Бахшҳо

Маханов -- муттаҳам ба таркондани Душанбе гуфтааст, вакил надорад

Баҳси парвандаи “як гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ” ба раҳбарии Алимурод Маханов, ки ба қавли мақомот қасди таркондани Душанберо доштанд, рӯзи 30 декабр баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора ба “Озодагон” Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Сорбон Каломов, яке аз аъзои ин гуруҳ хабар дод.

ҲАДАФ -- ИНТИХОБОТ?

Оқои Салихов гуфт, ин масъала рӯзи 1 ноябр дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ бо ҳузури Нуралиев -- додраси Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, Зафар Раҳмонов -- намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ, Зафар Назаров -- муфаттиш ва худи боздоштшудаҳо баррасӣ шудааст. Вакили мудофеъ мегӯяд, аз рӯи нақша тафтишоти пешакӣ бояд то 4 ноябр ба поён расида, парванда ҳам ба додгоҳ ирсол мешуд. “Аммо ба далели ин ки тафтишот ҳанӯз ба поён нарасидааст, муфаттиш дархост кард, то мурофиа ду моҳ ба таъхир гузошта шавад”,-афзуд ӯ.

Мавлудҷон Салихов дар идома гуфт, дар сӯҳбате, ки рӯзи 1 ноябр дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ баргузор шуд, Алимурод Маханов, маъруф ба “Устод Муродуллоҳ” ва Сироҷиддин Қараев гуфтаанд, то ҳол бо вакили мудофеъ таъмин нашудаанд.

Алимурод Маханов баъд аз боздошташ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо тарконидани баъзе иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ дар арафаи интихоботи президентӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафареро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.

Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов то замони боздошташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин таркишҳорео анҷом дода, аз ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаи аъзои гуруҳ аз кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви Душанбе ду таппончаи тамғаи Макаров бо тирдон, адабиёти динӣ-ифротӣ, нақшаҳои тарзу усули омода ва таркондани маводҳои тарканда, сару либоси ҷангӣ, ноқилҳои гуногун ва камарбандҳои интиҳорӣ низ ёфт шудааст.
Мӯҳр
Tojik az Dushanbe
Умуман Маханов ва дигар аъзоёни ин гурухро бояд ба муддати на кам аз 35-сол хабс намоянд. Чунки онхо ба оромиву осоиштагии Точикистони азизи мо халал ворид кардани хастанд. Ва дигар Узбакхоро аз вазифахои давлати бояд дур намоянд. дар хамин нохияи Рудаки кадом муассисаи давлати ки рави хама узбакхо дар сари вазифа вале точикони худамон бекорр.!!!

Uzbak
Ba-Tojik az Dushanbe.

Barodar man gumon doram shumo Tojik nested. Shoyad shumo "jugi" boshed. Hamai onho dar Tojikiston tavallud shudand Tojikand va barobarhukukand

tojik
чавоб ба UZBAK
хамин Махановам ба фикрам дар Точикистон тавалуд шудаги, ман на чугиям на узбак балки точики асилам ва ба чунин хиёнаткорон нафрат дорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)