Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Омодагии фурудгоҳи Душанбе ба зимистон ва харидории таҷҳизоти нав

4 ноябр 2013, 11:55

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, вуруди ширкатҳои наву тайёраҳои муосир ба бозори мусофиркашонии Тоҷикистон, фурудгоҳро водор намудааст, ки таҷҳизоти нави хидматрасонӣ харад.

Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе мегӯяд, “бозсозии парки авиатсионӣ, тавлиди тамғаҳои нави ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофиркаш ва боркаш, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ доранд, водор месозад, ки парки мошин ва механизмҳою таҷҳизоти хизматрасон низ ба куллӣ нав карда шавад. Мошин ва механизмҳое, ки тайи солҳои охир харидорӣ мешаванд асосан истеҳсоли кишварҳои Олмон, Италия, Фаронса ва Чин мебошанд. Таҷриба нишон дод, ки мошин ва механизмҳо ба талаботи меъёрҳои байналмилалии муосир ҷавобгу буда, дар истифодабарӣ дастрасанд.”

Шодиев афзуд, ки бо назардошти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон ахиран 2 адад автобуси перронӣ, 2 адад автотранспортёр, ядакҳои майдаи бағоҷкашон, эксковатор ва автогрейдеру мошини боркунандаи калонҳаҷм харидорӣ карда шуд.

Сухангӯи фурудгоҳи Душанбе илова намуд, ки дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳамаи ҳамаи таҷҳизоти махсуси хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо аз санҷиши техникӣ гузаштаанд: “Ҳайати кормандон низ аз санҷиш гузашта барои истифодабарии мошин ва механизмҳои махсус дар давраи тирамоҳу зимистон роҳхат гирифтанд.”



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!