Як шаҳрванди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд бар асари раъду барқ ба ҳалокат расид.
Тавре ба «Озодангон» аз ВКД хабар доданд, Ғайрат Каримови 33- сола, сокини ҷамоати Овчӣ, аснои чаронидани молҳо дар ҳудуди минтақаи «Мирмар»-и ҷамоати Овчӣ аз таъсири раъду барқ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Зимнан, дар ноҳияи Тавилдара навраси 9 – сола: Ҳиматшоҳи Сулаймоншоҳ сокини ҷамоати деҳоти Чилдара, ҳангоми ҳезумчинӣ дар кӯҳи рустои Лайрунак аз беэҳтиётӣ аз баландии 30 - 35 метр меафтад. Дар натиҷа, хонандаи синфи 3-юми мактаби таҳсилоти умумии №21, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. {jathumbnail off}
Мӯҳр