Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:57

ВКД мегӯяд, Умедҷон Тоҷиев мехост, аз боздошт фирор кунад

4 ноябр 2013, 08:07

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба қазияи Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки худро аз ошёнаи сеюми бинои Идораи пулиси Исфара ба зер афкандааст, вокуниш нишон дод. Ин ниҳод бо нашри хабаре дар торнамои расмияш гуфт, ҳоло аз тарафи Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, дар Идораи пулиси Исфара санҷиши хидматӣ таъин шудааст.

Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, рӯзи 30 октябри соли ҷорӣ аз сӯи мақомот боздошт ва ба Шӯъбаи умури дохилӣ оварда мешавад. Вазорат мегӯяд, оқои Тоҷиев барои итоат накардан ба амри пулис дастгир ва бо қарори додгоҳ барои даҳ рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Манбаъ меафзояд, “рӯзи 2 ноябр нисбат ба Умедҷон Тоҷиев дар асоси нишондоди пеш дастгир ва ҳабсшудагон Иброҳимов З., ва Шодиев Ғ., инчунин иқрори худи ӯ, аз тарафи Додситонии шаҳри Исфара парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 187, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ташкили иттиҳоди ҷиноӣ оғоз карда шуд. Баъд аз анҷоми пурсиш Тоҷиев бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардошта, барои ёрии таъҷилии тиббӣ расонидан, аз тарафи кормандони милиса ба беморхона оварда карда мешавад.”

Дар ҳамин ҳол, Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев, мегӯяд, ҳоло нафари таҳти ҳимояташ дар шӯъбаи эҳёгарист. Ба қавли ӯ, “то ҳол аз ҷониби масъулон бобати ҳодисаи рухдода пурсида нашудааст. Аз қавли духтурон, ӯ ба худ омадааст, вале боз доруи мадҳушкунанда додаанд, то асабаш ором гирад. Баъд аз пурсиш ваъда карданд, ки ба модараш нишон медиҳанд. Муҳим он аст, ки Умедҷон зинда аст ва дар оянда худаш ҳодисаи рухдодаро нақл хоҳад кард.”

Хонум Воҳидова афзуд, нафари таҳти ҳимояти ӯро аз боздошт раҳо нахоҳанд кард, чун нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст. “Хеле шубҳаовар аст, ки рӯзҳои охир ҳамаи аъзои ҲНИТ "авбош" мешаванд ва ин алакай қарори севуми додгоҳи Исфара нисбат ба узви ҲНИТ аст”. 8 октябр, дар рӯзи Иди Қурбон, додгоҳи шаҳри Исфара Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломиро ҳам ба ҷурми “майдаавбошӣ” ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард, вале бо дахолати додситонии вилояти Суғд ин қарор бекор шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 4 ноябр 2013 08:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин ВКД-и мо мисли кудак андеша мекунад. Хато худи хамон Рамазон Рахимов хам. О бародарон о кадом инсони сохибакл бо максади фирор кардан худро аз 3 ошёна ба замин меафканад? Ба хотир оред хамон дохил намудани шахси дуюм ё гунахгори асоси аз чониби ВАЗИР ба парвандаи писари Хукумов низ ба хамин монанд буд. Хайр акнун маълум аст, ки инхо барои ин корашон муаззаф хастанд, вале тааччубовар онаст, ки чигуна дар хамин дунёи пураз фиребу найранг, ки дили онро феълан "Точикистон" номтурдан ба маврид аст, ягон бахонаи пайдо нашуд, ки ВКД инкадар содалавхона вокуниш нишон медихад?
Посух додан
  • Милиса

  • 4 ноябр 2013 09:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Милисаи мо ба мисли нафароне ки дар артиш хидмат мекунанд гап мезанад, вакте як нафарро дар артиш латубкуб мекунанд мегуянд худаш афтида ё сарашро ба девор задааст. Ин кушодани чиноят нест, балки рупуш кардани чиноят ва тухмат ба шахрвандон аст. мутаассифона чинояткори дар байни худи имлисахо то рафт аз хад гузашта истода сафи чинояткорон дар байни макомот зиёд шуда истодааст. Худо мардуми бечораи точикро аз дасти ин милисахо начот дихад.
Посух додан
  • Точикбача

  • 4 ноябр 2013 09:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Умедчонро аз тиреза партофтагиян ба фикри ман, Махмудов Шамсулло сардори шуъба ин корро метавонад! Сафарали Сангов аз дуюум ошиёнаи ШКД СИНО-1 ш.Душанбе парида буд ... ба гуфти макомон. хамон замон хам сардори шуъба Махмудов буд дар СИНО-1, холо хам сардори ШКД н.Исфара Мухмудов мебошад ... боки худ казоват кунед ...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!