Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Нигарониҳо аз боқӣ мондани тавофуқоти Маскаву Бишкек ба рӯи коғаз

4 ноябр 2013, 11:50

Муҳоҷирони Қирғизистон дар Русия аз баста шудани бозорҳо дар навоҳии Митишӣ ва Строгинои шаҳри Маскав нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, азбаски ин бозорҳо баста шудааст, наметавонанд, қарзҳои гирифтаи хешро боз гардонанд.

Жениш Молдокматов, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Калис” зимни як конфронс гуфтааст, тӯли се моҳ мешавад, баъди ворид шудани тағйирот ба қонуни муҳоҷирати Русия муҳоҷирони қирғиз бо мушкилоти сангин дар ин кишвар рӯбарӯ ҳастанд. Вале ба гуфта ӯ, ҳукумат ва мансабдорони Қирғизистон хомуширо пеша кардаанд.

Пас аз ҳодисаи Бирюлево фаъолияти бозорҳои навоҳии Митишӣ ва Строгинои шаҳри Маскав манъ карда шуд, ки дар онҳо шумораи зиёди муҳоҷирони Қирғизистон машғул ба кор буданд.

Молдокматов мегӯяд, аксари ин тоҷирони қирғиз бо ширкатҳои русӣ шартнома ба имзо расонидаанд, ки дар сурати яктарафа қатъ гардидани он, яке аз ҷонибҳо бояд дуюмиро огоҳ кунад. Аммо ба қавли ӯ, тоҷирони қирғиз аз сабаби масдуд шудани бозорҳои мазкур ин амалро иҷро карда натавонистанд: "Ҳоло дар дасти ин тоҷирон молҳои ба фуруш нарафта боқӣ мондааст ва аз ин рӯ, онҳо наметавонанд, қарзҳои гирифтаи худ аз банкро боз гардонида ба ватан оянд."

Ин чунин Молдокматов мегӯяд, мушкили дигари муҳоҷирони қирғиз ин боло рафтани нархи чиптаи ҳавопаймо мебошад: "Аксари онҳо баъд аз ҳодисаи Бирюлево ҷойҳои кории худро аз даст додаанду мехоҳанд ба ватан оянд, вале ин чиз монеа мешавад."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, миёни ҳукумати Русия ва Қирғизистон дар мавриди поин бурдани нархи чиптаи ҳавопаймо тавофуқномае ба имзо расидааст: “Вале мо натиҷаи ин тавофуқро дар амал ҳеч намебинем.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!