Бахшҳо
02 ноя 2013 10:47Тоҷикистон / Акс / Видео

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Ҳазорон нафар аз ҷавонони кишвар субҳи 2 ноябр таҳти шиори “Президенти ман” ба кӯчаву хиёбонҳои вилояти Суғд ва Бадахшон баромаданд.

Дар дасти ин ҷавонону наврасони тоҷик акси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, парчам ва шиорҳое зери унвони “Президенти ман” дида мешавад. Иштирокдорони ин роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон баъд аз марши “Президенти ман” ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд ба хотири иштирок дар барномаи консерите ворид шудаанд, ки шумораи онҳо зиёда аз 25 ҳазор мебошад.



Инчунин, ин гуна марш ё худ роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон низ баргузор шуд. Интизор меравад, марши “Президенти ман” рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Душанбе низ барпо гардад.

“Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ахиран аз иҷрои иқдоми умумиҷумҳуриявиеро таҳти унвони “Президенти ман!” аз сӯи он хабар дода буд. Ин созмон гуфт, дар доираи ин иқдом роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт: “Беш аз 100 ҳазор ҷавонон ба хотири ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, дар интихоботи 6 ноябр ба кӯчаҳо мебароянд.”

Ин ҷиноҳи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, гуфта буд, ҷавононро ба марши "Президенти ман" тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ даъват хоҳад кард ва иштирок дар он озод мебошад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз иштирокдорон дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, онҳо намедонистанд, дар кӯчаҳо иштирокчии роҳпаймоӣ мешаванд: "Ба мо гуфтанд, ки Шумо бояд дар барномаи консертие иштирок кунед."

Инчунин, яке иштирокдорони дигари ин роҳпаймоӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, онҳо ба таври иҷборӣ аз сӯи масъулини донишгоҳу макотиби миёна ба кучаҳо баромадаанд, то дар марши мазкур ширкат варзанд: "Моро "ҳушдор" низ доданд, ки агар иштирок накунед, натиҷаи имтиҳонҳоятон манфӣ хоҳад шуд." Бояд гуфт, иштирокдорони марши "Президентӣ ман", ки имрӯз 2 ноябр ва дар рӯзи дарсӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид, аслан донишҷӯён ва донишомӯзон макотиби миёнаи ин вилоят буданд ва ҳатто онҳо дар бархе аз шиорҳои худ, ки дар даст доштанд, номи таълимгоҳи хешро зикр кардаанд.

Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз тарафи Иттиҳоди неруҳҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи 6 ноябр, ки аз идомаи рақобат дар ин корзор маҳрум гардид, мегӯяд, "ташкили ингуна роҳпаймоӣ бо иштироки ҳазорон донишомӯз ва донишҷӯ ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аслан зарурат надошт." Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳоло Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии қарибулвуқуи Тоҷикистон бидуни рақиби ҷиддӣ ва "воқеӣ" вориди сабқат мешавад.


Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова
Мӯҳр
Чавон
Бале, ба кучахо мебароем. Вале бо дигар шиорхо.

И чавонон баъд аз як-ду соли дигар бар катори хазорхо имегрантхои точик медароянд ва баъд ки будани чаноба медонад!!!!!!!!!!

АГАР ЧИ МАЧБУРИ ИН МАКТАББАЧАГОНУ ДОНИШЧУЁНРО БАРОИ ТАРАФДОРИИ ЧАНОБИ РАХМОНОВ БА ИН РОХПАЙМОИ БАРОВАРДА БОШАНД ЛЕКИН БОЯД ДОНАНД КИ МИЛЛИОНХО ШАХРВАНДОНИ ТОЧИКИСТОН ИНРО НАМЕХОХАНД
АГАР ИЧОЗАТ МЕДОДАНД РОХПАЙМОИИ МУХОЛИФИНРО ЯЪНЕ ШАХСОНЕ КИ РАХМОНОВРО НАМЕХОХАНД КИ ПРЕЗИДЕНТ ШАВАД ПАЧОХ МАРОТИБА ЗИЁД ЧАЪМ МЕШУД

Чаноби Икс
Фууууууууууу angry angry ....Бечорахоро мачбур бо ваъдаи бахои хубу бо "допуск" ба имтихон,ба ин хел чойхо мебаранд.Ин аз сари ман гузаштаги!! Нарафта будам барои байракчабардори барои пешвози "чо"-ашон!!! шуморо бозича кардаанд!!
Э чавонхои хоболуд,чаро якбор барои кабули конунхои парлумон, ва дигар икдомхои хукумат рохпаймои намекунед???? То кай бозичаи ин муаллмиони порахури шикамкалон мешавед????
Ин кадар чумо нашавед!!!!!!!!!! БАС КУНЕД!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
ИФтихор кардан гиред бо пешвоатон, перзиденти "арзанда"-атон!!!!!!

Чавон
Дилам бехузур мешавад аз ин сохтакорихо. Дар асл ягон нафари ин чавонакхо, ба гайр аз намояндагони НДПТ, аз хукумат ва президенти феъли рози нестанд. Онхоро аз дарс гирифта ба маршировкаи сохтакорона мебаранд.

Бобои Файз
Якдилона овоз медихем, ки
7 соли дигар дар замистон бебарк мешинем,
7 соли дигар мурдахои точикора пешвоз мегирем
7 соли дигар дур ай зану кудакомон дар гариби мегардем
7 соли дигар рахои бокимондарахам пулдода мегузарем
7 соли дига да телевизор чехраи як каса тамошо мекнем
7 соли дига хами вазирои пири фартута гуш када мешинем
7 соли дига хами мактабу донишгохда бесавод мегардем
Карочи 7 соли дига банди гуломира дар гарлдан мебандем

Э,кандатона занед.Хамаш нагзу,вай сурати Президента аз хотир баровардетонку, а бача бура бугир ура.

аҳтам
зомбигарӣ аз ин зиед намешавад, ҳукумат аз ҳад гузаронди...

Донишчу
Касам ба номи Аллох, хамаи мо донишчуёни як донишгохро мачбур намуданд ки пагох аз сахар дар ипподром шавем, кош мо бо хости худ ончо биравем.... Номи худ ва донишгохро намегуям, чун камбагале хастаму агар аз инчо хоричам созанд умуман дигар имкони омузиш нахохам дошт...Бовари дорам ягон нафар хамсабаки ман бо хохиши худ ончо намеравад!!!!

абос
боз як шармандаги…

шахрванд
Бале! Эмомали Рахмон Президенти ман!

Умед
Агар ба мухолифони хукумат ичозат медоданд, 500 хазор ба кучахо мебаромаданд.

Мехостам фахмам ки ба инхо чанд суми додабошанд ?? Е аз тарафи мактаб мачбури ба берун баровардан.

Tojik
Janob tarafdoroni ziyod doshtast

tajik bacha
Кто мы таджики? Мы тот народ,70 % которого официально считаются бедными, но мы ездим на самих дорогих иномарок. Мы те которые способные жить на всех условиях и говорить всем, что все отлично. Мы те которые строим Россию. Одеваемся у самых брендовых фирм мира. Едим самую дорогую пищу. Ходим с телефонами последних марок. Говорим на любом языке. Наши водители маршруток обгонят даже и Шумахера. Нам не нужны автобусы и тролейбусы. У нас есть газ, нефть, золото, рубин, лаьли Бадахшон, алюмин, Уран и многое другое, но мы бережно храним их под землей, для наших потомств. Мы тот народ у которых есть огромная история и поэзия и такие учёные как Рудаки ,Сино Омар Хайём, А.Беруни Фирдоуси и многие другие..У нас самая большая чайхана, флаг, герб и библиотека. Мы хозяева таджикского моря, окно на мир на нашей земле и самая высокая гора "крыша мира" находятся у нас. Наши девушки самые красивые а парни самые сильные. Это наши повора готовят самый вкусный плов. Это у нас самые красивые и вкусные лепешки. Только наши мужики имеют 40 способностей. Это наши женщины родят по 3 детей как минимум. Только у нас есть 4 времени года. И мы читаем 5 раз намаз. Мы это мы ТАДЖИКИ,,,.И самое главное с нами БОГ и наш уважаемый президнт ЭМОМАЛИ РАХМОН …..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)