Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:26

Сафари як ҳайати ҲНИТ барои дидани Умедҷон Тоҷиев ба Исфара

4 ноябр 2013, 11:44

Масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ҳизби умдаи мухолиф, як ҳайати худро барои ошноӣ бо вазъи сиҳҳат ва қазияи Умедҷон Тоҷиев ба шаҳри Исфара фиристодааст. Муҳаммадкарими Орзу -- муовин ва Зарафо Раҳмонӣ -- мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ ба ҳайати эъзомшудаи ин ҳизб ба Исфара шомил будаанд.

Умедҷон Тоҷиев, ки узви ҲНИТ аст, рӯзи 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боздошт ва рӯзи 2 ноябр бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст. Мақомот гуфтанд, Умедҷон Тоҷиев аз ошёнаи севуми бинои Шӯъбаи умури дохилии Исфара худро ба зер афканда, ба ин тартиб, мехост аз боздошт фирор кунад. Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, дар торнамои расмии ин ҳизб қазияи Умедҷон Тоҷиевро “сиёсӣ” хондааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як хабари расмӣ гуфта, ки ҳоло нисбат ба Тоҷиев бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ парванда боз шудааст. Умедҷон Тоҷиев соли 2009 низ аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуда, вале ба далели бегуноҳияш озод гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мусалмон

  • 4 ноябр 2013 13:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд бародарои мусальмонои моро дар панохаш нигахбон бошад.
Посух додан
  • Фирдавс

  • 4 ноябр 2013 14:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом озодагон то хатогихои кати кучагию дигар хатогихоро ёфта да сомонатон партофтан аввал хатогихои сомонаи хешро ислох кунед наход, ки Вазорати умуи дохилии Точикистонро Шумо журналистони тачрибадор "Вазоарти умури дохилии Тоҷикистон" нависед айбаст айб!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!