеъ як падидаест, ки таҳлили ҷиддии ҳирфаӣ мехоҳад. Феълан, сарфи назар аз теъдоди зиёди "дӯстон” ва "душманони" устод, ман касеро суроғ надорам, ки по бар рӯйи ҳарчи аз эҳсос бигзорад ва ин падидаи хориқ-ул-одда аҷибро таҳқиқ ва таҳлил намояд ва ба ҷое бирасад. Шояд дар оянда касе ин корро анҷом диҳад. Нуктаи ҷолиби дигар дар ин қазияи ин аст, ки он ҳанӯз идома дорад ва мо шоҳид ҳастем. Албатта ман ҳоло тарафи ахлоқии ин қазияро ба миён намекашам, ки оё устод дар чи ҳад ҳақ дорад дар ин мавзӯъ муомила (манзурам сирфан муомилаи эҷодӣ ва шоиронаи як шоир бо хонандагонаш аст) кунад ва ин ҳаду сарҳадшиносӣ (таъбири устод Бозор) дар куҷо ба поён мерасад ва ҳарими хусусии хонада дар куҷо оғоз мегардад. Дар куҷо бояд барои хонанда он эҳтиром ва метавон гуфт ҳурматро қоил шуд ва эҳсосоти хусусии худро бар ӯ тахмил накард.

Баъдаш ашъори ноби устод Лоиқро дорем. Устод Лоиқ дар ин росто талоши зиёдеро ба харҷ дода аст, ки китоби "Фарёди бефарёдрас" ба назарам хулосаи он аст. Ин ҷо бо мушкили дигар рӯ ба рӯ мешавем, ки метавон гуфт як мушкили сегонаи адабӣ-сиёсӣ- ичтимоъӣ аст ва ҷавоб мехоҳад. Мушкиле, ки устод Лоиқ барои сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон матраҳ кард ин аст, ки оё имрӯз метавон ҳаде, хатти ҷудойие дар байни Хайр ва Шарр бигзошт? Оё метавон гуфт, ки ин падидаест билкул шарр ва аз ӯ бояд парҳез кард ва ин падидаест, билкулл хайр ва метавон бар ӯ эътимод кард? Ва ин парҳез ва ин эътимод моро ба куҷо мебарад? Лоиқ талош кард, ки посухи ин пурсишро бо вуҷуди шахсии худ дарёфт кунад, дар худ эҳсос ва таҷруба кунад ва натиҷаашро барои мо, хонандагонаш ироа кунад. Устод Лоиқ, бар хилофи устод Бозор, аз оғози ин даргирӣ то ба охир талош кард, ки дар як мавзеъ ва як мавқеъият воистад ва аз ҳамон мавзеъ ва ҳамон мавкеъият ҳарфашро бигуяд. Ман ин мавзеъро барои худам номидам "хулус" аз калима ва ибораҳои дигар сарфи назар кардам. Лоиқ талош кард, ки аз мавзеъи хулус ҳар ду тарафро қазоват кунад. Ман намедонам, ки муваффақ шуд ё хайр. Ин ҳам суоле бисёр ҷиддӣ ва муҳим аст, ки ниёз ба таҳқиқ ва таҳлили ҷиддӣ ва ҳирфаӣ дорад. Мушкили саввум, ки устод Лоиқ дар матни он ҳаводис матраҳ кард, ҷанбаи иҷтимоъӣ дорад. Ин дигар ғамноктарин ва пурдардтарин суолест, ки устод ба мо дод. Устод Лоиқ ин пурсишро матраҳ кард, аммо дар шунидани посухи он ба касе, ҳад надод. Лоиқ дунёро тарк кард. Дар он сине, ки боист мезисту мезист. Дар он сине, ки тоза бояд дарёфтҳо ва кашфиётҳои адабиашро барои мо ироа мекард. Дар он сине, ки марҳалаи муҳими эҷодии як инсони эҷодкор, чи аз назари маънавӣ ва чи аз лиҳози биологи ва ҷисмонӣ мебошад. Ин як ҳукме дигар барои онҳое аст, ки давру бараш буданд ва ҳади аксари истифодаро аз ӯ мекарданд. Чи аз дӯстонаш чи аз бадхоҳонаш. Шумо натавонистед, ҷанобон, натавонистед! Ӯ набояд ба ин осонӣ аз мо мерафт. Нигоҳаш надоштед, зеро ниёзе ба ӯ надоштед...

Баъдаш ҳам устодон Қаноат ва Гулрухсорро дорем. Достонҳои он яке ва шеърҳои ин якеро дар даст дорем, ки ҳар якеро метавон ба унвони ҳуҷҷат, санад ва ҳатто катби протоколии он ҳаводис шинохт. Шукран, ки инҳо ҳанӯз барои хонандае мухлис чун ман маҷоли қазоват намедиҳанд ва худ ҳарфҳои дили худро мегӯянд. Албатта, бояд бигӯям, ки ин ҳама назароти шахсии ман аст, ва бархоста аз он маводе аст, ки то имрӯз дар дастрас доштаам. Ҳатман чизҳои зиёде дар ин росто вуҷуд дорад, ки ман бехабар ҳастам. Масалан ман ахиран як мақолаи бисёр ҷолибе аз шоир ва муҳаққиқи ҷавон Беҳрӯзи Забеҳулло хондам. Ӯ ашъори шоири тавоно ва равоншод Ашӯр Сафрро дар мавзӯъи ҷанги Тоҷикистон таҳлил карда аст. Матлаби ҷолибест. Аммо ман мутаассифона ба ашъори шоирони дигар дастрасӣ надорам ва ҳақ надорам қазоват кунам.

(идома дорад)
Мӯҳр
Зихи Сиёвуши азиз! Мадду чазри ходисот аз синаи пурдардат гузашта ки ин кадр самимиву рушангароёнаву бодард навиштаи. Аз дил ки навиштаи бар дили мо хам нишаст. Чанд андешаи ман: Китоби охири Каноат нишон медихад ки ин шоир ба як зодгохи кучак мехохад фахр кунад ва ба асотиру хазён хам ру меорад. Бозор вобаста ба нияташ ки софу беолоиш набудааст дар поёни умр рохе рафт ки бадноми таърихаш месозад. Умедворам ки баргардад ва миёни мардум ояд. Гулрухсор хануз хамон мардест ки буд. Дусташ медорам!

ҳақ дорӣ бачам, қазоват бикун,ҳоло ҳама ҳақ доранд, демонкратия - мардуссавори дар авҷ...

Комрон
Сиёвуш-шоири-хакикатнигор-аст-достони"Ха
ммосаи дод"-и-устод Каноат-достони-бузургтарин-чанги-точиккуш то имруз-хаст.Ба он бародари беакли бесавод гуфтаниям-ки чун cавод- надори ростро кач мебини.Китоби-насрии устод-Каноат-бехтарин-асарии-насрии-23-соли-

Бисёр афсус мехурам,ки аз ашъори устоди зиндаёд миллатам кам огаҳӣ доранд.Дар он солҳои шадид у низ кӯшиш мекард бо силоҳ(қалам)и хеш душманро забун созад аммо "тир"ҳои он силоҳ ба "нишон" намерасид!!!Яке аз охирин гуфтаҳои устод:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Кӣ кард ҷафо бешу,кӣ овард бало пеш,
Бо ченаки таърих ваҷаб мешуда бошад?.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)